Ҷавони дар риштаи илмҳои дақиқ комёб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 391
Мо дар бораи ҷавоне ҳарф мезанем, ки дар соҳаи худ муваффақ асту шогирдони зиёдеро дар самти илмҳои дақиқ тарбият намуда истодааст.
Аламшо Шарипов зодаи ноҳияи Восеъ буда, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Восеъ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, дар факултети энергетика, аз рӯи ихтисоси низоми автоматикунонии идоракунии маълумотҳо дохил мешавад ва онро сарбаландона хатм мекунад.
Сипас, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омада, дар факултети физика, аз рӯи ихтисоси физикаи умумӣ ба омӯзгорӣ машғул шуд. Ӯ аз кӯдакӣ орзу дошт, ки рӯ ба илмҳои дақиқ биоварад. Аламшоҳ ба мақсадаш расид ва дар ин самт тадқиқотро оғоз намуд.
Фаъолияти кории ӯ аз ассистенти кафедраи физикаи умумӣ, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ оғоз шуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо, саромӯзгори кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ кор кардааст.
24 майи соли 2021 рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Синтез ва хосиятҳои антимонид ва арсениди галлӣ дар ҳолати сахтӣ ва моеъгӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Самариддин Каримович бо муваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ гадидааст.
Ӯ бар ин назар аст, ки бояд ҷавононро барои омӯзиши илмҳои дақиқ ҷалб намоем, зеро ин мушкилӣ хеле ҷиддӣ буда, дар солҳои охир ба ин ихтисосҳо таваҷҷуҳ камтар шудааст. Бояд роҳҳоеро ҷустуҷӯ кунем, ки ҷавон ҳавасманд гардад ва барои рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ диққати ҷиддӣ дода истодааст. Эълон гардидани “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” бозгӯи гуфтаҳои боло мебошанд.
Чунин ибтикорот ба васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нигаронида шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем”.
Аламшо Шарипов аз он меболад, ки дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар тадбирҳои амалӣ андешидааст.
Аламшо ҷавонони мамлакатро даъват ба амал менамояд, ки рӯ ба илмҳои дақиқ оваранд, зеро дар ин роҳ оядаи дурахшоне онҳоро интизор аст.
Ҷ. РУСТАМШОҲ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00