Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сагҳои дайду. Зиёдшавии онҳо ва афзоиши хатар ба сокинон


Сагҳои дайду. Зиёдшавии онҳо ва афзоиши хатар ба сокинон



Бо зиёд шудани сагҳои дайду мардум ба ташвиш афтодаанд. Хурду бузург аз гаштугузори озоди чунин сагҳо дар кӯчаву маҳаллаҳо дар ҳаросанд. Дар матлаби мазкур ин масъаларо баррасӣ кардем.

Вақте ки ҳамдигарфаҳмӣ нест

Роҳбари  Корхонаи  давлатии  фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар Нуриддин Салимов зикр намуд, ки аввалан сабаби зиёд шудани сагҳои дайдуро дар он мебинад, ки бисёр шахсон аз гӯшаву канор сагбачаҳоро оварда дар маркази шаҳр мепартоянд. Ҳол он ки ин гуна сагҳоро бояд парасторӣ кард, ки дар мо чунин шароит муҳайё нест. Дар даврони шуравӣ сагҳоро табобат  карда  ба  парасторӣ  мегирифтанд. «Мо имрӯзҳо тариқи интернет ҳам мебинем, ки дар дигар кишварҳо бо ёрии соҳибкорон   ин  гуна  ташкилотҳо  фаъол карда шудаанд, ки дар мо дида намешавад. Боз барои бехатар нигоҳдории сагҳои дайду бояд маблағ ҷудо карда шавад. Дар ҳолате, ки чунин маблағ ҷудо намешавад, мо наметавонем дар ин кор ба таври кофӣ муваффақ шавем.

Корхонаи мо хоҷагии коммуналӣ мебошад ва фаъолияти бештари кормандон ба ҷамъоварии маблағи партовҳо равона карда мешавад. Айни ҳол ин корхона аз ҳисоби сӯзишворӣ, техникаҳои шартномавӣ аз дигар корхонаҳо қарздор мебошад. Аз ҳисоби набудани хизматрасонӣ то соли 2024 бо мо шартнома намебастанд.

Илова  бар  ин,  аз  сабаби  кам  будани маош  аз  ҳисоби   коргарон   низ  корхона танқисӣ  мекашад.   Ба  мо  оид  ба  ҳамин масъала  мутахассис  ва  ташкилоти  мададрасон  лозим  аст,  ки,  мутаассифона, надорем. Аммо бо вуҷуди ин кӯшиш карда истодаем, ки то қадри имкон ба ҳалли ин мушкилӣ расидагӣ кунем. Чунончи, аз рӯзи аввали корӣ то имрӯз бо вуҷуди он ки коргарон бо либос ва техникаҳои махсус таъмин  нестанд,  мо  8  саги  дайдуро  безарар гардонидем. Инчунин, тирҳое, ки мо истифода мебарем, бо нархи тақрибан 17 сомонӣ харидорӣ мекунем» - гуфт Н. Салимов. 

Бояд  гуфт,  ки  роҳи  пешгирии  зиёдшавии  сагҳои  дайду  дар  муҳити  зисти сокинон  ва  тоза  нигоҳдории   экология -ин  ҳамкории  зич  доштан  бо  роҳбарони ҳар  маҳалла  мебошад,  ки,  мутаассифона,  чӣ  бо  ин  роҳбарон  ва  чӣ  сардорони 
дигар  ташкилоту  корхонаҳо  на  ҳамеша ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории хуб сурат мегирад.

Ҳорӣ бемории хатарзо аст

Дар ҳамин ҳол Маъруфҷон Ҳасанов, сардори шуъбаи назорати байтории Хадамоти озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, зимни   суҳбат  қайд  намуд,  ки  бо  мақомотҳо ҳамкорӣ  дорем.  Дар  ин  раванд  яке  аз чораҷӯиҳои  лозима  доир  ба   масъалаи сагҳои  дайду  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят ин буд, ки соли 2024 ду ҳазору яксаду ҳаштоду се саги дайду безарар гардони-да шуд. Ва инро ҳам бояд қайд намуд, ки баъди  безарар  кардани  сагҳо,  коргарони мо  бо  маҳлулҳои  кимиёвӣ  дар  ҳамкорӣ бо  шуъбаи  зиддиэпизотии  ҷумҳуриявӣ, ки  як  шуъбааш  дар  вилоят  мебошад, ҳамон  ҷойро  тоза  мекунанд.  Зеро  сагҳо дар партовгоҳҳо маҳсулоти вайроншударо истеъмол  мекунанду  ба  беморӣ  гирифтор мешаванд. Махсусан, бемории “ҳорӣ” бештар хатарнок мебошад, ки барои пешгирии  ин  ҳолат  дар  вилоят  соли  2024  ба даҳ  ҳазору  дусаду  чилу  панҷ  ҳазор  саги хонагӣ бар зидди ин беморӣ ваксина гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар соли гузашта, 1948 саг ба қайд гирифта шуда, ба онҳо шиноснома дода шуд. 

Хуб  мешуд,  агар  ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот ба ҳамин масъала таъсиррасонӣ мекарданд ва бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд, ки дар якҷоягӣ пеши роҳи зиёд  шудани  сагҳои  дайду  гирифта  шаввад. 

Табибон чӣ мегӯянд?

Табиб  Холмадҷон   Раҳматов  бошад, афзуд,  ки  ёрии  аввалин  ҳангоми  газидани  саг  ва  ё  ягон  ҳайвони  дигар  ҷойи ҷароҳатро бо собун дар оби равон шустан ва  ё  бо  маҳлули  спиртӣ  тоза  кардан  аст. 

Ин амал 90% хатари сироят шуданро кам мекунад. Агар ёрии аввалинро дарҳол нарасонанд, луоби даҳони саг бо хун якҷоя шуда, ба майнаи сар рафта ҷой мешавад, ки  ин  ба  бемории  девонагӣ   оварда  мерасонад.  Баъди  газидани  саг,  агар  имкон бошад, пас аз гузаронидани ваксина бар зидди  бемории  “ҳорӣ”  бояд  саг  10  рӯз таҳти  назорат  гирифта  шавад.  Зеро  дар ҳоле, ки саг саломат бошад, хатаре вуҷуд дошта наметавонад. 

Ба  ҷуз  бемории  девонагӣ  (ҳорӣ)  боз шахсе, ки саг газидааст, ба бемории сталнигузос дучор шуда метавонад. Баъди ин агар  дар  инсон  тарс   аз  об,   равшанӣ  ва тарс   аз  овози  баланд   мушоҳида  карда шавад, инсон ва ҳамон саге, ки ӯро газидааст, метавонанд ба фавт дучор шаванд. 

Ба  ин  гуна  шахсон  ёрии  аввалия  ройгон мебошад. Вобаста аз ҷойи истиқомат беморро ба беморхонаи вилоятӣ ва ё шаҳрӣ равон мекунанд, дар ҳолате ки саги газида номаълум  бошад.  Баъдан  бо  шуъбаи  назорати  эпидемиологӣ  ҳамкорӣ  мекунем, онҳо  низ  рафта  аз  аҳволи  ҳамон  бемор ва  саг  хабардор  мешаванд.  Агар   беморон саркашӣ кунанд, ба мақомотҳо хабар медиҳем,  то  ки  онҳоро  таҳти  назорат  гиранд. Умуман ашхоси аз ҳайвонот осебдида бояд ба беморхона муроҷиат намоянд. Аз сабабе, ки сари вақт муроҷиат намекунанд, дар як сол 3-4 нафар ба бемории “ҳорӣ” дучор мешаванд. 

Андешаи сокинон

Бегмуҳаммад Сатторов, аз ноҳияи Вахш мегӯяд:
-  Он  сагҳое,  ки   мо  дар  кӯчаву паскӯчаҳо  мебинем,   хатар  доранд. Сагҳое,   ки  дар  хонаҳои  истиқоматӣ парвариш  мешаванд,  бигузор  таҳти назорати  соҳибонашон   бошанд. 

Мақомотҳо  низ  бояд  сагҳои  дайдуро нест кунанд. Лекин, ба ҳар ҳол сагҳои дайду  назар  ба  солҳои  пеш  камтар шудаанд.

СокиНи Ноҳияи ҷ.  Балхӣ Бароталӣ Шарифов, баръакс иброз дошт, ки назар ба солҳои пеш чунин сагҳо зиёд шудаанд. 

Икромиддин   Ахметов,  сокини  Ҷамоати  деҳоти  “Тоҷикобод”  низ мегӯяд: “Мактаби мо аз деҳа 2-3 километр  дуртар  ҷой  гирифтааст.  То ба  он  ҷо  расидан  торикию  заҳбурҳои зиёдро  гузаштан  лозим  меояд.  Ҳар субҳ,  вақте  ба  кор  мебароям,  дар  он ҷой тӯдаи сагҳоро мебинам, ки сагҳои маҳаллӣ низ ба онҳо ҳамроҳ шудаанд.  Мо  барои  аъзои  хонавода,  хусусан  барои  наберагон  дар  ташвиш ҳастем.  Хоҳиш  мекунам,  ки  мутасаддиён  нисбати  ин  мушкилӣ  чораҷӯӣ кунанд. 

P.S. Барои безарар гардонидани сагҳои  дайду  масъулон  бояд  ҳама тадбирҳои  лозимаро  андешанд. Зеро ба гуфти табибон дар давоми ҳаёт шахси ҷароҳатбардошта эҳтимоли ба бемориҳои гуногуни хавфнок дучор шуданро дорад.

Рамазон Холов,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода