ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026


МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026




Имрӯз, 14 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилояти Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. 

Дар кори маҷлис муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ сокинону фаъолони вилоят тавонистанд бо натиҷаҳои назаррас рушди иҷтимоию иқтисодиро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳо дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Сипас, муовини раиси вилоят Солеҳзода Ашурбой оид ба нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ҳисобот пешниҳод намуд.

Рушди иқтисодӣ ва буҷет

Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 ҳаҷми нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ ба 7,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеӣ 8 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 100,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 944,7 миллион сомонӣ ворид шудааст.

Дар ин давра ташкилотҳои қарзию молиявӣ ба иқтисодиёт 1,8 миллиард сомонӣ қарз равона намудаанд, ки қисми зиёди он ба соҳибкорӣ ва бахшҳои истеҳсолӣ рост меояд.

Саноат, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расида, 110 фоиз афзоишро таъмин намуд. Дар ин замина 26 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, 273 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулот ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, 7,5 фоиз афзоиш ба қайд гирифта шуд. Кишти пахта дар майдони зиёда аз 60 ҳазор гектар гузаронида шуда, кишти дигар зироатҳо низ идома дорад.

Ҳамзамон, дар вилоят 46 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард доллар маблағ ҷалб шудааст.

Савдо, хизматрасонӣ ва нақлиёт

Гардиши савдо ба 6,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 786,3 миллион сомонӣ расида, мутаносибан 36,9 ва 7,3 фоиз афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми боркашонӣ 10,1 миллион тонна ва мусофиркашонӣ 45,7 миллион нафарро ташкил дод.

Сохтмон ва инфрасохтор

Ба соҳаи сохтмон 619,8 миллион сомонӣ равона гардида, 125,1 фоиз афзоиш таъмин шуд. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 6981 иншоот ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Дар соҳаи маориф 30 иншооти нав бо 97 синфхона ба истифода дода шуда, дар соҳаи тандурустӣ 28 муассисаи нав мавриди истифода қарор гирифт.

Бозори меҳнат ва иҷтимоиёт

Дар семоҳаи аввал 6870 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, музди миёнаи меҳнат ба 2693 сомонӣ расид. Пардохти нафақа ба 306 ҳазор нафар пурра таъмин гардид.

Фарҳанг, ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, дар се моҳи аввал зиёда аз 344 ҳазор сайёҳ ба вилоят ташриф оварданд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, шумораи медалҳо афзоиш ёфт.

Вазифагузориҳо барои оянда

Дар фарҷоми маҷлис раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз роҳбарони сохторҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳо, таъмини иҷрои нақшаҳои андоз, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва омодагии сазовор ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Таъкид гардид, ки танҳо бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва меҳнати содиқона метавон ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят ноил гардид.

"Хатлон"


Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода