Як рӯз бо сарбозон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 975
Идораи рӯзнома тасмим гирифт, ки дар пешорӯи 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити зисту хизмати сарбозони қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда гузориш омода намояд.
Қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, ин боргоҳи шуҷоату мардонагӣ, ҳамакнун ба мавзеи хубу намунавии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонписарони кишвар мубаддал гардидааст. Он дорои варзишгоҳу хобгоҳ, китобхонаву ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
ДИДОР БО ҲАМПЕША
Дар қисми низомии 07017 нахуст мо бо сарбози қаторӣ Баракатулло Валиев вохӯрда, аз шароити хуби хидматӣ, бахусус, ҷойи хоб, хурду хӯрок, таъмин бо сару либоси наву замонавии аскарӣ суҳбат намудем.
Баракатулло Валиев сокини ноҳияи Дӯстӣ буда, дар рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ» ҳамчун сармуҳаррир фаъолият менамуд. Ҳамакнун, муддати чор моҳ мешавад, ки дар қисми низомӣ хизмат дорад. Ӯ хеле хушнуду ризоманд мебошад, ки аз ин мактаби мардонагӣ сарбаландона гузашта истодааст.
“Бо хоҳишу ихтиёри худ, пас аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз ноҳияи Дӯстӣ сафарбар шудам, - мегӯяд Баракатулло. - Ният дорам, ки баъди хатми хизмати аскарӣ корамро дар риштаи рӯзноманигорӣ идома диҳам. Ба дӯстонам гуфтаниям, ки шароити хизмат хуб аст, ғизои гарм, ҷойи хобамон роҳат аст. Ҳоло мехоҳам хизмати Ватанро адо намуда, ба хизмати падару модари худ ҳозир шавам.
СОҲИБИ ДӮСТОНИ ҶОНӢ ШУДЕМ
Саидмаъруф Азизуллоев, сарбози қаторӣ, ки баъди хатми риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст, чунин мегӯяд: “Баъди хатми донишгоҳ бо хоҳиши худам ба ҳизмати ҳарбӣ омадам. Хизмати аскарӣ хуб аст, аз шароит комилан розиям. Ҳимояи марзу буми кишвар ва хизмати содиқонаю сарбаландонаи сарбозони шуҷоу ватандӯст дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҷавонмардию ватандӯстии ҳар як инсон шаҳодат медиҳад. Бахусус, дар ҷашни 29 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар сафи сарбозон бо либоси низомӣ истодан бароям мояи ифтихору сарфарозист. Оянда азм дорам, ки дар соҳаи ҳарбӣ корро идома диҳам”.
Файзалӣ Юнусов донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, пас аз хатми донишгоҳ мехоҳад, ихтиёран, баҳри адои қарзи ҷавонмардии хеш ба хизмати ҳарбӣ шомил шавад.
Файзалӣ Юнусов зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки он нафаре аз хизмат саркашӣ мекунад, модари худро, Ватан ва оилаи худро ҳифз намекунад. Файзалӣ ният дорад, ки пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро маҳз дар қисмҳои низомӣ идома дода, ҳамеша дар ҳифзи марзу бум саҳмгузор бошад.
Шамшод Саидзода, сарбози қаторӣ, иброз дошт, ки «То анҷоми хизмати ман 1 солу 6 моҳи дигар мондааст. Дар хизмати аскарӣ соҳиби дӯстони бисёру бародарони ҷонӣ шудам. Якҷо хӯрок мехӯрем, якҷо машқ мекунем. Аз ҳама гӯшаи Тоҷикистон рафиқ дорам. Барои ҳамин, кӯшиш мекунам, ба савганди низомӣ содиқ монам. Гуфтаниям, ки хизмат шараф аст ва то онро анҷом надиҳӣ, моҳияти аслиашро намефаҳмӣ ва ба қадри Ватан, модар, падар ва дигар неъматҳои рӯзгор намерасӣ».
Хуршед Толибзода, муовини командири қисми ҳарбии 07017 чунин иброз дошт: «Мо бо мадади мутахассисони Вазорати мудофиаи кишвар, Прокуратура ва Суди ҳарбии гарнизони Бохтар суҳбатҳои тарбиявиро миёни сарбозон зиёд ба роҳ мондаем, то ин ки ҳамагуна муносибати ғайриойинномавӣ пешгирӣ карда шавад».
“РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД”
Ба иттилои Хуршед Толибзода, муовини командири қисми ҳарбӣ, ҳар ҳафта “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад, ки дар он аз шаҳру ноҳияҳои атроф мактаббачаҳо ва аз донишгоҳу коллеҷҳо донишҷӯён барои шинос шудан бо шароити буду боши сарбозон ташриф меоранд, ки ин аз манфиат холӣ нест.
Худи ҳамон рӯз дар қисми ҳарбии 07017 вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо сарбозон сурат гирифт. Онҳоро командири қисми низомӣ Музаффар Маҳмадшоҳзода ва муовинаш Хуршед Толибзода истиқбол намуданд.
Дар ин ҳайат Содиқ Аминҷонов, мудири шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Ҳоким Раҳимзода, муовини прокурори ҳарбӣ, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён шомил буданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Музаффар Маҳмадшоҳзода, командири қисми ҳарбии 07017 оғоз гардид. Гуфта шуд, ки афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар сарбаландона иҷро мекунанд ва ба хотири дифоъ аз оромиву суботи ҷомеа, тамомияти арзии кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизи худ ҳамеша омода хоҳанд буд.
Дар ин замина туҳфаҳои омодакардаи раёсати донишгоҳро ба сарбозони қисми ҳарбии 07017- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ намоиши машқҳои элементӣ ва намоиши муҳорибаҳои тан ба тан гузаронида шуд.
Дар охир, дастаи фарҳангии «Леваканд»-и назди донишгоҳ бо рақсу суруди рангин хотири меҳмонон ва сарбозонро шод намуданд.
Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”