Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ташаккур, барои дастгирӣ!


Ташаккур, барои дастгирӣ!



Банда сокини деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ мебошам. Бо амри тақдир аз пойи равон маҳрумам. Маъюби гурӯҳи аввал ҳастам. Бо ҳаминаш ҳам шукр мекунам ва боз шукр мекунам, ки дар зиндагӣ худро танҳо намеҳисобам. Давлату Ҳукумат, алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саробону ғамхори мост. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз амалу ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ба шахсони эҳтиёҷманд ғамхории доимиашонро дареғ намедоранд.

Ман низ аз зумраи эҳтиёҷмандон будам, ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доштам. Пӯшида набуд, ки ҳеҷ гоҳ ман тани танҳо ба сохтмони манзил қодир нестам. Ба мақомоти боло муроҷиат кардам, то бароям қитъаи замине ҷудо намоянду дар сохтмони хона дастгирам шаванд.

Боиси шодии ману пайвандонам аст, ки дар аввалин муроҷиати ман ба вилояту ҷумҳурӣ ба мактубам ҷавоб гардониданд. Бо дастгирии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ман қитъаи замин ҷудо гардид, меъморон тарҳи бинои манзили зистамро кашиданд. Ҳамчунин, бо супориши бевоситаи раиси вилоят барои сохтмони бино 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, ба ман расонданд.

Ҳамин ёрӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода буд, ки бинои хонаам қомат афрохта, дохилаш пардоз дода шуда, дару тирезаҳояш часпонда шудаанд. Аз ғамхорию дастгирии ин мардони асил аз замин то осмон миннатдорам, таманнои онро дорам, ки доимо тансиҳат бошанду роҳнамои мо.

Аз номи аҳли оила бори дигар изҳори сипос менамоям!

Ибодулло Абдуллоев,
маъюби гурӯҳи аввал, сокини деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода