Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Шуҳрату иқбол дорад халқи ман


Шуҳрату иқбол дорад халқи ман



Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ ҷашну санаҳои бисёри хотирмон дорад, ки онро боифтихор таҷлил менамоянд. 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва марҳилаи наву тозае дар таърихи халқи тоҷик оғоз шуд.

Баъди ҳазор сол мо боз соҳиби Ватани комилҳуқуқ гардидем. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан даҳҳо абардмардони тоҷик тӯли асрҳо муборизаю ҷоннисориҳо кардаанд. Дар роҳи расидан ба истиқлол, аз шоҳ Исмоили Сомонӣ сар карда, то Муқаннаъ, Восеъ, Темурмалик, Айнӣ ва дигар бузургони миллат саҳми шоиста доштанд, ки таърих ҳаргиз онҳоро фаромӯш нахоҳад кард.

Мо ҳамеша шукри ин неъмати Худовандро мекунем, ки ба ин ганҷи бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ сӣ сол аст, ки шарафёб гаштаем. Ватани тозаистиқлоли мо дар ин муддати на он қадар тӯлонӣ ба пешравию дастовардҳои бузург ноил гаштааст, ки аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами кишвар, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад.

Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Истиқлолият волотарин ва пурқимматарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри 20-ум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси узви Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба даст омада, ҳамчун шакли мутамаддини пешрафта сабзид ва ба қуллаи умед расид.

Бо шарофати Истиқлолият ва заҳматҳои бепоёни Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайваст. Мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон обрӯю нуфузи бештар пайдо карда, кишвари моро имрӯз беш аз 160 давлати дунё ба расмият шинохта аст. Тоҷикистон аз моҳи марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид буда, парчами он дар қатори парчамҳои 193 давлати олам дар майдони Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷавлон аст. Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналхалқии бехатарӣ ва амният дар Аврупо ва боз аъзои чандин созмонҳо ва ташкилоти дигари ҷаҳонӣ мебошад.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва аз баракати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем,  решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, арзишҳои фарҳангии ниёгонамонро барои таҳкими ватандӯстиву худшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон васеъ истифода барем».

Дар ин муддат дар ватани азизамон пайкори созандагӣ, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, шоҳроҳҳои азим, дабистонҳо, муассисаҳои иҷтимоиву фароғатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ва бояд қайд кард, ки дар ин раванд, як қатор дигаргуниҳои азим дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият низ ба амал омад.

Ҳамаи мактабҳои дар замони истиқлолият сохташуда ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Ва ин аз амалҳову ниятҳои накӯи Сарвари миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Ин мактабҳои хело ҳам зебову дилкаш бо технологияи навтарини замонавӣ таҷҳизонида шуда, бо омӯзгорони боистеъдоду лаёқатманд таъмин ҳастанд ва макони илму маърифат ба ҳисоб рафта, ба фарзандони халқи диёрамон сабақ меомӯзонанд. Омӯзгорӣ касби пуршараф буда, омӯзгорон шогирдони зиёдеро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандориву ватанпарастӣ ба камол мерасонанд. Мо - ҳамагон шукри файзи истиқлолиятро мекунем, ки имрӯзҳо дар вилоят мактабҳои дорои шароитҳои хуби замонавӣ қомат афрохтаанд.

Мо - ҷавонон ҳамчун шахсони ватандӯсту ватанпарвар аз соҳибистиқлолии меҳан илҳом гирифта, бояд Истиқлоли давлатии миллати соҳибтамаддуни тоҷикро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Абдураҳмон ЁҚУБЗОДА ,
раиси Суди шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода