Лоиҳаи «Зиндагии шоиста» зиндагии моро гуворо кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 813
Бо гузашти 26 сол имрӯз низ Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” вазифа ва мақсадҳои дарпешгузоштаи худро анҷом дода истодааст. Ҳамасола ташкилоти мазкур дар доираи лоиҳаҳои мухталиф барои мардуми дурдасттарини кишвар мадад мерасонад.
-Рӯзе набуд, ки бо шавҳарам ҷанг накарда бошем. Миёни ману шавҳарам аз кӯчактарин чиз нофаҳмие сар мезаду хонаамонро доду фарёд фаро мегирифт. Ин чиз шояд аз он хотир бошад, ки ман саводи кофӣ надоштам. Зеро ба бисёр чиз сарфаҳм намерафтам ё заҳмати шавҳарамро дарку қадр карда наметавонистам. Хушбахтона, Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар доираи лоиҳаи “Зиндагии шоиста” дар деҳаи мо семинару машваратҳои судманд мегузаронд, ки пас аз он муносибатам бо шавҳарам ва умуман зиндагӣ дигаргун гашт. Алҳол, зиндагии осударо бо ҳамроҳии шавҳару фарзандонам пеш мебарем, - мегӯяд яке аз ҷавондухтарони сокини деҳаи Махсумободи ноҳияи Вахш.
Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” бо гузаронидани семинарҳои пурмуҳтаво ва кумаки иқтисодӣ намудан ба аҳолии осебпазир, миёни аҳли деҳаи Махсумобод ном баровардааст. Тавре баҳрагирандагони лоиҳаи “Зиндагии шоиста” мегӯянд, ки тӯли қариб як сол дар деҳаи Махсумободи ноҳияи Вахш барои оилаҳои ҳадафии барнома семинарҳо гузаронида мешуд. Аъзои лоиҳаи мазкур аз он хурсанданд, ки чунин семинармашваратҳои муфид ва дастгириҳои иқтисодӣ дар деҳотҷойҳои дурдаст фаъолият мекунанд.
Яке аз ҷавонзанони фаъоли барнома қайд карда мегӯяд, ки ТҶ “Ғамхорӣ” барои беҳбудии вазъи иқтисодӣ ва ба роҳ мондани тиҷорат кумакхои иктисодӣ расонд. - Мо аз рӯи имкониятҳои ҷойдошта фаъолияти даромаднок, чун парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаро интихоб намудем. Ҳамасола аз фаъолияти интихобкарда фоидаи хуб ба даст меорем. Зиндагиамон беҳтар шудааст,- изҳор намуд ӯ.
Бояд қайд кард, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” аз моҳи ноябри соли 2019 лоиҳаи “Зиндагии шоиста”-ро, ки аз тарафи UN WOMEN бо миёнаравии ташкилоти International Alert дар Тоҷикистон пиёда мегардад, амалӣ намуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳа, ташкилоти мазкур ба зиндагии беш аз 20 оилаи сокинони маҳаллаи Махсумободи ноҳияи Вахш кумакҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ расонида шуд, ки мақсади он беҳтар гардонии зиндагӣ, маълумотнок гардонидани мардум, беҳбуди муносибатҳо дар оила, ба хушунат роҳ надодани оилаҳои ҷавон мебошад.
- Ман дар хонаам дар масоҳати қариб 4 сотих замин гармхона бунёд кардаам. Шароити иқтисодии оилаамон барои сохтани гармхона намерасид.
Хушбахтона, Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар доираи лоиҳаи “Зиндагии шоиста” барои сохтани гармхона моро дастгирӣ намуд.
Айни ҳол, дар гармхона қариб ҳама намуди маҳсулоти бозорӣ ҳаст. Даромади гармхона барои хароҷоти рӯзмарраи зиндагии мо истифода бурда мешавад. Ин ташкилот ба мисли ман боз ба чандин ҳамдеҳагонам ёрӣ расондааст”- қайд намуд, яке аз баҳрабарандагони лоиҳаи “Зиндагии шоиста” дар ноҳияи Вахш.
Мақсади амалисозии лоиҳаи “Зиндагии шоиста” мусоидат намудан барои беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ҳаёти занони деҳот, аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии ҷомеа ва ба ин васила, зиндагии шоистаро ташкил кардан мебошад.
Тавре роҳбари барномаи “Зиндагии шоиста” З. Карамова изҳор медорад: “Мо дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш, ки яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия мебошад, 60 оилаи мақсаднокро аз лоиҳаамон баҳравар гардонидем.
Ин чиз натиҷаи хеле хубро ба бор овард. Воқеан, кумак намудан ва шинос шудан бо зиндагии аҳолии деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон бароямон ҷолиб ва мақсаднок буд.
Акнун ният дорем, дар доираи дигар лоиҳаҳое, ки дар оянда амалӣ мегардонем, бо ҷалби дурдасттарин деҳаҳо онро амалӣ мегардонем. Вақте ки дидем, дар ин гуна минтақаҳо мактабҳо каманд, роҳ дур асту имкони таҳсил кардан нест, хушунати зиёди равониву хонаводагӣ ва иқтисодӣ дида мешавад, шароити зиндагии мардум аз ҳисоби деҳқонӣ пеш меравад, лоиҳаҳоро маҳз дар ҳамин ҷойҳо амалӣ карда истодаем”.
Яке аз баҳрабарандаи дигари ин лоиҳа мегӯяд: «Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанберо бесаброна мунтазир мешудем, ки кай намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» омада, бо мо вохӯрии гурӯҳӣ ва суҳбатҳои индувидуалӣ мегузаронанд, зеро барои мо суҳбатҳо оид ба зӯроварӣ, тарзи муносибат дар оила, дуруст истифода кардани маблағ ва ба роҳ мондани тиҷорати хурдро мефаҳмониданд, ки аксарият ба ин чиз таваҷҷуҳи махсус медод».
-Ҳоло хурсанд аз онам, ки бо дастгириҳои бевоситаи лоиҳаи “Зиндагии шоиста” оилаҳои деҳаи мо аҳлона зиндагӣ мекунанд. Пас аз гузаштани нишастҳо ва суҳбатҳо дар доираи ин лоиҳа дарк мекардам, ки мардум чӣ қадар хурсанд мешуданд. Дар баробари ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин нишастҳо фаъол буданд, кумакҳои иқтисодӣ расонида шуд. Мо аз Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» барои ба роҳ мондани чунин лоиҳаҳои самарабахш миннатдорем,- гуфт холаи Зумрад.
Холаи Зумрад айни ҳол ба чорводорӣ машғул аст. Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» дар доираи лоиҳаи «Зиндагии шоиста» ба ӯ кумаки иқтисодӣ карда, бар ивази он бӯз гирифтааст. Бо мурури вақт шумораи онҳо зиёд шуда, фоидаи хуб гирифтаанд. Тавре холаи Зумрад мегӯяд: «Нахуст дар деҳаи мо – Махсумобод намояндагони ташкилот омада, суҳбатҳо гузарониданд. То ҷое андешарониҳои мо нисбати хушунат, умуман зиндагӣ тағйир ёфт. Аз оилаи мо 4 нафар – ману шавҳарам ва писару келинам дар нишастҳо иштирок мекардем. Барои мо ончунон суҳбатҳо мегузаштанд, ки рӯзҳои омадани онҳоро мунтазир мешудем».
Ёдовар бояд шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ» соли 1996 аз ҷониби гурӯҳи кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон ба хотири дастгирӣ кардани аҳолии камбизоат созмон дода шуд. 25 апрели соли 1999 ташкилоти мазкур баъди фаъолияти сесолаи пурсамару натиҷабахши худ расман дар Идораи адлия таҳти №60 ба қайд гирифта шуда, 15 майи соли 2018 аз нав таҳти № 25 «А-А» ҳамчун Иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз қайд гузаштааст.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...