Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 284 иншооти ҷашнӣ дар Вахш бунёд гардид


284 иншооти ҷашнӣ дар Вахш бунёд гардид



Ба ҳар як нафақагир дар ноҳияи Вахш дар як моҳ ба ҳисоби миёна 294 сомонию 78 дирам нафақапулӣ пардохт карда мешавад.

Тавре ки Қурбон Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш, дар нишасти матбуотиаш хабар дод, Дар Шумораи нафақагирон дар ноҳия 15 ҳазору 2 нафар ба қайд гирифта шуда, ки маблағи талаботи нафақа дар нимаи якуми соли ҷорӣ 26 миллиону 353 ҳазору 40 сомониро ташкил додааст. Маблағи нафақаи нафақагирони ноҳия марҳила ба марҳила пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад. 

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ноҳияи Вахш 9 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 328 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бонкҳои ноҳия ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия 32,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба корҳои ободонию созандагӣ гуфта шуд, ки бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 37,7 километр роҳҳо санфарш, 1,5 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва 8 километр роҳ асфалтпӯш карда шуданд, ки маблағи масрафшуда 8 миллиону 343 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истоқлилияти давлатӣ бо дархост ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкорони маҳаллӣ теъдоди иншоотҳои сохташаванда дар ноҳияи Вахш 342 адад муқаррар карда шудааст. Дар давраи сипаригардидаи соли равон бошад, 29 адад иншоот ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб 38 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмӯъ, шумораи иншоотҳои сохта ба истифодадодашуда ва азнавсозигардида 284 ададро ташкил  медиҳад, ки 83 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода