Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Бӯйи нони гарми хоҳар


Бӯйи нони гарми хоҳар



Ватан ҳастии инсон аст. Кас аз шунидани ин ном аз нав эҳё мешавад, рӯҳу ҷон мегирад, табъаш болида мегардад. Тақдир касро ба куҷое набарад, меҳри Ватан, обу хок, хору хас, ҳар пора сангаш ӯро боз ба сӯи худ мекашад. Охир беҳуда нагуфтаанд: “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар!” Беватан беному нишон, беқадру бенавост. Танҳо Ватан ба кас тоҷу тахт, ному нон ва ҳама ширинию хушбахтиҳои ҳаётро медиҳад. Аз ин рӯ, он азиз асту муқаддас. Дар ин қисса аз тақдири як тан марди туркзабон, ки Тоҷикистонро ватан хондааст, қисса мекунем

Солҳои сиюм оғози солҳои ободонии водии Вахш, азхудкунии найистони касногузару обёрикунии даштҳои синабирён. Тақдир оилаи Қурбони ҷавонро аз Ҷумҳурии Туркманистон ба Тоҷикистон овард. Қурбон ҳамроҳи падару модар дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок мекард. Худро дар иҳотаи оилаи сермиллати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дида, гӯё дунёи наверо дарёфта буд. Қурбон ба камол расид. Қисмат ҳаёти ӯро бо Сабзбаҳор ном духтараки тоҷик пайваст. Аз ин оилаи тифоқ ду фарзанд-Юлдошу Хадича ба дунё омад. Падар фарзандонро хононду соҳибкасб намуд. Юлдош касби механизаториро пеша кард ва Хадича омӯзгор шуд. Ин оила дар хоҷагии совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира ноҳия Кӯшониён) сукунат дошт.

Ҳамон солҳо оилаи Махтимовҳоро оилаи интернатсионалӣ меноманд. Зеро дар ин оила ҳам келини тоҷик асту ҳам русу ҳам ӯзбек. Вақте ки Юлдош ба русдухтар дил бохт, падар ба издивоҷи ҷавонон розигӣ надод. -Писари ман бояд аз қавми худам зан бигирад,- эътироз намуд падар. -Худатон-ку аз қавми туркманҳо зан нагирифтед, пас чаро бачаро маҷбур мекунед?-фикрашро гуфт янгаи Сабзбаҳор. -Ман тоҷикдухтара (янгаи Сабзбаҳор дар назар аст) дӯст дошта, ба занӣ гирифтам.

Вай бошад, ба урусдухтар расиданист,- бо зарда гуфт амаки Қурбон. -Ишқу муҳаббат на сарҳад дораду на миллат ва дил дар фармони мо нест. Мария дар ҳамсоягӣ, пеши чашмонамон калон шудааст, феълу одобаш ҳам хуб, розигӣ диҳед. Зан "забон"-и шавҳарро ёфт, дили ӯро зуд гарму нарм кард. Юлдош ва Мария ҳамхона шуданд. Зиндагии оилаи ҷавон хушу гуворо сарчашма гирифт. Худованд ба онҳо 5 фарзанди дӯстрӯяк дод.

Фарзандон ҳам "анъана"-и бобою падарро идома доданд. Яке шавҳари рус карду дигаре зани ӯзбек гирифт, сеюмию чорумӣ тоҷикдухтарро ба хона оварданд. Домани оилаи интернатсионалӣ васеъ гардид...

Вазъи нотинҷи ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ вазъи оилавии акаи Юлдошро низ нотинҷ гардонд. Мария рахти сафар баст. Ба Россия рафт. Дар деҳаи Талавкаи ноҳияи Яранскии вилояти Волгоград хона харид. Баъд шавҳару фарзандонро ба назди худ хонд. Оилаи акаи Юлдош кӯч баст. Аҳли хоҷагӣ ҳамон рӯз гӯё ба гусели онҳо омада буданд. Ашк рехтанд, ашки ҷудоӣ. Оилаи Юлдошу Марияро дар Россия касе интизор ҳам набуд. Ҳатто ҳамзабонҳо нисбати Мария бегонагӣ зоҳир намуданд. Танҳо рӯзҳои аввал аз рӯи "дилсӯзӣ", гӯё онҳоро аз Тоҷикистони дар вартаи ҷангбуда ронда бошанд, бо раҳм муносибат мекарданд.

Вақте ки оила соҳиби хона гашту зиндагиро оғоз намуданд, муносибатҳо ҳам сард гаштанд. Махсусан баъди бисёр меҳнат кардану интизоми хуби онҳо ва соҳиби гову гӯсфанд шуданашон "душман"-дор шуданд. Мария ва Юлдош дар байни мардумони меҳмоннавозу дардошно зиндги карда тоқати чунин муносибатҳоро надоштанд. Маслиҳат карданду дубора ба зодгоҳ баргаштанд. Зиндагиашон дар ин ҷо ҳам маромашро наёфт. Он рӯз ба рӯз вазнин мегашт. На хонаи худро доштанду на ҷойи кор. Дар рӯзҳои барояшон душвор хешу табор, ҳамдеҳагон онҳоро ба оғуши гарм гирифтанд. Хадича оилаи бародарро дар хонааш ҷой дод. Оилаи мард аз чунин зиндагии сангин дилгир шуданд.

Дубора ба Россия кӯч бастанд. Хадичахон бародарро аз роҳ "заданӣ" мешуд, намехост, боз раҳпоӣ кунад, ғами мусофиратро ба сар дошта бошад. -Бародари ба ҷону дил баробарам. Акнун ҷавон нестӣ, синнат ба ҷое расидааст. Ба куҷо ҳам меравӣ? Охир Тоҷикистон Ватани мою дар ҳамин ҷо падару модар ва бобоямон хок шудагӣ. Моро напарто, дар ғарибӣ азоб мекашӣ,- бо ашки талх зорӣ намуд Хадичахон.

-Хоҳарам, Ватан он ҷоест, ки шикамат сер асту зиндагиат осуда. Ба хотири муҳаббатам меравам. Марияи ман меравад. Танҳо монданам бемаънист. Медонӣ ки аз пайи завҷаам ба он дунё меравам,- посух дод бародар. ... Кори оила ин дафъа омад кард. Роҳбари хоҷагӣ Владимир Антонович Сехвород онҳоро хуш истиқбол намуд. Ба падару писаронаш вазифаҳои баланд дод. Зиндагии оила рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Марги Мария барои Юлдош-ака сангин буд.

Ӯ якбора танҳою ғарибии худро ҳис кард. Бисёр мехост завҷаи меҳрубонашро дар Ватан ба хок монаду бо ҳамин баҳона худаш дар ҳалқаи хешу ақрабо бошад. Вале бо хоҳиши фарзандон ӯро дар хоки Россия гӯру чӯб намуд. Ҳар саҳар ба сари мазори Мария гулдастаи тару тоза оварда, соатҳо бо завҷаи раҳматиаш гуфтугӯ мекарду ғамашро мебаровард.

...Танҳоиву мусофират рӯзҳои сахт дорад. Диёри зебояшро дар хоб медид. Пазмони писараш Аҳтам, келинаш Маҳина ва наберагони ширинаш-Қурбоналию Шарифҷон ва хоҳараш Хадичахон мешуд. Рӯзгори пуру осудаи кунунӣ ва ҳатто нафақаи калон -10 ҳазор рубли русӣ дар назараш ҳеҷ намуд. Ҳамон саҳар мард худро бад ҳис кард. Ҳарорати баданаш баланд шуд. Аз болин сар бардошта натавонист. Рӯзи дароз аз дараш касе надаромад. Ҳаққу ҳамсояҳо ҳолаш напурсиданд.

Дар он ҷо бе даъвати соҳибхона ба меҳмонӣ рафтану аёдати бемори ноошно расм нест. Фарзандон ҳам пайи зиндагии худ, танҳо баъди ду рӯз аз ҳоли падар хабардор шуданд. -Падарҷон, биё хонаро фурӯхта, ҳамроҳи мо зиндагӣ кунед, бо набераҳо танҳоиятон мебарояд,-гуфт писари калонӣ Маҳмуд. -Ҳар кас дар хонаи худ меғунҷад, писарам,- розӣ нашуд падар.

-Ин тавр бошад, зан гирифта медиҳем,- маслиҳат намуданд фарзандонаш Алёна, Маҳмуд, Мақсуд ва Ӯктам. Онҳо ба падар зан доданд. Зани нав ба мард бахт наовард ва танҳоиашро рафъ насохт. Шабу рӯзаш ба ёди Ватан мегузашт. ...Баъди солҳои зиёди ҷудоӣ аз Ватан акаи Юлдошро обу адо кард. Дар иқлими сарди Россия баҳори диёр, сарзамини пурфайзаш, меҳмоннавозии ҳамватанон, бӯи нони гарми танурии хаҳарашро ширин-ширин ёд менамуд. Баъди беморӣ дарк кард, ки Ватан на он ҷоест, ки шикамат сер бошаду танат пӯшида. Ба ҷуз ин боз меҳру муҳаббат лозим будааст. Меҳру муҳаббат ба обу хоки Ватан, ба табиати афсункори диёр, ба ҳамватанон...

Юлдош-ака баъди мусофирати тӯлонӣ ба Ватан баргашт. Ватанро дар оғӯши баҳори зебою гулрез дарёфт. Наврӯзи Ватанро дар ҳалқаи дӯстону ақрабо ҷашн гирифт. Боз бӯи нони гарми танурии хоҳараш ба машомаш расид, боз аз суманак, ки пайки наврӯзист, даҳон ширин намуд.

Боз чаҳ-чаҳи булбулон фораму нарм ба гӯшаш мерасиданд. Ӯ худро дар Ватан осудаю шод медид, хоки онро мебӯсиду мебӯсид, шукргузорӣ мекард аз тақдираш имруза, ашк мерехт, ашки шодӣ, ашки дидори Ватан...

С. Аттор, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода