Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲАР ОН КАС, КИ ВАТАНРО МЕФУРӮШАД...


ҲАР ОН КАС, КИ ВАТАНРО МЕФУРӮШАД...



Ҳар он кас, ки Ватанро мефурӯшад,
Ҷавону пиру занро мефурӯшад,
Агар мову туем мафҳуми меҳан,
Ҳазорон туву манро мефурӯшад.


Ҳизби  хоини  ба  ном  «Наҳзати исломӣ»,  ки  ҷанини  фитнаву  хиёнат  ва мазҳабфурӯшиву  миллатфурӯширо  ҳанӯз аз  даврони  шуравӣ  дар  батни  худ  мепарварид,  тифлҳои  шайтониашро  ба  тадриҷ тавлид  кардан  гирифт.  Гандкориҳо  ва хиёнатҳои  тифлони  тавлидкардаи  ҳизби мазкурро  миллати  тоҷик  тӯли  чандин солҳо таҷриба кардааст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ,  гуреза  шудану  овораи  дигар давлатҳо  гаштани  қисми  зиёди  сокинони кишвар, нақшаву тарҳрезиҳои террористии Ҳоҷӣ Ҳалиму Муҳиддин Кабирӣ барои сарнагун кардани Давлати миллиамон, аз ҳама муҳимаш, халалдор кардани ҳаёти осоиш-таи  мардуми  кишвар,  мазҳабфурӯшиҳои Қиёмиддини  Ғозӣ  ва  ғайраро  метавон  ми-сол овард.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  – Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  суханронии  хеш  дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар  9  марти  соли ҷорӣ дар мавриди хиёнатҳои ҳизби мамнуъ ва террористии ба ном «Наҳзати исломӣ» фармуда буданд: «Моро доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйиистифодаи дину  эътиқод  ва  бо  мақсади  бунёди  давлати  исломӣ  гирифтори  ҷанги  таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.

Мардуми  мо  он  рӯзҳои  даҳшатборро ҳаргиз  фаромӯш  накардаанд  ва  фикр  мекунам,  ки  ҳеҷ  гоҳ  фаромӯш  намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону  зархаридонашон,  яъне  хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.

Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби  худро  фурӯхтаанд  ва  тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии  солҳои  навадумашон  бар  зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.

Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо  бояд  ҳеҷ  гоҳ  зиракии  сиёсиро  аз  даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».

Чи тавре ки дар боло зикр кардем, ТЭТ "Наҳзати  исломӣ"  дар  замони  шуравӣ  аз ҷониби  иддае  аз  исломгароёну  мутаассибон,  монанди  Мулло  Абдуллои  Нурӣ,  М. Ҳимматзода, Мулло Абдуғаффор, Давлати Усмон,  Қиёмиддини  Ғозӣ  ва  ди-гарон  барои  барпо  кардани  дав-лати  исломӣ  таъсис  ёфтааст  ва то  кунун  ташкилоти  террористии мазкур  чор  марҳиларо  аз  сар  гу-заронидааст.

Марҳилаи  якум:  Солҳои  70-уми асри гузашта баъди таъсиси ташкилоти  мазкур  саркардаҳои наҳзати  исломӣ  роҳи  таблиғу ташвиқро  пеш  гирифта,  доираи ҳаммаслаконашонро  васеъ  мекарданд, ки ба хотири рафторҳои ғайриқонуниашон  аз  ҷониби мақомоти шуравӣ боздошт гардиданд.

Марҳилаи  дуюм:  Дар  ин  марҳила Мулло Абдуллои Нурӣ бо пайравонаш барои  таъсиси  давлати  исломӣ  ва сарнагун  кардани  ҳукумати  шуравӣ муқобили  ҳукумати  вақти  шуравӣ бархост,  ки  дар  натиҷа  аз  ҷониби мақомоти  шуравӣ  боздошт  ва зиндонӣ гашт.

Марҳилаи сеюм: Пош хӯрдани ҳукумати шуравӣ барои давутозҳо ва  амалӣ  гардонидани  ғаразҳои палиди ҳизби мазкур ва хоҷагони хорҷиашон  ба  маврид  омад. 

Дар  натиҷа  намояндагони  ТЭТ "Наҳзати исломӣ" аз дину эътиқод ва  майдонбозиҳо  истифода  намуда, авзои кишварро ноором ва мардуми зиёдеро ба қатл расониданд.

Марҳилаи  чорум:  ТЭТ "Наҳзати  исломӣ"  бо  баҳонаи "барқарории сулҳу субот" вориди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардид  ва намояндагонаш  хостанд  Ватани азизамонро аз дохил ноором карда,  зимоми  ҳукуматро  ба  дасти хоҷагони хориҷиашон диҳанд. Мисоли инро мо дар ҳамлаҳои террористии  намояндагони  барҷастаи ин ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва дигарон дидем, ки хушбахтона,  бо  ҷонбозиҳои  шермардони мақомоти қудратии тоҷик ба 
амалӣ гардонидани нақшаҳои палиду  тахрибкорашон  муваффақ нагаштанд.

Ногуфта  намонад,  ки  ташкилоти  мазкур  дар  ибтидо  ҳамчун «ваҳҳобигаро»  муаррифӣ  мегашт,  ки  яке  аз ҳиллаҳои сиёсии бароҳмондаи хоҷагони хориҷии ташкилоти  мазкур  ба  ҳисоб  мерафт.  Ҳол  он  ки ташкилоти  мазкур  аз  хориҷа  роҳандозӣ  гашта, тамоми  саркардагону  пайравони  ин  ташкилот дастомӯзи  хоҷагони  шиа  буданд  ва  аз  хориҷа сармоягузорӣ  мегардиданд.  Исботи  ҳамаи  ин гуфтаҳоро  мо  дар  филми  мустанади  «Решаҳои ноаён», ки аз шабакаи телевизионии Тоҷикистон пахш  гардида  буд,  бо  эътирофи  яке  аз  саркардагони хоини ТЭТ "Наҳзати исломӣ" Қиёмиддин Ғозӣ тамошо карда будем.

Таҳлилҳо  аз  таърихи  ташкилоти  ба  ном «Наҳзат  исломӣ»  ба  он  ишора  мекунанд,  ки ташкилоти  мазкур  аз  дину  мазҳаб  ва  эътиқоди мардум сӯйиистифода карда, ба миллати тоҷик, дини  ислом,  мазҳаби  ҳанафӣ  ва  мардуми  шарифи Тоҷикистон хиёнатҳо ва ҷиноятҳои сангин кардааст.  Бо  боварӣ  гуфта  метавонем,  ки  намояндагони  ин  ташкилот  зархаридони  хоҷагони берунӣ буда, миллат, давлат, дин, мазҳаб ва ору номуси худро бо онҳо фурӯхтаанд. Ҳарчанд дар гузашта  хиёнат  ва  ҷиноятҳои  ташкилоти  мазкур ва намояндагону пайравонаш мавриди авф ва  ғамхории  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Пешвои  муаззами  миллат  қарор  гирифта  бошанд ҳам, боз ба қадри ин ғамхориҳо нарасида, хиёнат ба миллату Ватан карданд. 

Дар  мавриди  ин  тоифаи  пасту  сифла,  ки ислоҳ намеёбанд, Устод Рӯдакӣ фармудааст:
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рӯйи сифла нангарӣ.

Мардуми  тоҷик  дигар  ба  фиребу  дасисаҳои намояндагони  ТЭТ  «Наҳзати  исломӣ»  ва  умуман,  он  ташкилотҳои  зархариду  супоришие,  ки аз номи дини ислом ва эътиқодоти мардум баромад мекунанд, дода намешаванд. Чунки мардум таъми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хиёнатҳои чунин душманони дӯстошноро чашидаасту наздикону  пайвандонашонро  аз  даст  дода,  тарсу ваҳм  ва  бараҳнагиву  гуруснагиро  таҷриба  кардааст.  Бо  итминони  комил  гуфта  метавонем, ки  мардуми  тоҷик  сулҳу  субот  ва  осоиштагиву ободии бо заҳамоту фидокориҳои зиёди бадас-товардаи  абармарди  Ватани  азизамон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро  бо  ҷону  дил  ҳифз  мекунад ва  чи  тавре  ки  Пешвои  муаззами  миллат  дар суханрониҳояшон  таъкидан  мефармоянд:  «Мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».

Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода