Меҳри ҳамсоягӣ коҳиш ёфтааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 851
Анъанаи ҳамсоядорӣ аз рукнҳои асосии одаму одамгарӣ, афзудани меҳру муҳаббати байни мардум ба шумор меравад. Дар ин бобат мақолу ҳикматҳои зиёде низ ҳаст. “Хона нахару ҳамсояи хуб бихар”, “Ҳамсоя-сояи ҳамсоя”, “Ҳамсояи хуб-роҳати ҷон”, “Хубу бади ҳамсояро ҳамсоя медонад” ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд. Инак, андешаҳои пири рӯзгордида Ҳасанҷон Кӯчаров, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.
-Синни ман ба 70 расидааст. Неку бади зиндагиро зиёд дидаам. Рӯзномаи дӯстдоштаам “Хатлон” мавзӯи муҳим-ҳамсоядориро мавриди баҳс қарор додааст, ки он хеле хубу бамаврид ва боиси дастгирӣ ҳам ҳаст. Акнун, меоем сари мавзӯъ.
Ҳамсоядории имрӯзаро ба солҳои пешин қиёс карда, фарқиятро аз замин то осмон мебинам. Мутаассифона, имрӯзҳо ҳамсоядорӣ бо сарват (дороӣ) қадр карда мешавад ва меҳри ҳамсоягӣ коҳиш ёфтааст. Байни ҳамсояҳо деворҳои баланд бардошта мешаванд, аз якдигар паси девор паноҳ меҷӯянд. Бо ҳамин дар байни ҳамсояҳо меҳру муҳаббат намемонад, девор монеа мешавад ва онҳо ба якдигар бегона мегарданд.
Солҳои ҷавонӣ, ёд дорам, ин тавр набуд. Дари хонаҳо қуфлу ҳавлиҳо дарвоза надошт. Байни ҳотаҳо низ танҳо бо ҷӯйборчае ҷудо буд, девор намегирифтем. Шояд пурсед, ки чаро девор намебардоштем? Байни ҳотаҳо ва ё ҳамсоягӣ девор бардоштан аз ҳар ҷиҳат зиён дошт. Девор ба он хотир бардошта намешуд, ки замини ҳота шамолрас шаваду ҳосили зироат фаровон гардад ва он хуб пухта расад. Вақте девор бошад, шамолро мегардонаду ҳосил ҳам кам мешавад. Хосияти дигар ва хуби кушода будани байни ҳотаҳо дар он аст, ки ҳангоми дар қитъаи наздиҳавлигӣ кор кардан меҳнати ҳамсояҳоро дида, хасташавӣ ҳис намешавад, аз якдигар неру ва ҷое маслиҳат мегирӣ. Вақти истироҳат бо ҳам нишаста, сари як пиёла чой суҳбати гарм меороӣ. Зиндагии якдигарро чун оина дида, ҳисси бахилию ҳасадхӯрӣ ва кинаву адоват аз байн меравад. Ҷанҷоли зану шавҳар ва хушунат низ аз шарми ҳамсоя рух намедиҳад. Рафтуомади якдигарӣ бештар мегардад, фарзандон бо ҳам унс гирифта, дар оянда ҳамсоягиро қавӣ менамоянд.
Дар ин маврид боз як анъанаи неки ҳамсоядориро мехоҳам ёдовар шавам. Солҳои қаблӣ, вақте ки ҳамсоя хӯрок ё нон мепухт, ба хонаи ҳамсоя, албатта, як коса хӯроку як нони гарм мефиристод. Бо ин шиками кӯдакону ҳамсоя сер намешуд, вале меҳру муҳаббати онҳо зиёд мегашт. Ё худ, ҳангоми ба хонаи ҳамсоя омадани меҳмонро бигирем. Дар ин ҳолат низ ҳамсояҳо бе ягон даъват бо косаи ҷурғот ва як нон аз дари ҳамсоя медаромаданду бо меҳмон дар суҳбат мешуданд. Меҳмон бо як ҷаҳон таассурот ба хонаи худ бармегашт ва сифати ҳамсоядории он маҳалро мекард.
Ҳангоми сохтмони хона андоваи боми он бошад, бо кумаки ҳамсояҳо тариқи ҳашар анҷом меёфт. Байни ҳавлиҳо, ки девор надошт, аз ҳолу аҳволи якдигарӣ зуд огоҳӣ меёфтем.
Ҳоло бошад, ин тавр нест. Ҳамсояҳоро деворҳои баланд аз якдигар ҷудо мекунанд. Баъзан бемор шавӣ ҳам ҳамсояҳо хабар намеёбанд. Ҳатто ба маъракаи ҳамсоя намераванд, ҳамсоягӣ бо пулдорӣ қадр мегардад. Дар шаҳр, дар биноҳои бисёрқабата бошад, ҳамсоя ҳамсояи паҳлуро намешиносад, якдигарро бо чашмаки дар (глазок) мебинад.
Ман бисёр мехоҳам, ки фарзандони мо он анъанаҳои неки ҳамсоядории бобоёну падаронро пос дошта, идома диҳанд. Зеро зиндагӣ яксон набуда, пастию баландиҳо дорад. Тани гарм бедард нест. Умр низ ашки сари мижгон аст. Мушкилоти зиндагӣ рӯз ба рӯз ба дӯши мо бор мешавад. Ин ҳамаро танҳо тариқи якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббати байни ҳамсояҳо бартараф кардан имконпазир аст. Аз ҳоли ҳамсоя огоҳ шуда, хубу бади ҳамдигарро мефаҳманд. Аз ин хотир, анъанаҳои неки ҳамсоядориро бояд нигоҳ дошт...
Аз идора : Хонандагони азиз! Масъалаи муҳими рӯз пешкаши шумо карда шуд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред? Фикру мулоҳиза ва таҷрибаи худро дар бораи ҳамсоядорӣ Тавре Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ навишта, ба мо фиристед. Мо интизори номаҳои шумоем.