Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ТУРО БУД ПИНДОР НЕК, ЭЙ ШАРАФМАНД!


ТУРО БУД ПИНДОР НЕК, ЭЙ ШАРАФМАНД!



Муҳаррир симои асосии ҳар як расонаи хабарӣ аст. Вай сарвари ҳайати таҳририя буда, барои бо сифати баланд, пурмуҳтаво ба нашр расидани он дар назди муассис ва хонанда масъул мебошад. Ӯ ба раванди истеҳсолот роҳбарӣ мекунад ва фаъолияти кормандонро ҳамоҳанг месозад. Дар маҷмӯъ, сиёсати иттилоотии нашрияи зери роҳбариашро муайян мекунад. Оё ин нашрия инъикосгари беғараз ва машваратчии муфиди хонандагон буда метавонад, ба андешаи хонандагон гӯш медиҳад, баёнгари ҳаёти воқеӣ ва ҳамдарди мардум аст, ин ҳама аз дидгоҳ, ҳунар ва пешкории муҳаррир вобаста мебошад.

Дар баробари донишу малакаи зарурӣ, инчунин таҷрибаи ғании роҳбарӣ, сифатҳои шахсӣ, истеъдоди нависандагӣ, қобилияти муошират бо одамон, идора кардани онҳо ва кор кардан дар шароити сахти фишори вақт барои муҳаррир хеле муҳим аст.

Вақте сухан аз таърифи чунин муҳаррири ислоҳгару ҳидоятгар меравад, бешак, аз устоди сухан, журналисти соҳибмактаб, шодравон Муқим Абдураҳмонов ёд оварда мешавад. Устод тӯли чаҳордаҳ сол сарварии ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», имрӯза «Хатлон»-ро ба уҳда дошт. Муқим Абдураҳмонов устоди чанд насли журналистони баркамоли тоҷик маҳсуб мегардад, ки мактаби хоси таҳрир ва роҳбарӣ ба ҳайати эҷодиро бунёд кардааст.

Солҳои муҳарририи Муқим Абдураҳмонов дар «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ин нашрияи вилоятӣ ҳафтае панҷ маротиба бо теъдоди беш аз 40 ҳазор нусха ба табъ мерасид.

Муҳаррири пухтакор кӯшиш мекард, ки тамоми ҳайати таҳририя ҳам ҳангоми интихоби мавзуъҳо ва ҳам зимни таҳияи онҳо сиёсати ягонаи иттилоотии нашрияро риоя кунанд. Ӯ дар тамоми масъалаҳои ҷамъиятӣ мавқеи ҳаётии равшан дошт, аз саҳифаҳои нашрия оид ба масъалаҳои муҳими ҳалталаб ба хонандагони худ иттилоъ мерасонд, ташаккулдиҳандаи афкори омма буд.

Сарфи назар аз фаъолият дар солҳои шӯравӣ, дар кори мураккаби роҳбарии коллективи истеҳсолӣ ва ҳайати эҷодӣ аз услуби демократии идоракунӣ кор мегирифт. Барои фаъолияти пурсамари журналистон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда, кӯшиш мекард, ки тамоми коллективро ба муҳокимаи масъалаҳои ҳаёти редаксия ҷалб намояд, бо кормандон дар алоҳидагӣ суҳбатҳо анҷом диҳад, онҳоро аз вазъияти кор огоҳ намояд, барояшон маслиҳатҳои касбӣ диҳад ва танқид нисбат ба худашро қабул кунад.

Муҳаррир Муқим Абдураҳмонов ҳанӯз аз оғози фаъолият дар нашрияи вилоятӣ нисбат ба кори худ серталаб буд. Дониши васеъ ва амиқ, ки дошт, дар таҳияи консепсия, шаклгирии мазмун ва ороиши нашрия душворӣ накашид. Қобилияти зуд баҳо додан ба вазъияти тағйирёфта, зуд қабул кардани қарор, ислоҳ кардани нақшаҳо ва ташкили иҷрои қарорро дошт. Гӯш карда тавонистани одамон, ҳаддалимкон матраҳ ва ҳал намудани мушкилоти онҳо аз ҷумлаи хислатҳои наҷиби устод буд. Ҳамчун муҳаррир ҳамеша омодаи муошират ва баррасию дастгирии ташаббусҳову идеяҳои нави эҷодкорон буд, кумаки худро аз ҳеҷ кас дареғ намедошт. Дар айни замон манфиатҳои кормандони зердасташро ҳимоя карда, дар мавқеъ устувор буд. Бо дурандешӣ, тафаккур ва қобилияти фавқулодаи равоншинохтӣ баҳсу мунозираҳои байни эҷодкоронро бартараф мекард ва ҳамзамон онҳоро барои кори самарабахш дар як тим роҳнамоӣ менамуд.

Дар бораи малакаи нодири роҳбарӣ ба коллективи эҷодӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, мактаби сайқали ҳунар, ки устоди равоншод Муқим Абдураҳмонов дошт, инчунин, солҳои фаъолияти пурбораш дар вилояти Хатлон ҷилд-ҷилд китоб навиштан мумкин аст. Худи устод солҳои кор дар шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар)-ро беҳтарин давраи рӯзгор арзёбӣ карда, обу ҳавои водии Вахшро нотакрор ва дӯстони хатлониро дороии бебаҳои худ номидааст. Ҳамкорони собиқ, шогирдон ва пайравони мактаби эҷодии Муқим Абдураҳмонов низ то имрӯз аз даврони фаъолияту ҳамкорӣ, ҳамнишиниҳо ва панду роҳкушоиву роҳнамоиҳои устод
ба некӣ ёдовар мешаванд.

Корномаи устод Абдураҳмонов барои ҳар як эҷодкори ҷавон, ки дар ҷодаи публитсистика гом мебардорад, сабақи муваффақият аст. Устод фаъолияти худро аз кумитаи комсомоли шаҳри Исфара оғоз бахшид ва аз соли 1961 то соли 1967 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ ифои вазифа намуд. Баъдан, дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» («Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш»), корманди кумитаи Ҳизби коммунисти шаҳри Исфара (1992-1993), ёвари раиси иттифоқи матлуботи вилояти Хатлон (1993) ва хабарнигори махсуси нашрияи «Садои мардум» дар вилояти Ленинобод (1993-1999) ва ҳамзамон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи «Шӯълаи умед» – нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кард. Корманди шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон буд.

Аз зиндаёд Муқим Абдураҳмонов як силсила асарҳои бадеиву публитсистӣ – маҷмӯаҳои «Шаҳдрез» (1973), «Ситораи модар» (1975), «Ситораи Вахш» (1982), «Абри сафед» (1985), «Дар кошонаи дилҳо» (1994, дар ҳаммуаллифӣ бо М. Пӯлодзода) ва «Нишони умр» (1996, дар ҳаммуаллифӣ бо М. Пӯлодзода), «Андалебони Маҷнунбед» (1997), «Шаҳобиддин Нуриддинов» (1999), «Чароғи афрӯхта» (2004), «Аз баҳор то хазон» (2018), «Мулоқот» (2020), «Пайроҳаи умед» (2020) мерос мондааст.

Муқим Абдураҳмонов шефтаи касби хеш буд. Ҳамсараш Сабоҳат Сатторова ба ёд меорад, ки вақте шумораи нахустини «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бори аввал дар Душанбе чоп гардид, субҳгоҳ ба Қӯрғонтеппа бо рӯзномаҳои нав чопшуда баргашта, онро чун нони нави аз танӯр канда бӯидаву ба чашмонаш мо-
лида буд.

Муқим Абдураҳмонов ҳамкоронашро ҳамчун узви хонадони худ медонист, аз муваффақиятҳои онон шод мегардид, мекӯшид, то навиштаҳояшон пухтаву санҷида бошанд. «Шумо бо тақдири одамон, бо обрӯи инсон кор мегиред. Як ҳарфи шумо, ки болои саҳифаи рӯзнома мерезад, метавонад обрӯи шахсро боло барад, ё поён. Агар таъриф ё танқид бамаврид, воқеӣ, беғаразона бошад, бисёр хуб, вале агар навиштаатон аз воқеият дур, бетаҳлилу бедалел бошад, пас, рӯзноманигор хатои нобахшиданӣ содир кардааст», - таъкид мекард ӯ.

Дар ҳақиқат, инсони дорои пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек буд устод Муқим Абдураҳмонов. Бо таъкид ба шарафмандии устоди соҳибмақом, шоир Салими Зарафшонфар чунин фармуда:
Туро буд пиндор нек, эй шарафманд,
Туро буд гуфтор нек, эй шарафманд,
Туро буд ҳар кор нек, эй шарафманд,
Зи бас маърифат парвардӣ, муборак!


Агар умр вафо мекард, устоди зиндаёд Муқим Абдураҳмонов имрӯз ҳаштоду панҷсолагиашро дар ҳалқаи дӯстон қайд мекард. Адиби хушбаён дар дили орифон, навиштаҳои дӯстону ҳамкорону шогирдонаш ҳамеша зинда боқӣ хоҳад монд. 

Аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба нишони эҳтиром ва гиромидошти фаъолияти пурбори муҳаррири варзида шодравон Муқим Абдураҳмонов маҷмӯаи «Муҳаррир»-ро омодаи чоп карданд, ки умед дорам, дар шинохти беҳтару бештари ҳунару салиқа, инсонияти баланд ва ошноӣ бо корномаи ин устоди соҳибқалам хизмат хоҳад кард.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода