Аз лаҳзаи муқаррарӣ зебоӣ меофарад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 461
Саттор Қарахонов дар соҳаи матбуоти тоҷик собиқаи беш аз 50-сола дорад. Тӯли фаъолияташ тавассути матолиби хеш дар рӯзномаҳо дар ташвиқу тарғиби дастовардҳо ва муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа, нишон додани нуқсу камбудиҳо ва чораандешӣ пайи бартараф кардани онҳо, инчунин дар тарбияи маънавии мардум саҳм гузоштааст. Имрӯзҳо ҳам ин рисолати худро ӯ бо масъулияти баланд ба сомон расонида, аз масоили мубрами рӯз пайгирӣ карда истодааст. Фаъолият ва заҳмату талошҳои ӯ дар рушди ҷомеа ва журналистикаи муосири тоҷик хеле назаррас аст.
Баъди хатми мактаб ӯ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил гардида, онро аз рӯи ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик (ғоибона) хатм менамояд.
Аммо баъди хатми донишгоҳ ӯ аз рӯи ихтисоси худ кор накард, чунки майлу рағбат ба касби рӯзноманигорӣ дошт ва аз ин рӯ, вориди олами эҷоду қаламфармоӣ гардид. Фаъолияти рӯзноманигориро мавсуф, аслан аз соли 1970, аз рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод»-и ноҳияи Колхозобод (ҳозира «Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) оғоз кардааст. -Насиҳату ғамхориҳои сармуҳаррири онвақтаи рӯзнома Амиршо Мунавваров буд, ки ба рӯзномаи «Ҳақиқати Колхозобод» ҷалб гардидам, - мегӯяд С. Қарахонов. - Аз ӯ мақсадноку кутоҳ навиштанро ёд гирифтам. Устод кашолгапиро хуш надоштанд, пухта ва рехта гуфтанро ба мо омӯзониданд. Дар ин нашрия аз ходими адабӣ то ба мақомҳои мудири шуъба ва котиби
масъул расидам.
Аммо ин хурсандӣ дер давом накард, чунки соли 1973 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд. Саттор тӯли 2 сол дар Россия адои хизмат намуд. Чун зиёд кор карданро дар рӯзномаҳо дӯст медошт, дар ин давра низ бо рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Ҳақиқати Колхозобод» (ҳозира «Навиди Балх») ҳамкорӣ намуда, аз вазъи хизмати тоҷикбачаҳо аз давлати Россия маводҳо ба чоп мерасонид.
Баъди хизмати аскарӣ сарбаландона ба Ватан баргашта, аз соли 1975 дубора ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Колхозобод» вориди кор шуд. Бо тахаллуси эҷодии С. Аттор фаъолиятро идома бахшид.
Соли 1978, вақте ки дар вилояти навтаъсиси Қӯрғонтеппа рӯзномаи вилоятӣ бо номи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ташкил ёфт, С. Аттор ба ин нашрия ба кор даъват шуд. Дар ин нашрияи вилоятӣ назокатҳои дигари кори эҷодиро аз шодравон Муқим Абдураҳмонов (собиқ сармуҳаррири нашрия) омӯхт. Дар ин бора ӯ гуфт: «Дақиқкорӣ, ҳафт бор андешидану баъд хулоса бароварданро устоди марҳум Муқим Абдураҳмонов ба мо-журналистони ҷавон талқин мекард. Мегуфт, ки 10 далел, 100 далелро собит кунед ва як-дутоашро истифода баред. Боқимондаашро дар мавриди норизоӣ ва шикоят пеш овардани қаҳрамони мақола корбаст кунед. Журналист бояд ҳамеша барои баҳсу талош бо агроному муҳандис, иқтисоддону ҳуқуқшинос ва намояндагони дигар касбу кор омода бошад. Чизе гуфт, ё навишт, онро аз нигоҳи талаботи қонунгузории мавҷуда исбот карда тавонад».
То ҷанги шаҳрвандӣ дар ин рӯзнома кор карда, айёми ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти рӯзноманигориро дар нашрияи фронтии «Хатлон» идома дод. Баъди ба низом омадани вазъи кишвар рӯзномаи вилоятӣ ба номи «Хатлон» дубора ба фаъолият оғоз намуда, ӯ ба ҳайси котиби масъул дар он фаъолияти худро идома дод. Бо мурури замон дар ин рӯзнома, ки се дафъа тағйири ном кардааст («Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш» ва ҳоло «Хатлон»), ба ҳайси ҷонишини котиби масъул, котиби масъул фаъолият дошт. Феълан, дар рӯзномаи «Хатлон» фаъолият дорад, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ӯ бо рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои «Инсон ва қонун», «Илм ва ҳаёт», «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», «Маорифи Тоҷикистон» «Чархи гардун», «Оила», «Халқ овози» ва ғайра ҳамкории зич доштааст. Ҳамчунин, собиқ мухбири рӯзномаи «Чархи гардун» дар вилояти Хатлон буд.
Барои он ки бо шахсияти Саттор Қарахонов шиносоии бештаре пайдо намоем, мо тасмим гирифтем, ки андешаҳои чанде аз рӯзноманигорони варзида ва боҳунари вилояти Хатлонро роҷеъ ба хислат ва маҳорати эҷодии ин рӯзноманигори собиқадор фаҳмем.
Зимни суҳбат, назарпурсиҳо ва мушоҳидаҳо мо ба хулосае омадем, ки аксари рӯзноманигорон, бахусус ҷавонон, ба Саттор Қарахонов эҳтироми зиёд дошта, ба маҳорати эҷодии номбурда баҳои баланд медиҳанд ва худро шогирдони мактаби рӯзноманигории ӯ меҳисобанд. Ба хотири тақвияти ин гуфтаҳо мо дар зер чанд андешаи ҳамкору ҳампешагони мавсуфро меорем, ки гувоҳи гуфтаҳо ва афкори фавқ буда, дар муаррифии ин публитсисти пуркору хоксор мадад мерасонанд.
-Вақте Саттор тасвиргарӣ мекунад, аз лаҳзаи муқаррарие зебоӣ меофарад. Вақте ки муҳокима меронад, хонандаро ба андешамандӣ ва некбинӣ мебарад. Ҳангоме ки таҳлилу муқоиса менамояд, хулосаи дуруст бароварданро талқин мекунад,- мегӯяд дар ҳаққи ӯ Давлатҷон Султонов, собиқ мухбири рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон.
-Қаламкашони хуб ангуштшуморанд. Ва рӯзноманигорони хуб бар замми он сифатҳое, ки дар оғоз қаламдодашон намудем, хислаташон аз ҷӯяндагӣ, фурӯтанӣ, бомулоҳизагӣ, муқоиса кардан, хоксорӣ, дидадароӣ, масъулиятшиносӣ, дилсӯзӣ ба пеша барин қисмҳо мукаммал гашта, суханашон равону дилнишин аст.
Илова бар ин, содагиву содабаёнӣ, донистани феълу атвори ҳамзамонон, қавонини инкишофи ҷомеа, талаботи эҷод ва масъулият дар назди хонанда ба гуфторашон ҷаззобият мебахшад. Ҳар сатри эшон бори замон мекашад. Бори ғами одамон мекашад ва дар ҳар ҳаҷму ҳар жанре бошад, хусусияти тарбиявӣ дорад. Аз ин рӯ, муштариён маводи ин гуна қаламкашонро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба суроғи муаллиф меоянд. Мехоҳанд бубинанд, ки эҷодкори дарди дили онҳоро нигошта чӣ гуна одам аст? Саттор Қарахонов ба шумули чунин рӯзноманигорони варзида дохил мешавад. - иброз намуд шоир Усмон Билолӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Саттор Қарахонов дар матлабҳои эҷоднамудааш бештар ба фаъолияти меҳнативу фидокоронаи мардони касбу корҳои гуногун, ҳаёти ибратбахши онҳо, тасвири манзараҳои шавқангези табиат, мубориза ба ноадолатиҳои замон, возеҳу равшан баён кардани хислатҳои манфию мусбати аҳли ҷомеа ва хонданбоб кардани маводҳояш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳар вақте ки дар хусуси фаъолияти эҷодии Саттор Қарахонов сухан меравад, беихтиёр пеши назари хонанда ҳунару маҳорати баланди касбияш, ё хусусан дар қолаби очерку қиссаҳои воқеӣ, ҷолибу муассир ифода кардани матлабу маромаш намудор мегардад.
Аз маводи беғаразонаву таъсирбахши иншонамудаи С. Аттор иддае рӯҳбаланд гардида, норасоиву камбудии ҷамъиятӣ дар соҳае ё фаъолияти шахсе ошкор мегарданд, ки ба андешаи инҷониб, сирри пайдо намудани маҳбубият, эътибори рӯзноманигорӣ ва муваффақияти ӯ низ дар ҳамин нуҳуфтааст.
Қиссаи воқеӣ ва очерки портретӣ аз маъмултарин намудҳои жанр дар публисистикаи Саттор Қарахонов ба шумор меравад. Маънои портрет офаридани симои (аксаран зоҳирии) инсон аст. Аммо Саттор Қарахонов ҳеҷ гоҳ бо ин мафҳум маҳдуд нашудааст. Вай дар очерки портретӣ ба таҳқиқи ҷаҳони маънавии шахс эътибори медиҳад. Зиёда аз ин, муаллиф аз муносибатҳо, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии қаҳрамон қисса карда, дар ташаккули портрети шахс ва ошкор сохтани хислату ҷаҳони ботинии ӯ аз инъикоси муҳити иҳотакарда, проблемаҳои ботинию равонии дар ҳаёти қаҳрамон рӯйдода сарфи назар намекунад.
Аз матолиби дар жанрҳои гуногун, махсусан публитсистӣ-бадеӣ, навиштаи Саттор Қарахонов, ки ба масъалаҳои мухталифи соҳаҳои ҳаёти мардуми вилояти Хатлон ва ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бахшида шудаанд, эҳтироми баланд ва меҳри бепоёнаш ба Ватани бобоӣ, сарсабзию шукуфоии Тоҷикистони азиз, ҳамдардӣ, дилсӯзӣ ва часпу талошаш дар роҳи ҳалли мушкилоту муаммоҳои мардум, тарғиби меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, таҳким бахшидани ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳсоси бузурги шаҳрвандии ӯ ба назар мерасад.
Фаромӯз БОБОЕВ,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00