Замбӯруғи заҳролуд аз истеъмоли он эҳтиёт бошед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 472
Фасли баҳор, айёми пайдоиши баъзе бемориҳо буда, гирифтор шудани сокинон ба заҳролудшавӣ аз ҳар гуна маводҳои ғизоӣ дар ин фасл афзоиш меёбад. Яке аз маҳсулоти ғизоӣ, ки дар мавсими баҳор мерӯяду мавриди истеъмол қарор мегирад, ин замбӯруғ мебошад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки на ҳама навъҳои замбӯруғ хӯрданибоб буда, истеъмоли он дуруст аст. Масалан, ба гурӯҳи замбӯруғҳои хӯрданибоб ва манфиатбахш: саморӯғ, қорчи сафед, руғанак, тӯсқорч ва шонақорч (грузд) дохил мешаванд.
Ҳаким Қурбонзода, мутахассиси соҳа, гуфт: -Замбӯруғ дар мавзеъҳои гуногун мерӯяд. Масалан, замбӯруғҳое, ки дар канори роҳҳои мошингард, саҳро, юнучқазор, танаи дарахтон мерӯянд, истеъмолашон қатъиян манъ аст. Зеро онҳо аз худ моддаҳои зарароварро ихроҷ мекунанд, ки боиси заҳролудшавӣ гашта, ҳатто ба фавт оварда мерасонад.
Нафароне, ки дар кӯҳдоман зиндагӣ мекунанд, бо кӯдаконашон дар мавсими баҳор ба ҷамъоварии замбӯруғ машғул мешаванд. Вақте ки мо байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, мебинем, бисёре аз сокинон бар он назаранд, ки агар замбӯруғро ҷӯшонида, пасон истеъмол кунанд, зарари он рафъ мегардад, ки ин мутлақо андешаи нодуруст аст. Замбӯруғи ширӣ часпанда, ширнок (сина), ҷигари лактикӣ, дугонаҳо (подруги), қорчи пашшахӯрак, телпакчаи қозӣ, гулқорчи девак, заҳрак ва телпаки морак навъҳои заҳрноки замбӯруғ мебошанд. Навъи аз ҳама заҳрноки замбӯруғ паридаранг (бледная паганка) мебошад, ки заҳри фаллоидин дорад. Ин заҳр дар маҳлулҳо об намешавад ва фисаднокии марговари худро дар ҳарорати баланд нигоҳ медоранд. Ба гурӯҳи замбӯруғҳои хӯрданибоб ва манфиатбашх: саморӯғ, қорчи сафед, руғанак, тӯсқорч ва шонақорч (грузд) дохил мешаванд.
-Нишонаҳои заҳролудшавӣдарди шикам ва сар, дилбеҳузурӣ, қайқунӣ, парда гирифтани пеши чашм ва дигар нишонаҳо мебошад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани ин аломатҳо бояд фавран ба духтур муроҷиат кард. Дар ҳолате, ки нафари заҳролудшуда дар шароити хона худро табобат мекунад, дар натиҷа моддаи заҳрноке, ки ба организми ӯ ворид шудааст, узвҳои дигари онҳоро низ ҷабида мегирад. Дар ин ҳолат инсон метавонад, ба дигар касалиҳо гирифтор шавад,- гуфт Ҳаким Қурбонзода, мутахассиси соҳаи тандурустӣ. Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз замбӯруғ бояд нахуст, сатҳи маърифатнокии аҳолиро баланд бурд. Байни мардум пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд.
Фурӯши замбӯруғҳоро дар роҳҳо ва бозорҳои кӯчагӣ бе назорат набояд гузошт ва танҳо баъди иҷозати масъулин дар бозорҳои расмӣ сурат бигирад, чунки дар ин бозорҳо сохторҳои махсуси бойторӣ барои ташхиси моддаҳои ғизоии заҳрнок мавҷуданд, ки барои пешгирӣ аз заҳролудшавии сокинон мусоидат мекунад.
Фарида Баротова,
«хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00