Девонагӣ модарзодӣ аст ё беморӣ, ё аз тарс?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 176
Хонандаи гиромӣ!
Ба ин мавзуъ рӯ овардани моро як ҳодисаи дар дохили нақлиёти мусофирбар (автобус) рухдода сабаб шуд. Дар истгоҳи навбатӣ мусофирон зиёдтар буданд. Ҳар яке кӯшиш мекард, ки зудтар вориди автобус шуда, ба курсии холӣ нишинад. Марди миёнасол ҳамроҳи духтарчаи тахминан 14-15-солааш интизор шуданд, то роҳашон кушода шавад. Духтарчаи маъюб, яъне дасти росташ аз оринҷ поён каҷ ва пойи чапаш низ кӯтоҳу шал буд. Ӯ бо кумаки падар вориди автобус гардид. Азбаски дохили нақлиёт пуропури мусофирон гардида, ҷойи нишаст надошт, духтарчаи маъюб такя ба падар кар-да, рост меистод.
Нафаре ба духтарча ҷой надод. Ӯ ситорагарму кушодачеҳра ва лабаш пурханда буд, ба ҳар яке нигариста, табассум мекард. Дар паҳлуи ман ҷавоне менишаст ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки ба духтарча ҷой диҳад. Ӯ бо дили нохоҳам ин корро кард. Духтарча аз ин амал хурсанд шуда, дар курсӣ нишаст. Ҷониби ман табассум менамуду сар меҷунбонид. Шояд ӯ миннатдорӣ мекард.
Мусофирон аз духтарча чашм наканда, бо овози паст мегуфтанд: “Ҷойи ҷамъиятӣ ҷойи девонаҳо нест, онҳо бояд дар таксӣ раванд”. Духтарчаи беозор онҳоро тамошо карда табассум менамуд. Аҷабо! Кӣ исбот мекунад, ки духтарча девона аст? Чаро бо тахминҳои худ ҳуқуқи ӯро поймол карда, девонааш мепиндоранд? Шояд худи онҳо беақланд? Шояд! Шахси андак беморро дида, ҳукм мебароранд, ки ӯ девона аст, чӣ ноадолатие!
... Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар кӯчаю бозорҳои шаҳри Бохтар ашхоси бемории руҳидошта (ба қавле девонаҳо) зиёд шуданд. Зеро баъди ин бесарусомониҳо девонахонаи бемориҳои руҳӣ фаъолият накард ва беморон дар кӯча монданд. Баъзе аз онҳо ба одамон ногаҳонӣ дарафтода, гоҳе бо чӯбу санг ҳамла мекарданд.
Дар байни онҳо як девонаи бадхашм буд, ки дар роҳҳои пиёдагард ба занҳо дарафтода, мӯйҳои сари онҳоро медошт ё дар пушташон чанд мушти обдор мезад. Як рафтори ӯ ҳам пиёдагардону ҳам ронандагонро тарсу карда буд. Ӯ доимо дар даст як санги калон дошт ва бехабар ба сари пиёдагарду ҷониби нақлиёт ҳаво медод.
Ва аз ин амали худ хурсанд шуда, ба рақс медаромад. Ин девона бештар дар наздикии Кохи Лоҳутӣ сайругашт менамуд. Пиёдагардон (махсусан духтарон) ӯро дида, роҳашонро дигар мекарданд...
Дар шаҳри Бохтар Гулӣ ном зан ба сокинон ва меҳмонони шаҳр хуб ошност. Ӯ дар ҳамаи фаслҳои сол таги куртаи тунук, мӯйҳои парешон, пойбараҳнаю ифлос мегардад. Ба касе кор надорад. Як одати аҷиб дорад. Аз растаҳои дуконҳои фурӯши шириниҳои гуногун гузашта, албатта чизеро панҷа мезанад. Гӯё ин амалро накарда бошад, роҳашро идома медиҳад. Гулӣ, бадбахтона, ба ду-се нафар майзадаи бехонаю дар (бомж) ҳамроҳ шуда, шароб нӯшида, шабро дар курсиҳои истгоҳҳои автобус рӯз мекунад.
Баъди ҳамаи инро мушоҳида кардан кас ба худ суол медиҳад: Оё ӯ девона аст ё гирифтори бемории руҳӣ?
Баъди суроғу пурсишҳо авлоди ӯро ёфтам. Маълумам гашт, ки ӯ девонаи модарзодӣ набуда, гирифтори бемории руҳӣ шудааст. Баъди оилавайронӣ ба чунин ҳол расидааст. Гулӣ дар оилаи хуб ба дунё омада, духтари зеботарини деҳа буд.
Ҳусну ҷамоли париёнааш қалби ҷавононро об карда. Тақдир будааст, ба ҷавони барояш ноошное аз минтақаи дигар ба шавҳар баромад. Зиндагиаш хуб буд. Тавлиди нахустфарзанд (духтар) ӯро дучанд хушбахт намуд. Вале шавҳараш якбора ба майнӯшӣ дода шуд. Мард дар ҳолати мастӣ девонаи идоранашавандаро мемонд. Зани зебояшро рашк мебурд, пайваста шиканҷа медод. Зан ба чунин зиндагӣ тоб на-оварда, рӯзе духтарчаашро гирифта, ба хонаи падар баргашт.
Инсон вақте ки бадбахт мешавад, рӯзи хушро намебинад. Аз дасти шавҳар дар хонаи падарӣ низ рӯзи хушро надид. Дасти шавҳари бадмаст ба ин ҷо низ расид. Занро латукӯб карда, духтарчаро бо худ бурд ва ӯро аз модар ҷудо намуд.
Ҷудоӣ аз нахустфарзанд занро ба бемории руҳӣ гирифтор кард. Ҳамин тавр, ӯ шабу нимшаб аз хона баромада мерафтагӣ шуд. Наздиконаш низ ӯро дар хона дошта натавонистанд. Чунин аст қиссаи талхи Гулӣ. Ин қиссаро аз шоҳидону ҳолдонҳо шунида, рӯи коғаз овардам. Ин ҳақиқат аст ё қиссаи бофта, ба виҷдони шоҳидон ҳавола мекунам...
Дар вокзали нақлиётии Бохтар ҳамарӯза ҷавонеро дар куртаю поҷомаи занона мебинам. Дар даст ду борхалтаи пурро дорад. Беозор аст, суханрониашро боре ҳам нашунидаам. Дар борхалтаҳояш чӣ дорад, ин ҳам муаммо аст. Аз ин рафторҳои ғайриодиаш маълум, ки девона набуда, руҳан бемор аст...
Мо ба дунёи ин ашхос хуб ошно нестем. Онҳо зиндагии худро доранд, гоҳо ғамгин, гоҳо хурсанданд ва гоҳи дигар хашмгину ҳам меҳрубонанд. Аҷаб тақдирҳо!
Дар ин росто мехоҳам қиссаи воқеиро аз рӯзгори як оилаи серфарзанд ёдовар шавам. Он ба мавзуи имрӯзаи мо монандӣ дорад.
...Деҳаи наздикӯҳии Навобод мавзеи хушбоду ҳаво ва ҳамешасабз аст. Мардумонаш меҳнатию зебопараст ва ба якдигар меҳрубону дар-дошноянд. Қаҳрамони мо низ дар ин гӯшаи ҷаннатӣ сукунат дорад.
Ҳайдару Меҳрӣ (номҳо иваз шудааст) издивоҷи хешутаборӣ до-ранд. Дар ин оила 10 фарзанд ба дунё омад. Онҳо падару модари хушбахтанд. Ҳарчанд фарзанди чорумашон бо иллате таваллуд шудааст. Ӯ Низом ном дорад, беозору дӯсти кӯдакон аст. Калонсолонеро, ки нисбати кӯдакон бераҳманд, чашми дидан надорад. Ҳатто ногаҳонӣ ба сари онҳо мушти обдор мезанад ва ё аз масофаи дур ҷониби онҳо санг ҳам мепартояд. Низом забони гӯё надорад. Гунг аст. Танҳо садо баланд карда, бо имову ишора мақсадашро мефаҳмонад.
Хешу таборро хуб мешиносад. Яъне худиро аз бегона фарқ карда метавонад. Вақте ки хешу табор ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ меоянд, онҳоро пеш аз ҳама ӯ истиқбол мегирад. Ба онҳо бо меҳрубонӣ вохӯрӣ карда, ба ҳавлӣ даъват мекунад.
Низом як хислати аҷоибро дорост. Дар дил тарсе надорад. Вақти шаб ё рӯз ба ӯ бефарқ аст. Дар даст чӯб дар канори деҳа мегардад. Махсусан шабҳо хонаро посбонӣ мекунад. Овоз баланд карда, ҳайвоноти сарҳуй ва сагҳои дайдуро ба ҳавлиашон наздик шудан намемонад. Аз ҳамин хотир ҳамдеҳаҳо ба ӯ “Командир” тахаллус гузоштаанд. “Низом боад, мо осуда мехобем”, мегӯянд онҳо.
Дар деҳа ҳеҷ гоҳ ӯро девона намепиндоранд. Дуруст ҳам мекунанд. Вақте ки нафарони солим нисбати ин ашхос меҳрубонанд, онҳо дарди худро ҳис намекунанд.
Синни Низом аз 60 гузаштааст. Ҳоло ҳам ӯ “Командир”-и деҳа мебошад. Аз деҳа берун намешавад. Ба хонаи ҳамдеҳагон, махсусан ба маъракаҳои онҳо намеравад, мисли аксар ҷавонон меҳмони нохонда намешавад. Ба одобу ахлоқ ва рафтораш нигариста, кас гумон намекунад, ки ӯ камақл, бемории руҳидошта ва “девона” бошад.
Пас, кист ӯ? Фикр мекунем, ки ин бандаи Худо дӯсти инсон аст. Боқӣ қазоват аз шумост, хонандаи гиромӣ...
P.S. Ҷамъият аз чунин ашхос орӣ нест. Хушбахтона, вақтҳои охир дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар нафарони девона ва ё беморони руҳӣ қариб, ки дида намешавад. Ин хуб аст, албатта.
Хуб мешуд, агар ашхоси солиму фарҳангӣ нисбати ин тоифа хушмуомила ва ғамхор бошанд, онҳо низ ба рафтори безарар ҷавоб мегардонанд. Набояд фаромӯш кард, ки девонаю бемориҳои руҳидошта низ бандаи Худо мебошанд...
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...