Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хушунат оиларо ба парешонӣ мебарад


Хушунат оиларо ба парешонӣ мебарад




Хушунат ва зӯроварӣ дар оила метавонад ҳолатҳои ногувори манфиро ба бор оварад. Пош хӯрдани оилаҳо, аз даст додани саломатии рӯҳиву равонии шахс, дар ҳолати ногувор қарор гирифтани фарзандони ноболиғ, ятим мондани фарзандон, ба худкушӣ даст задани баъзе ашхос, рӯоварӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи маводҳои нашъаовар ва дигар омилҳое, ки боиси таассуфу нигаронӣ мешаванд, аксаран аз зӯроварӣ ва хушунати беасос сар мезанад.

Назаре ба рӯзгори як зан

Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар санадҳое, ки ниҳодҳои дахлдори давлатию байналмилалӣ пешбинӣ намудаанд, ҳуқуқи зану мард дар муҳити хонаводагӣ баробар мебошад ва зӯроварӣ дар он ҷурм ҳисобида мешавад. Ҳарчанд, дар ҷомеаи кунунӣ қонунҳои зиёде ҳастанд, ки манфиатҳои оилавӣ аз ҷониби онҳо ҳимоя карда мешавад, аммо афроде пайдо мегардад, ки ба он бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд ва даст ба амалҳои номатлуб мезананд.

Саргузашти яке аз занҳое, ки зиндагии вазнинро аз сар гузаронидаасту аз хушунат ва зӯроварӣ дар муҳити хонаводагӣ оқибат ба хонавайронӣ расидааст, Нигина Юсупова (номи шартӣ) мебошад.

Ӯ иброз медорад, ки дар тӯли чор соли зиндагӣ бо шавҳараш, рӯзи хушро надидааст. “Аҳли хонаводаи шавҳарам бо ман муносибати бад доштанд. Рӯзе набуд, ки маро лату кӯб накарда бошанд. Чор сол ба ин зулму истибдод тоқат кардам, вале дигар ба ин ситам тоб наоврда, хонаи шавҳарро тарк намудам”, – мегӯяд Нигина. Имрӯз ҳолати рӯҳии Нигина он қадар хуб нест, тарс вуҷудашро зер кардааст ва аз ҳар чизи кӯчак меҳаросад...

Хушунат дар оила аз ни гоҳи ра воншинос

Зӯроварӣ дар муҳити оила натанҳо ба иқтисодиёту маънавиёти оила таъсир мерасонад, балки аз ҳама нигаронкунанда, ба рӯҳияи шахс зарбаи сахт мезанад. Баъзан, ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки аз вазъи ногувори зиндагӣ, ки худ аз зӯроварӣ ва хушунат ибтидо гирифтааст, тарафайн ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор мешаванд. Саргузашти зиндагии Нигина далели гуфтаҳои болост.

Доир ба масъалаи мазкур равоншинос Хайриддин Собиров, чунин мегӯяд: “Масъалаи зӯроварӣ дар оила ба яке аз мушкилиҳои мубрами рӯз мубаддал гашта, таъсири худро натанҳо дар байни зану шавҳар, балки ба тафаккур ва андешаронии кӯдакон низ халал ворид мекунад. Беаҳамиятии волидон ба кӯдакон дар ҳаёти ояндаашон на фақат хотироти бад, балки норозигиро дар оила ва фарзандон ба вуҷуд меорад. Вақте ки дар оила зӯроварӣ дида мешавад, дар тафаккури кӯдакон бадбинӣ нисбат ба муҳити хона ва хонавода пайдо шуда, ҳатто баъзе вақт ба худкушӣ оварда мерасонад”.

Чӣ қа дар оилаҳо пош хӯрданд?

Тибқи иттилои Меҳринисо Холмуродова, мудири шуъбаи Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар се моҳи охири соли равон дар вилоят 970 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 250-то зиёд мебошад. Аз ин шумора 814 тои он ба тариқи ҳалномаи суд ва 156 -тои он бо сабт дар асоси аризаи зану шавҳар ҷудо шудаанд. Барномаи давлатӣ оид ба “Пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” ба имзо расидааст. Тибқи барномаи мазкур қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон низ роҳандозӣ шуда, барои иҷро ба шаҳру навоҳӣ ирсол карда шудааст.

Дар се моҳи охири соли равон 52 нафар бо хушунат ба марказҳои махсуси машваратӣ дар ин самт ва Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муроҷиат кардаанд, ки онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ гирифта, мушкилиҳои худро ҳал намудаанд.

Қонун дар бораи зӯро варӣ дар оила чӣ ме гӯяд?

Дар банди 1-уми моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дарҷ гардидааст: “зӯроварӣ дар оила – кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад”.

Фатҳиддин Пиров, ҳуқуқшинос, иброз медорад: “Тибқи талаботи қонун, зӯроварӣ дар оила манъ карда шуда, ашхосе, ки ин талаботи қонунро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин, пешниҳод мекунам, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири зӯроварӣ дар оила зиёд карда шавад, зеро ин иқдом метавонад роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавонро дар ҷомеа кам кунад”.

Дурушт рафтор кардану дағал гуфтан, ин аслан ба фарҳанги миллии мо – тоҷикон рост намеояд, ҳамчунин, зӯроварӣ дар оила дар дини мубини Ислом низ иҷозат дода нашудааст. Рафтору амалҳои номатлуб дар оила метавонад, ки фарҳанги миллии моро коста гардонад. Беэҳтироми байни ҳамдигар, роҳ додан ба хушунат, ноҳурматӣ байни тарафайн, зулми маънавӣ нисбати фарзанд ва дигар омилҳои манфие, ки ба рушду инкишофи оилаву оиладорӣ халал ворид мекунанд, метавонад, ба пастравии ҷомеа оварда расонад. Мо низ бояд аз ин гуна амалҳои номатлуб ва хушунату зӯроварӣ дар хонаву хонавода ва муҳити беруна худдорӣ намоем. Асоси ҷомеаро оила ва асоси оиларо афроди бофарҳангу дурандеш ташкил медиҳад. Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, оила муқаддас аст ва бояд ба қадри пойдории он расид.

Шаҳодат ХОЛОВА,
коромӯзи рӯзномаи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода