Соҳибкорони хатлонӣ 1762 иншоот бунёд карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 033
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ муҳим мебошад. Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ҷоннок карда, ба онҳо дар пешбурди фаъолият ҳаматарафа мусоидат менамояд.
Рӯзҳои наздик дар шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ доир хоҳад гашт. Дар арафаи ин вохӯрӣ оид ба фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2021 рӯзномаи “Хатлон” бо Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, суҳбат орост, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманд мегардад.
- Тибқи дастури Пешвои миллат, мақомоти маҳаллӣ бояд бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои мунтазам зиёд намудани сармоягузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври доимӣ чораҷӯӣ намоянд. Мегуфтед, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон чанд лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад?
- Дар вилояти Хатлон феълан 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки маблағи азхудшудаи ин лоиҳаҳо 610 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст. Маблағҳои азхудшудаи лоиҳаҳои давлатӣ ба соҳаҳои маориф - 3,7%, кишоварзӣ - 1,5%, экология ва ҳолатҳои фавқулода – 2,3%, ирригатсия (обёрӣ) – 2,4%, хоҷагии манзилию коммуналӣ – 5,8%, нақлиёт – 18,1%, тандурустӣ – 5,7% ва энергетика 60,3% рост меояд. Ба вилоят, тибқи нишондоди Раёсати агентии омори вилояти Хатлон, соли 2021-ум 83094,9 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54886,9 ҳазор доллари ИМА зиёд мебошад. Аз маблағи сармояи хориҷии воридгардидаи давраи ҳисоботӣ 17587,58 ҳазор доллари ИМАро сармояи мустақим ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020-ум 2898,98 ҳазор доллари ИМА ё ин, ки 19,7 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, ба қаламрави вилоят 1613,3 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1368,3 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
- Мегуфтед, ки сармояи хориҷӣ асосан аз кадом давлатҳо ба иқтисодиёти вилоятамон ҷалб шудаанд?
- Ба вилоят аз 31 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (38,7%), Чин (30,7%), Эрон (17,3%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (7,4%) рост меояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо ҷалби сармояи хориҷӣ як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва корхонаҳои калони саноатӣ бунёд гардида, ба рушди иқтисодиёти кишварамон заминаи мусоидро фароҳам овард. Масалан, дар ин давра Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқии обии “Сангтӯда-1”, Неругоҳи барқии обии “Сангтӯда - Сангоб”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Чжунтай Данғара Синсилу Текстил”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Чжунтай Хатлон Синсилу”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаксин Ғаюр Семент”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунтай Моҳир семент”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Талко Кемикал”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТК ОЙЛ” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳоди аграрии Водии Зарин” бунёд карда шудааст.
- Дар Тоҷикистон аз тарафи давлат барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ имконияти хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳадафи ниҳоӣ он аст, ки соҳибкорону сармоягузорон таъсири мусбати ислоҳотро ба таври возеҳ бояд эҳсос намоянд. Дар вилояти Хатлон шумораи соҳибкорон чӣ қадар аст ва барои дастгирии соҳибкорӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
- Дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, дар давраи то 1 январи соли 2022-юм 26461 нафар соҳибкорон тибқи патент, 6955 нафар бо шаҳодатнома, 65575 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва 8788 шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ тибқи нишондоди феҳристи ягонаи давлатӣ 107779 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2240 адад ё ин ки 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Соли 2021 дар вилоят 9721 субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 146 адад, бо шаҳодатнома 821 нафар, бо патент 5115 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3639 адад таъсис ёфта, 7022 субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 236 адад, бо шаҳодатнома 469 нафар, бо патент 5238 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1079 адад барҳам дода шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зиёде андешида, дар ин давра бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба - дар солҳои 2009-2011, 2011-2013, 2018-2021 мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ эълон намудааст. Дар баробари ин, баҳри рушди соҳибкорию сармоягузорӣ 113 имтиёзи андозию гумрукӣ муайян гардида, ин имтиёзҳо ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат намуда истодааст. Масалан:
- ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз пардохти андоз аз фоида ва андози низоми содакардашуда озод шудани корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда (инчунин, корхонаҳои саноатӣ) ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар муҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи ибтидоии бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дахлдори сармоягузориҳо;
- ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ озод гардидани даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба дастовардаи субъектҳои соҳаи мазкур;
- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ;
- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ;
- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ;
- эълон намудани мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои мухталиф;
- ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ барои корхонаҳои дӯзандагӣ;
- аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод намудани воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, аз санаи барориш як сол нагузашта;
- воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ барои корхонаҳои дорусозӣ, инчунин таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат;
- воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ҳангоми воридот бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд;
- аз 1 январи соли 2018 озод кардани корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғулбуда, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андозҳои фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.
- озод кардани субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои моҳипарварӣ ба муҳлати 6 сол аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва ҳангоми воридоти технологияву таҷҳизот аз пардохти боҷи гумрукӣ.
Бояд гуфт, ки ҳарчӣ бештар пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ имкон дода истодааст, ки соҳибкорон таваҷҷуҳи худро ба бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ равона намоянд.
- Саҳми соҳибкорони хатлониро дар корҳои ободониву созандагӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Танҳо соли 2021 аз ҳисоби сармояи дохилӣ, яъне соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1742 адад биною иншоот, корхонаю коргоҳи истеҳсолию ғайриистеҳсолиро ба маблағи 688,8 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор доданд. Аз ин ҳисоб 2690 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки аз ҳисоби сармояи дохилӣ бо истифода аз қарзҳои имтиёзнок дар вилоятамон як қатор корхонаҳои саноатӣ, ба монанди ҶДММ “Ориён Рустам”-и шаҳри Кӯлоб, “Корхонаи истеҳсоли тамат, паста ва афшураҳои консентронидашуда”-и хоҷагии деҳқонии “Хуросон”-и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Мармарӣ”-и ноҳияи Данғара, ҶДММ Фабрикаи мурғпарварии “Беҳамто” ва ҶДММ “Ваҳдат”-и ноҳияи Ёвон, ҶДММ “Ҳазориспанд”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Кооперативи истеҳсолии “Нуфузи Вахш”-и ноҳияи Вахш таҷдид ва бунёд карда шуда, барои сокинони вилоят ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд.
Яъне, нақши бахши хусусӣ ва саҳми соҳибкорони Хатлонзамин дар вусъати раванди ислоҳот дар доираи саноатикунонии мамлакат назаррас мебошад.