Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КАФИЛИ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД


КАФИЛИ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД



Яке  аз  вазифаҳои  муҳимми  Конститутсия  дар  он  муқаррар  намудани  тағйирнопазирии  шакли  идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву  дахлнопазир  будани  ҳудуди Тоҷикистон  буд,  ки  ин  меъёри  конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии давлат ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил шароити мусоид фароҳам овард.

Дар  доираи  Конститутсия  эътироф  гардидани  тағйирнопазир  будани  тамомияти  арзӣ  ҳамчун муҳимтарин  принсипи  ташаккули  давлати  миллӣ  ба-рои  таъмини  соҳибихтиёрӣ  ва  мустақилияти  комили он замина гузошт.

Дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудани кафо-лати  фаъолияти  озодии  иқтисодӣ,  соҳибкорӣ  ва  эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, давлати моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои 
гуногун  равона  намуда,  барои  таъмини  ҳадафҳои давлати  иҷтимоӣ,  яъне  таъмини  шароити  арзандаи зиндагӣ имкон дод, то барои рушди иқтисодии мамла-кат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ шаванд.

Дар  Конститутсия  мустаҳкам  намудани  принсипи  таҷзияи  ҳокимияти давлатӣ  барои  рушди  минбаъдаи мақомоти давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.

Таҳкими  мавқеъ  ва  нақши  ҳокимияти  судӣ  ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсия ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод шуд.

Конститутсия  ҳамчун  ҳуҷҷати  дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаю давлат ва марому мақсади халқи тоҷик симои таърихӣ ва муосири ин миллати тамаддунсозро дар худ инъикос намудааст.

Парвон МИРЗОЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода