Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

МУҚАДДИМА
Муҳимтарин масъалае, ки устод Садриддин Айнӣ ҳаёти худро ба ҳаллу фасли он сарф намудааст, тарғиби зарурати донишандӯзӣ, маърифаткунонии саросарӣ, ташвиқи оммаи мардум барои расидан ба истиқлоли руҳиву равонӣ ҷиҳати ноил гаштан ба пирӯзии инқилоби маданӣ, таъсис, рушд ва пойдории давлати миллии тоҷикон буд.
Мутаассифона, дар шароити кунунӣ, агар бо такя ба принсипи таърихии дарки воқеияти ҳастӣ муҳокимаронӣ кунем, раванди ташаккули мафкураи қисме аз насли ҷавон самти диалектикии инкори баръакс– буҳрони хавфноктар аз замони Айниро касб кардааст.
Ҷаҳонбинӣ ва идеологияи хурофотӣ сабаб гашт, ки созмонҳои экстремистиву террористӣ давра ба давра шакл бигиранд. Ҳалқаҳои махфии он тамоюл ва имконоти барои давлати миллӣ хатарзои афзояндаро аз худ нишон диҳанд. Ин ҷараёнҳои махлут бо ифротгароӣ дар ягон давр чунин вусъати паҳншавӣ надоштанд, агар даҳшати замони ҷанги шаҳрвандиро истисно кунем.
Омилҳои аслии фоҷиа аз камбуди тарбия дар шароити оила(1), нотавонии мактаб(2), заифии муҳити маънавӣ(3) ва инфрасохтори ташаккули ҳисси ватандории баробарвазн ба ҷаҳонбинии таассубгароёна(4), адами масунияти(иммунитети) ақидавӣ дар муқобили таҳрики ғояҳои зиддимиллӣ (5) сарчашма мегиранд.
Маълум аст, ҷаҳонбинӣ маҷмуи систематикунонидашу-даи муҳтавои руҳи инсон– ангезандаи вокуниши амалии ӯ нисбат ба муҳити атроф аст. Маҳз ҳамин ҷавҳар воқеиятро ба тарзи идеалӣ дар худ инъикос мекунад. Баҳогузорӣ, ҳамзамон, нақшаи тағйири онро тарҳрезӣ менамояд. Тимсоли(образи) вазъ ва намунаи ояндаи чунин дигаргуниро дар ақли худ ҷой медиҳад. “Мебинад”. Роҳу восита ва усули бамақсадрасиро интихоб мекунад.
Бидуни шак, тафсири мазкур ифодаи классикии таърифи шинохти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Муҳим ба назар мерасад, ки ҳангоми арзёбии инкишофи ҷаҳонбинии узви ҷомеа, дар маҷмуъ, шуури ҷамъиятӣ, формулаи ёдшуда мадди назар гирифта шавад. Махсусан, вақте сухан дар бораи ҷараёни ифротишавии ҷомеа, оқибатҳои на чандон дур ва агар пешгирӣ нашавад, фоҷиабори он равад. Адабиёт муҳимтарин воситаи ташаккули руҳ, ҷаҳонбинии воқеӣ— муассиртарин василаи сохтани давлати миллӣ аст.
Агар ин амал бо дарки интихоби мавзуи рӯз, ҳамчун ниёзи иҷтимоӣ– таърихӣ, мақсаднок, устодона, нишонрас, ба умеди ноил гардидан ба натиҷаи меҳнати нависанда тарҳрезӣ ва анҷом шавад. Чуноне ки мо онро дар эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ мебинем.
Мавзуи баҳси мо, тавассути хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии ин нобиғаи илм ва каломи бадеӣ, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосир ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз узви ҷомеаи имрӯза мебошад. Зеро муътақид ҳастем: “Суханҳо ҳеҷ арзише надоранд, агар идеяҳоро ифода намуда, бо далелҳо зарурат ва ҳақиқати онҳо исбот нагарданд” (В.Г. Белинский. Собрание сочинений. Т. 8. – М.: 1982. – С.107).
ЗАРУРАТИ ИҶТИМОИИ АЙНИШИНОСӢ
Аз давраи ба Истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷик чанд даҳсола сипарӣ гашт.
Таърихи навтарин бори дигар исбот кард, халқ замоне соҳибдавлат мегардад, ки зарурати ногузир ва бебозгашти аз кашмакашҳои дохилии ҷомеа раҳо шудани хешро ба куллӣ эҳсос намояд(1), руҳ, маънавиёт ва соҳибиродагии сиёсӣ нишон диҳад(2), шароити таърихӣ ба он созгор ояд(3) ва сарвари қудратманди дорои сифатҳои фавқулода дошта бошад, ки таъсис, ташкил ва раҳбарии давлатро ба уҳда бигирад(4), дар фаъолияти сиёсӣ нақша ва ормонҳои тамаддунии миллатро собитқадамона амалӣ созад(5).
Ба бахти таърихии халқи тоҷик дар вазъи фоҷиабор, ки Тоҷикистон на ҳамчун мафҳуми ҳуқуқии давлат, балки дар доираи истилоҳи ҷуғрофиёии мамлакат ҳанӯз ҳам арзи ҳастӣ менамуд, Пешво, саробон ва роҳнамои худро пайдо кард.
Ӯ тавонист шароит, захираҳои маънавӣ ва моддии мардуми хешро ба хотири барқарории давлат, таъмини сулҳу субот, рушду тараққии он хирадмандона сафарбар кунад. Давлати мус тақили барои таъмини ниёзҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маданӣ комгор ва дар муносиботи байналхалқӣ соҳибихтиёр барпо намояд.
Ба тарзи дигар, бунёди муассисаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллиро, бо дарназардошти шароити рақобатҳои пешгӯинашавандаи геополитикӣ, асос гузорад ва устувор созад.
Дуруст аст, “ёдоварии давлат набояд чизи дигаре бошад, ғайр аз рӯйдодҳои муассир. Давлат муҳокимаронӣ намекунад. Ҳарф намезанад. Аз худ фаъолияти натиҷаманд нишон медиҳад”. (В.Г. Белинский. Т. 4. – М.: 1954. – С.7). Ин аст табиати таъйиноти принсипиалӣ ва императивии давлат.
Аммо яке аз классикони фалсафаи эмпиризм меомӯзад: “Инъикоси табиатро дар тафаккури инсон бояд на ба тарзи “шахшудамонда”, на ба тарзи “номуайян”, на бидуни ҳаракат, на бидуни зиддият, балки дар шакли абадии ҳаракат, рух додани зиддиятҳо ва ҳаллу фасли онҳо фаҳмидан лозим аст” (Иқтибос аз асари Л. Живкович. Теория социального отражения. – М.: Прогресс, 1969. – С. 49).
Собиқ давлати пуриқтидори дар шашяки рӯйи замин истиқрор, ин қонунмандии диалектикиро сарфи назар кард. Шикаст хӯрд. Аз харитаи сиёсии олам нопадид гашт.
Дар алоқамандӣ бо чунин воқеият, дар шароити кунунӣ масъалаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои муҳимми замони Истиқлол аз мавзуъҳои марказии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Аммо дарки ҳақиқати воқеӣ ва тибқи он ноил гаштан ба пешрафт ва муваффақият, дар раҳи рост муяссар намегардад. Тибқи ифодаи мантиқии Аристотел дар асари машҳураш “Сиёсат”, давлат мебояд раванди ташаккули мафкураи сиёсии аҳли ҷомеаро мадди назар бигирад. Ба он таъсиргузор бошад.
Дар ин маврид, формулаи ҳолати муайянкунандагӣ доштани ҳастӣ нисбат ба руҳ ва ҷаҳонбинӣ, зуҳуротеро касб кардааст, ки мутаассифона, дараҷаи донишу хиради қисме аз узви ҷомеаи мамлакатҳои мусулмоннишин ба фаҳми муҳтавои найрангҳои геополитикӣ намерасад.
Ба осонӣ, дар кӯтоҳмуддат онҳоро раҳгумзада мекунонад. Аз манзалати истифодабаранда ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ, “дареғу дард, ки ғофил зи кори хештан” (Ҳофиз), ба унсури истифода ва роҳбаришаванда ҳамчун усулу восита мубаддал мегардад.
Ба ин мантиқ, сухани Уинстон Черчил шоистаи ёдоварист. Ӯ дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар хусуси нафари ташаббускори он, бо таассуфу нафрат, изҳор дошта буд: “Бубинед, як ефрейтор тамоми дунёро ба даҳшат овард”.
Сухан сари муаммоест, ки ҳамагӣ чанд ашхоси ҷаҳолатпешаи аз мантиқи миллат ва манфиатҳои миллӣ, давлат ва давлатдорӣ ноогоҳ, бар болои “ҷумҳурии мардумаш саросар босавод”, чунон мушкил эҷод карданд, ки ҳазорон назариётчӣ, олим, мутафаккир ва сиёсатмадору давлатдор дар посухгӯйӣ ба он суолот лол монданд. Сабаби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ аз ҳамин ҳақиқат иборат буд.
Боиси таассуф аст: “Таърих ба инсон меомӯзад, ки инсон аз таърих чизеро намеомӯзад” (Г.В.Ф. Гегель. Лекции по философии. – Санкт-Петербург: 2000. – С. 55).
Акнун ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, чорагарӣ, бедонишиву носипосӣ, осоиш аз омӯхтан, илмситезӣ ва натиҷаи он оҳарманӣ– ҳанӯз ҳам дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлатдорӣ, донишситоӣ, ақлгароӣ, нексиголӣ, додгарӣ, ватанпарварӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, рисолатшиносӣ, ҳушмандӣ, балоғатсолорӣ, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору пинҳон мебаранд. Дар олами ғаразпарвар растагор меҷӯянд. Пуштибон меёбанд. Гоҳе муваффақ ва дастболо мешаванд. Тули асрҳо мушкили аслӣ ва фоҷиабори миллати тоҷик ҳамин буд ва ҳаст.
Ба ҳамаи ин суолҳо дар осори ҷовидонаи Садриддин Айнӣ посух ёфтан мумкин аст. Онҳо дастур ва роҳнамои маорифи халқ мебошанд, на танҳо барои Вазорати маориф.
САДРИДДИН АЙНӢ– САРЧАШМАИ МАЪНАВИИ ТАЪСИС ВА ТАҲКИМИ СОХТИ ДАВЛАТДОРӢ
Масъалаи муҳтаво, руҳ, мантиқ, мундариҷа ва маънавиёти миллӣ истилоҳоти мураккаб ҳастанд. Агар мо онҳоро ҳамчун мафҳум, категория ё дефинитсия истифода карданӣ бошем. Агар мо бо ин “силоҳ” вориди баҳс шуданӣ бошем.
Дар яке аз мусоҳибаҳои охирин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мунаққиди барҷаста Соҳиб Табаров коромад, сифат, мундариҷаи адабиёти пешин ва муосирро бо ҳам муқоиса карда, аз ҷумла, мегӯяд: “… бо вуҷуди ин мани 23-соларо соли 1947 ба аъзогии Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Он вақт иттифоқ 33 аъзо дошт. Ҳоло 400-500. Он вақт ҳар сол, ақаллан, 10-15 асари нағз ба дасти хонанда мерасид. Аммо имрӯз дар10-15 сол як асари хуб ҳам ба майдон намеояд. Имрӯз ҳама узви Иттифоқ…
Канӣ шумо ду се адиби замони Истиқлолро ба ман гӯед, ё китобашро ба ман оред… ман кӯру кар. Асарашро баланд-баланд хонед. Ман фаҳмам. Ана баъд мебинем. Наметавонед! Зеро нест!” (Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №15. 15.04.2015).
Ба гуфти В.Г. Белинский, асар ҳамон аст, ки хонанда онро на кам аз ду бор, батакрор, бо иштиёқ хонад. Ва ба дигарон бо завқи баланд қисса намояд. Дар муддати сад соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун истилоҳи сиёсӣ, муҳтаво ва ҷараёни ташаккулёбии шуури миллӣ аз мавзуъҳои марказии қаламбадастони ватанпараст маҳсуб мегардид.
Сарфи назар аз камбудиҳо, адабиёти бадеӣ, матбуот, васоити ахбори умум, дар маҷмуъ, дар ин ҷараёни масъулиятноки таърихӣ нақши мусбат доштанд. Албатта, иҷрои муваффақонаи ин вазифа кори саҳл нест.
Қудрати нависанда, тавоноии ӯ дар истеъдод(1), донишу хирад ва фазилати(2) ӯст. Асоснокии ин фарзияро академик будани нависандагони бузург Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Чингиз Айтматов ва баъзе аз қаламкашони сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад.
Адабиёт илм аст. Нависандаи ҳақиқӣ олим. Ӯ медонад, ки адабиёт ҳам шакли фаъолияти пурмуҳтавои ҷомеаи инсонист. Мақсад аз он омӯхтан, тадқиқи оламу одам, тафаккур, равандҳои ҷомеа, ҷараёнҳои табиат ва қонунмандиҳои тараққиёти онҳост. Баръакс, ба адабиёти воқеънигорӣ ҳеҷ зарурат намемонд, агар байни зуҳурот ва моҳияти раванди ҳастии ҷамъиятӣ номуайянӣ, нофаҳмӣ, мавҳум ва тазод вуҷуд намедошт.
Шарт нест, ки адиб аз доираи салоҳияти худ берун ва ба илм машғул шавад. Не. Аммо ӯ бояд донишманд, то дараҷае энсиклопедист бошад. Дар ин маврид, дониш ба сифати тасаввуроти илмӣ мадди назар аст. Агар хоҳад, ки асари хотирмон ва барои ҷомеа судманд эҷод намояд, то “аз боду борон, наёбад газанд”.
Бартарии Садриддин Айнӣ дар кори эҷодӣ, дар замири як шахс тавъам омадани хотироти таърихӣ, истеъдоди камназири нависандагӣ бо донишманди бузурги илмҳои таърих, мардумшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва руҳшиносист. Баркамолӣ ва безаволии асарҳои бадеии ӯро низ сабаб ҳамин аст. Ин хосиятро дар ҳар шакл нависандагони машҳури олам, аз ҷумла, Уилям Шекспир(1564 -1616), Иоган Волфанг Гёте(1749 – 1832), Оноре де Балзак(1799 – 1850), Лев Толстой(1828 -1910), Робендранат Такур(1861 — 1941) нишон дода буданд.
Бидуни шак, Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамзамон, афзалияти ин абармард нисбат ба дигарон дар матонат, ҷасорат, аз худ гузаштанҳо, мубориз будан ва руҳияи инқилобӣ доштани ӯст.
Садриддин Айнӣ медонист, ки натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи миллати тоҷик ба муқобили нимғуломдорӣ тавассути Инқилоби Бухоро, мисли ҳадяи таърих ба орзуву омол ва фаъолияти ҷоннисоронаи халқи ӯ амалӣ гардид. Мутафаккир, ҳамчун фарзанди намаксипос, ки аз хислатҳои ҳамидаи халқи бузургаш аст, ин инқилобро бо ташбеҳи “машъали рахшони адолат” ва “мурғи ҳумо” васф кард. Ҷавонмардона, бе дудилагӣ дар олами ақибмондаи хатарнок, пешгӯинашавандаи сиёсӣ ва иҷтимоии асримиёнагии Шарқ, худро шогирди чилсолаи Инқилоб эълон намуд. Инқилобе, ки асли онро дунявият ташкил мекард.
Худи Айнӣ, вобаста ба замон ва муҳити ба камол расиданаш, имкони даст ёфтан ба ада-биёти илмӣ, ки инқилоби иҷтимоиро ҳамчун дигаргун кардан, барҳам задан, шикаст додани форматсияи иҷтимоӣ-иқтисодии куҳна, ба минбар нишондани низоми пешбар, мутараққӣ ва инсонмеҳвар тафсир мекард, надошт.
Дар шароити Бухорои асримиёнагӣ чунин табақаи иҷтимоӣ, назарияи илмӣ ва шуури инқилобӣ аз худ дарак ҳам намедод.
Дар чунин ҳолат, Айнӣ ҳама гуна дигаргуниҳои иҷтимоиро дар натиҷаи амалҳои фаъол ва таъсирбахши маорифпарварона– инқилоби маданӣ тасаввур мекард ва медид.
Аз лиҳози дигар, агар Айнӣ Аҳмад– махдуми Донишро “доҳии модарзод” номида бошад, худи ӯ низ аз ҷумлаи нобиғагони банӣ башар буд, ки қобилияти ирсӣ, табиӣ ва фавқулодаи дарки воқеияти ҳастиро дошт.
Бидуни инқилоб ҳам, то дами марг рисолати худро мисли Гомер, Шекспир, Гёте, Байрон, Мартин Лютер ва дигар қаҳрамонони миллатсоз иҷро мекард. Як шахсияти одӣ набуд.
Дар шароити хатари марговар ба ӯ ва ҷигарбандонаш, ду сол қабл аз Инқилоби Бухоро, ҳанӯз соли1918, бидуни такягоҳу пуштибон сохти амириро рӯирост чун “хонаи бедоду ситам”, “маҳкамаи ҷабр” маҳкум, “он қозиву муфтиву он шоҳу вазир”-ро орзуи сарнагун кардан дошт. Ҳамчун инқилобчӣ мардонавор қад барафрохт. То охири умр ба муқобили ҷаҳонбинӣ, руҳу маънавиёти миллаткуш ва урфу одати боқимондаи замони куҳан мубориза бурд.
Бидуни шак, “Ҳар як инсон таърих дорад. Шахсро дар ин таърих лаҳзаҳои хатарнок ҳамраҳӣ мекунанд: дар бораи одам бошад, фақат ҳамон вақт бехато муҳокимаронӣ кардан мумкин аст, ки ӯ дар он асно чӣ тавр фаъолият кард, чӣ гуна рафтор нишон дод, вақте ки дар ду паллаи тарозу ҳаёту мамот, шаъну шараф ва хушбахтии ӯ меистоданд.
Чӣ қадар инсон баландмоя бошад, ҳамон қадар таърихи вай пуршукӯҳтар, лаҳзаҳои хатаровар барояш даҳшатбортаранд. Ҳамзамон, берун гаштан аз чунин ҳолати фалокатбор барои ӯ ҳамон қадар тантанавор ва ба дараҷаи баланд муассир ҳастанд. Ҳаёти чунин шахс ба ҳаёти халқаш тавъам меафтад” (В. Г. Белинский. Собрание сочинений. Т. 2. – М.: Художественная литература, 1977. – С. 138-139).
Садриддин Айнӣ фақат баъди инқилоб ҳамсони худро дар шахсияти Абулқосим Лоҳутӣ пайдо кард. Аз рӯйи дарку қобилият ва ҷавонмардиву матонат, сарсупурдагиву садоқат, дӯсти дар парешонҳоливу дармондагии худро дарёфт. Руҳи инқилобии Лоҳутӣ ҳам ба Айнӣ бетаъсир намонд.
Садриддин Айнӣ, ба ғайр аз ҷаҳонбинии динӣ– схоластикӣ, боз ба вуҷуд доштани назарияи дигар– нақши инсони донишманд дар дигаргунсозии ҳаёти ҷомеа ниёз дошт. Ва аз адабиёти дастрас ба ҳамин суолҳои худ посух меҷуст. Албатта, баъдан ин дастоварди маънавӣ дар суха-нони Садриддин Айнӣ иброз гаштааст.
Аммо раванд ва воқеияти ташаккули шахсияти худи мутафаккирро ҳам бояд ба инобат гирифт. Ҳамчун ҷавонмарди ташнаи дониш, то замони шиносоӣ бо эҷодиёти Аҳмади Дониш, Айнӣ бо маъхазҳои асосии инсонпарваронаи адабиёти классикӣ оғоз аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва даҳҳо мутафаккирони бузурги таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик шиносоии баркамол дошт. Ва баҳраварии эҷодкорона аз мафкураи таърихӣ– ҷоннисориҳои абармардони майдони сиёсат ва ақидаҳои маорифпарваронаи адабиёти классикӣ– тамаддуну фарҳанги ниёгон, оқибат ҳимоя кардан ва ба истиқлол расидани миллатро тавассути ин нависандаи баркамол ва дигар ҷавонмардони муборизу фидоӣ сабаб шуд.
Ҳамзамон бо ин, асарҳои равшангаронаи Аҳмади Дониш, ҳамчун дидгоҳи бозбинии замони истибдоди амирӣ, ҷамъбасти мантиқӣ ва ифодакунандаи вазъи ҷаҳонбинӣ ва фазошиносии давр, такони ҷиддӣ барои дарк ва инъикоси воқеияти замони Айнӣ маҳсуб мегарданд.
Таърихи таҳаввули ҷаҳонбинӣ ва афкори миллати тоҷик дар тули ҳазор сол, бори дигар исбот кард, ки руҳ, маънавиёт, дидгоҳ, нуқтаи назари сиёсӣ, ки онро дар маҷмуъ, идеология ном мебаранд, хосияти иманентии диалектикӣ надоранд. Он аз воқеият, ки амали мақсаднок ва бошууронаи инсон, аз муҳимтарин ҷузъи он мебошад, вобаста аст.
Оғоз аз ҳамин нуқтаи дарк ва камоли андеша, муборизаи ақидавӣ ва инқилобии Айнӣ муҳтавои баробар-вазн ба воқеият гирифт.
Дар ин маврид, Айнӣ муносибати худро ба ҳукумати амирӣ аз лиҳози мавқеъгирии сиёсӣ комилан тағйир дод(1). Хурофотро ҳамчун усул, восита, ҳамсафар ва ҳимоятгари аслии маънавӣ ва ҷисмонии ҷиноятҳои амирӣ бар зидди оммаи мардуми ноогоҳу бесарпаноҳ шинохт(2). Донист, ки идеологизми таҳмилӣ ва урфу одати аҷнабиён, дар ягон ҳолат наметавонад созгори имрӯзу ояндаи босубот ва умедбахши халқи азияткашидаи тоҷик бошад(3). Ба хулосае омад, ки ягона роҳи озодӣ, аввалан, дар тағйири моҳият ва мундариҷаи ҷаҳонбинӣ, руҳиву равонӣ– дар истиқлоли зеҳни инсон аст. Бидуни он озодии воқеӣ ва ояндасоз хобу хаёлу шиору орзуе беш нест(4). Ва ин дастовард, танҳо тавассути рӯ овардан ба илм, босавод кардани оммаи мардум(5) ва баҳраварӣ аз нуқтаи бунёдӣ, такягоҳӣ– таърих ва тамаддуни миллати ӯст. На афсона ва тахайюли дигар(6).
Ин ақидаҳои барои миллат ҳаётбахшро Садриддин Айнӣ дар тули умри бобаракати худ ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо қадам исбот кард.
АЙНӢ–ДОҲИИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК
Садриддин Айнӣ дар таърихи тоҷикон, аз ҷумла, дар мураттабсозӣ, муаррифӣ, рушди адабиёти он сармашқ, абармард, воломақом, соҳибдафтар, баландҳиммат, Рустами таърихсози миллат, муҳандис ва бозофарандаи забони адабии ҳозираи тоҷик, масъулиятши-нос, инқилобчии матин, озодихоҳ, муҷассамаи бузурги ҳувияти миллӣ буд, ҳаст ва мемонад.
Дар давраи навини Истиқлоли давлатӣ, ки худшино-сии миллӣ аз муҳимтарин масъалаи суботи давлатдо-рист, ҷойи Айнӣ ҳамчун олим ва адиби мубориз холист.
Дар оғози асри гузашта, Айнӣ бо вуҷуди маҳдудияти зимом ва тангии замон, дар байни обу оташ роҳи зиндагии худро интихоб кард. Аммо дар ин маънӣ Айнӣ мисли худ ҳамфикру ҳамақидаи якдилу рӯинтан надошт.
Ба дарбор ҳамчун шоир даъват гардид. Онро рад кард. Нахост қаҳрамони ягонаи ба миллати худ бегона бошад. Дар сахтиҳо дилшикаста нашуд. Муборизаашро идома дод. Ба оммаи мардуми бесаводи азияткашида, маҳкум ба бадбахтӣ ва “тири фалак” хӯрда муроҷиат намуд. Онро омӯхт. Қаҳрамон интихоб кард. Хост мардумро ба худи мардум шиносонад. Онҳоро оинаи якдигар қарор бидиҳад. То фаҳманд, ки ҳазор соли бандагӣ, адами истиқлол онҳоро ба чӣ аҳвол рӯ ба рӯ кардааст. Хост адабиёти миллии бошахсият, анъана ва урфу одати тоҷикиро асос гузорад. Ба истилоҳҳои“халқ”, “миллат”, “манфиатҳои миллӣ” ҷон бахшад.
Айнӣ аз аввалин адибони миллии воқеиятшинос буд. Кӯшид, ба одамони одӣ сабаб ва воситаи раҳоӣ аз мушкилоти фоҷиабори иҷтимоиашро фаҳмонад. Онҳоро ба бесуботии тафаккури афсонавии “малакутӣ” (олами фариштаҳо), дом ва доди бедоди гиряолуди идеологияи шикоятомези нотавонӣ, оҷизӣ, ночорӣ, дармондагии дастҳо сӯйи “фалак” (осмон, тақдир, гардише, ки инсон дигар наметавонад дар он нақш дошта бошад, маҷбур аст ба чунин қисмат тан диҳад) муътақид созад. Фаҳмонад, ки озодӣ ва шоистасолории инсон фақат аз Ақл, Хирад, Илму Дониш ва рафторҳои заминии ӯ вобастагӣ доранд.
Нобиғагӣ ва заковатмандии толибилми мадрасаи Бухорои асримиёнагӣ дар он буд, ки дарк кард, арзиши дониш дар муносибат ва муқоиса ба воқеияти ҳаёт санҷида мешавад. Ва дараҷаи муҳиммияти ҳама гуна назария дар алоқамандӣ бо таҷрибаи зиндагист.
Шогирди солманди Инқилоби навини иҷтимоӣ нисбат ба худ ва пайравон ниҳоят серталаб буд. Таъкид менамуд, сухани бадеӣ ҳеҷ чизеро ифода намекунад, агар он ормону орзу ва афкори пешқадамеро тафсир ва тасвир нанамояд. Муътақид накунонад. Одамро ба шахсият мубаддал насозад. Посухгӯи ниёзҳои иҷтимоии давр набошад.
Чунин эътиқодмандӣ на танҳо дар асарҳои бадеӣ, илмӣ ва илмӣ–таърихии Айнӣ, балки дар мукотибаҳои ӯ бо аҳли илму адаб ҳам ба назар мерасад. Ин мактаби нави адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик буд.
Давом дорад...
Саймумин ЯТИМОВ, узви вобастаи АМИТ
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
