Бозор сӯхту аламҳо зиёд гаштанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 871
Хабари сар задани сӯхтор дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар - маркази маъмурии вилояти Хатлон, дар як они воҳид тамоми ҷумҳуриро фаро гирифт. Шояд он лаҳзаҳое буд, ки ягон манбаву коршинос нагуфт, ки телефони мобилӣ зарар дораду онро шаб хомӯш кунед ё аз ҷойи хоб дар масофаи 7-10 метр дуртар монед.
Чунки ҳамин телефонҳои мобилӣ буд, ки соҳибони молу коло ва мақомотҳои дахлдор, бахусус оташхомӯшкунандагон сари вақт огоҳӣ ёфтанд. Молдорон баҳри ҷамъугир кардани молҳои ҳанӯз насӯхтаашон шитофтанду оташнишонҳо баҳри хомӯш кардани офати сарзада ва пешгирии он, то ба маҳалҳои ҳамсоя зарараш нарасад. Оташ аланга мегирифт, бозор месӯхт, девор месӯхт, рафҳо месӯхтанду анбор месӯхт, молу матоъ месӯхт, ашёи рӯзгор месӯхту ҷиҳози хона месӯхт, сару либос месӯхт, ҳама месӯхту месӯхт, ҳаво месӯхт. Бале, ҳаво месӯхт, чунки касе дарун ворид мешуд, нафас танг берун мебаромад. Дар ин баробар рагу пайванд, дилу ҷигари соҳиби мол месӯхт.
Бозор сӯхт. Молу ашёи зиёд ба коми оташ рафт, ки ҳаҷми зарари онро шахсони коршиносу мақомоти дахлдор, албатта, муайян мекунанд, сабабҳои сар задани сӯхторро меҷӯянду меёбанд. Ба қавли мардум: "Ин рӯзҳо мегузарад. Боз ба ҷойи сӯхта сабза мерӯяд, вале рӯйи аловмон сиёҳ мемонад".
"Мол дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу" гуфтанӣ мақоле ҳаст. Дар ин фоҷиа, дар торикии шаб боз шабгардоне низ дар миёни соҳибони молу сӯхторхомӯшкунандаҳо будаанд, ки худро ба маҳаллаи оташ мезаданд, на баҳри наҷоти молу кумаки савдогар, балки барои азхуд кардани моли ба соҳибонашон насиб накарда. "Дуздбачаҳо" унвон кардаанд онҳоро, аз гузашта то ба имрӯз, ки дар ҳар давру замон буданду ҳастанд ва шояд оянда ҳам боқӣ монанд. Ин ҳамаро пагоҳӣ мардум мешуниданду гиребон меқапиданд.
Мардуми покниҳоду аз синаи раҳм ғизохӯрдаи тоҷик дар ин лаҳзаҳо қиматии бозору фиреби туҷҷорро (дар ин бора поинтар хоҳем гуфт) фикр намекунад, танҳо ҳолати рӯҳии инсонро пеши назар меорад, ки ҳар кӣ мешунид, мегуфт: "Бечора савдогарон! Мегӯянд, ки бо пули қарз оварда будааст, бегоҳ молҳоша".
Мардуми одӣ бошад, то дер ҳангоми вохӯриҳо, дар ҷамъомадҳо ин фалокатро ёдовар мешаванду бо андешаҳои дарҳам-барҳами худ хулосабарорӣ карда, файласуфона мегӯянд, ки агар:
-савдогарон пеш аз рафтан ҳолати бехатарии ашёи барқиро аз назар мегузарониданд;
-дар растаҳо, роҳравҳо, ҳар ваҷаб ҷойи холиро барои савдо намекушоданд;
-ошхонаҳоро дар маҳалли алоҳида ҷой медоданд;
-байни растаҳо роҳи мошингузар мемонданду сӯхторхомушкунакҳо ба осонӣ дохили бозор мешуданд;
-шахсони масъулу ваколатдор ин ҳамаро агар нодида намегирифтанд, шояд ин ҳолат рух намедод, мабодо сӯхтор сар мезад ҳам, хомӯш карданаш мумкин буд.
Ин мушоҳидаҳоро мардум сабабҳои аз беэътиноӣ, беэҳтиётӣ, риоя накардан ба қоидаҳои зидди сӯхтор медонанд, ки фалокати ногаҳонии гӯшношунид ва барбод рафтани маблағҳои ҳангуфтро ба пай овард. Аммо гурӯҳи дигар ҳамаи инро нишонаи «ғазаби Худованд» нисбати қиматфурӯшиву мардумфиребии фурӯшандаҳо медонанд. Агар каҷ шиштаву рост гӯем, ин ақида то ҷойе воқеист. Нархҳо ончунон осмонист, ки забонат намегардад ёдрас шавӣ. Нархи як попӯшии кӯдакеро, ки пойи росташро аз чапаш фарқ намекунад, шунида, нафасат ях мекунад, кӯдакдориатро фаромӯш мекунӣ. Як тагпӯш (майка) ё курта хариданӣ бошӣ, нархашро шунида розӣ мешавӣ, ки бараҳна гардӣ ё аз куҳнафурӯшон (секонхенд) бихарӣ. Агар инро соатҳо давом диҳем, ба охир намерасад. Кадом як аламро мегӯӣ, вақте қимати як дона собун ба 6(8)-7(9) сомонӣ расида бошад.
Чуноне ки барандаи барномаи муаллифии "Следствие вели..."-и шабакаи НТВ-и Россия Леонид Каневский мегӯяд: "Впрочем, это совсем другая история".
И. ҲАСАНОВ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...