Арӯс аз Чин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 055
Дар ҳама давру замон оила макони муқаддас маҳсуб меёбад. Дар бунёди оила ҳамсар нақши асосиро мебозад. Оила, падару модар дар тарбияи фарзандон ва ояндаи неки онҳо дар якҷоягӣ саҳми муассир доранд. Аз ин лизоҳ, ҳамеша барои кӣ ва аз кадом оилаву миллату нажот интихоб гардидани ҳамсар таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб мекунад.
Муҳаммадҷон Қарабоев дар оила фарзанди хурдӣ мебошад ва волидон дар интихоби завҷаи ояндаи ӯ нозукбинона муносибат мекарданд. Зеро, келини хурдӣ барои ҳамешагӣ бо падару модар мемонад. Нафаре лозим аст, ки хизмати хусуру хушдоманро дар сатҳи баланд ба ҷо биёрад.
Муҳаммадҷон муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шаҳритусро соли 2019-ум хатм карда, барои омӯзиши забони чинӣ ба шаҳри Душанбе меравад. Пас аз муддате таҳсил кардан бо як барномаи таълимӣ ба шаҳри Тайиланди Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта, дар донишгоҳ ба омӯзиш фаро гирифта мешавад.
Дар таҷлили зодрӯзи ҳамсабақаш бо як духтари чинӣ шинос шуда, як моҳ мулоқот мекунад. Пасон ба Тоҷикистон баргашта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо духтари чинӣ мукотибаашро идома медиҳад. Бо ҳамин давоми ду сол бо ҳам суҳбат карда, ҳамдигарро хуб мешиносанд ва меомӯзанд. Муҳаммадҷон ба хулосае меояд, ки духтари чиниро ба оиладорӣ даъват намояд. Ҳамин тавр низ мекунад.
- Ман то андозаи ошиқи он духтар гашта будам, ки дигар ба миллату дину фарҳангаш диққат намедодам. Боварӣ доштам, ки бо оиладоршавӣ ӯро ба сӯйи худ мекашам ва аз ҷумлаи мо мешавад, - нақл мекунад Муҳаммадҷон. – Cипас, ӯро ба издивоҷ даъват кардам. Аввалан, дар ҳайрат монд ва пасон гуфт, ки бо падару модараш суҳбат мекунад. Ман низ бо волидонам суҳбат карда, дар бораи Китика (номи аслии духтари чинӣ) маълумот додам. Онҳо низ дар ҳайрат буданд, аммо ман онҳоро мутақоид карда тавонистам. Масалан, бо оне, ки ӯ дини исломро қабул мекунад. Либоси миллии моро ба бар карда, бо фарҳангу маданияти мо зиндагӣ менамояд. Ин гуфтаҳоям барояшон писанд омад, вале бовар намекарданд.
Китика изҳор дошт, ки барои ман низ ин пешниҳод ғайриинтизор буд. Бале, мо ҳамдигарро дӯст медоштем, аммо хонадоршавӣ умуман чизи дигар аст. Ман ҳоло 21-сола буда, донишҷӯ ҳастам, бунёди оила бароям хеле барвақт аст. Ман дар хона фарзанди ягона ҳастам. Барои ҳамин вақте ба падару модарам пешниҳоди Муҳаммадҷонро гуфтам, онҳо бовар накарданд ва гуфтанд, ки фиребам медиҳад. Ҳоло бисёриҳоро фиреб мекунанд.
Аммо, пас аз маслиҳатамон барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани чиптаи ҳавопаймо Муҳаммадҷон ба ман маблағ равон кард. Ин амалаш боварии волидонамро бештар намуд. Яъне, агар фиреб додан мехост, ин қадар маблағро беҳуда амефиристод. Ман ба хулосае омадам, ки ба Тоҷикистон назди Муҳаммадҷон меравам. Хешовандонам ва дӯстонам ин амаламро кӯтоҳандешӣ мехонданд. Вале дар ақидаи худ устувор будаму ба муҳаббати Муҳаммадҷон бовар мекардам. Чун дӯстдорӣ аз боварӣ сарчашма мегирад.
Муҳаммадҷон Китикаро аз фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба хона, назди волидон овард. Бо дидани духтараки чинӣ ҳама дар ҳайрат монданд. Аммо, кӯшиш мекунанд, ки интихоби фарзандашонро қабул кунанд. Падар дину мазҳабу фарҳангро хотиррасон мекунад.
- Ман ва волидонам медонистем, вақте духтар ба кадом ҷавонписаре оиладор мешавад, ӯро лозим аст, ки дину фарҳангу маданияти ӯро қабул кунад. Асоси норозигӣ ва муборизаи волидонам ҳам барои ҳамин буд. Аммо, ман барои Муҳаммадҷон шуда, иваз кардани дину мазҳабу фарҳангамро пазируфтам. Дар бораи дини ислом, зиндагӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ маълумотнокиамро зиёд мекардам. Ҳатто калимаи шаҳодатро азбар намудам, - гуфт Китика.
Наргиза Қарабоева, хоҳари Муҳаммадҷон, изҳор намуд, ки гоҳе аз ҳайрат хандаамон меомад. Ин ҳодисаи хуш филми ҳиндиро мемонд. Вале ҳаракат мекардем, ки интихоби бародарамонро эҳтиром кунем ва ба янгаи чиниамон одат кунем. Бо сабаби оне, ки ман забони англисиро медонам, бо ӯ суҳбат карда метавонам, вале волидон ва баъзе аз хешовандон бо ёрии тарҷумон суҳбат мекунанд.
Бародарам ё ман тарҷумони онҳо гаштаем. Аввал гумон мекардем, ки оиладоршавӣ бо дигар миллату давлат ғайриимкон аст. Аммо, пас аз оғози зиндагии бародарам бо арӯси чинӣ фикрамон дигар шуд. Ба Китика номи Хадича монданд ва ӯ дини исломро қабул карда, тарки бутпарастӣ намуд. Бо либосҳои тоҷикона тоҷикона зиндагӣ карданро қабул дошт.
Тӯй низ тоҷикона бо оши наҳор ва риояи дигар анъанаи хоси тоҷикона баргузор гардид. Барои ҳамаи иштирокдорони тӯй ҷолиб буд. Мехостанд, ки як бор арӯсро бубинанд. Арӯс оин ва дигар анъанаро бо ба бар кардани либоси арӯсӣ хуб анҷом дод. Домод низ аз домодҳои дигар тӯйҳо фарқкунанда буд. Чуноне, ки ба арӯс таваҷҷуҳ доштанд, ҳамон гуна домодро низ суолборон мекарданд. Ба ҳамин минвол тӯй хотирмон ва хуб гузашт.
Акнун, панҷ моҳ мешавад, ки Муҳаммадҷон бо Хадича (духтари чинӣ) зиндагӣ доранд. Муҳаммадҷон дар ин муддат дар бонки ғайридавлатӣ ба кор шурӯъ карду Хадича дар Маркази забономӯзие аз фанни забони чинӣ дарс мегӯяд. Дар ин баробар дар донишгоҳи болозикри чинӣ ба таври онлайнӣ дарс мехонанд.
Дар деҳа ва ноҳия ин оиларо чун хонаводаи замонавӣ эътироф карда, ба ҳарду ҷавон ва наздикони онҳо аҳсан мехонанд. Дар арафаи Рӯзи оила хабари хуше оилаи онҳоро сарфароз кард. Мужда аз интизории тифл аст, ки оилаи онҳоро мустаҳкамтар менамояд.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...