Манучеҳри 25-соларо ба зиндон бурд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 033
Чанде пеш коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон Манучеҳр Тӯйчиев, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ дар шабакаҳои интернетӣ, айбдор донист.
Манучеҳр Туйчиев бо мақсади ташвиқу тарғиби фаъолияти иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи рамзии «mnurmuhammed» маводҳои хусусияти экстремистидоштаро нашр кардааст.
Мувофиқи хулосаҳои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои аз суроғаи интернетии “Инстаграм”-и Манучеҳр дарёфтшуда, мансуб ба даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ буда, онҳо ба ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» мансубият доштаанд. Аз ин рӯ, парвандаи мазкур мавриди баррасии коллегияи судӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015, ташкилоти «Давлати исломӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолияташ манъ карда шудааст.
Таблиғи ақидаҳои ифротӣ...
Аз соли 2016 Манучеҳр пайваста расмҳо, навиштаҷот ва наворҳои мансуб ба ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ»-ро тамошо намуда, онро барои худ дуруст ва асоснок шуморидааст.
Номбурда бо мақсади таъсир расонидан ба шуур ва иродаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн намудани ақидаҳои экстремистии «Давлати исломӣ» дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” расмҳои парчами ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» ва наворҳои таблиғотии ақидаҳои ифротии ин ташкилотро паҳн намудааст. Ҳамчунин, бо мақсади мусоидат дар фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти болозикр дар саҳифаи худ наворҳои зиёди таблиғкунанда нашр кардааст, ки бо ин кирдорҳояш ӯ дар пешбурди фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ мусоидат намудааст.
6 сол равонаи зиндон
Коллегияи судӣ бо далелҳои дар мурофиаи судӣ бадастоварда кирдори судшаванда Манучеҳр Тӯйчиевро бо моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аломатҳои содир кардани ҷинояти иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ муқаррар намуд. Ҳамин тавр, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон айбдоршаванда М. Тӯйчиев ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Кор шиносон чӣ мегӯянд?
- Яке аз роҳҳое, ки метавонем ҷавононро барои дуруст истифода бурдани интернет талқин намоем, ин ташкил кардани ҳар гуна курсҳои кӯтоҳмуддат мебошад, то ҷавонон ба ин минвол аз самаранокии шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрдор гарданд, - гуфт коршиноси масоили идеологӣ Рамазон Насриддинзода. - Ё бояд ташкилоти марбута дар самти ҷавонон дар шаҳру навоҳӣ роҳҳои ҳавасмадгардонии ҷавононро ба хондан бештар кунанд. Дар ин сурат мо метавонем, қонуншикании ҷавононро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешгирӣ намоем.
Ба қавли коршинос баъзе аз ҷавонони мо фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро дуруст намедонанд. Ҳар чизе, ки дар синну соли ҷавонӣ бубинад, ҳамонро ба худ қабул мекунад. Аз ин рӯ, барои омӯхтани он бояд марказҳои ҷавонон, маориф ва дигар сохторҳои марбута корҳоро дар ин самт ҷоннок намоянд. Барои ҳамин, бояд аз рӯи мақоли мардумӣ “Илоҷи воҷеа пеш аз вуқӯъ” кор кард.
Охирсухан
Надонистани қоидаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба иқтисодиёти оилавӣ, саломатӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва умуман ба зиндагии осоишта халал ворид намояд.
Барои омӯзонидани наврасон аз роҳи истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ ва ба ҳар гуна ташкилоти ғайриқунунӣ ҷалб нашудани онҳо, ҳар як падару модарро мебояд, ки сари вақт фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда, аз амалҳои барояшон ғайриматлуб дур нигоҳ доранд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”,
А. Назарзода, судяи Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...