Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯзҳо миёни ҷавонон калима ва ибораҳое зуҳур кардааст, ки аз лиҳози маънӣ бисёр пучу бемаънӣ аст. Ҷавонон дар ҳоли ҳозир калима ва ибораҳоеро дар муошират бо дӯстону наздикон истифода мекунанд, ки агар ба маънии аслии онҳо нигарем, ба фарҳанги забони тоҷикӣ латма мезанад. Вожаҳои «...девонашай», «хар...й», «ҳайв...най»,«гӯшот меҷумба», «паҳ, причоскара бин» асосан дар муносибати байни ҷавонписарону ҷавондухтарон мушоҳида шуда, қариб ҳамагӣ ба фаҳмиши онҳо маънои зӯр ва ё аълоро ифода мекунад.
Мутаассифона, имрӯз чунин ба назар мерасад, ки «фарҳанг»-и кӯчагии ҷавонписарону духтарон торафт «бой»-у «ғанӣ» гашта истодааст. Феълан мо якчанд жаргоне, ки баъзе аз ҷавонписарону ҷавондухтарон фаровон истифода мебаранд, бо маънии аслиаш пешкаши Шумо менамоем. Қазоват аз шумост, хонандаи азиз!
1) “ Т хари бади” - зебо ҳ ас тӣ, беҳ амтоӣ.
2) “Девонашай” - беҳтаринаш аст.
3) “Зури бадай” - болаззат аст, писанд аст.
4) “Асали хирс” - ширини ман, яктои ман.
5) “Хобҳои индиский” - хоби хуш, хоби бароҳат.
6) “Бошӣ бошӣ” - саломат бошӣ.
7) “Ма сад задм” - соҳиби сад бал шудам.
8) “Маймунчаи ма” – зебо, ё ин ки нағмагари ман.
9) “Ҷигарта бхрм” - бениҳоят писандамӣ.
10) “Гап партофтиш” - бо вай сухан гуфтӣ.
11) “Ҳама садай” - аҳволам хуб аст.
12) “Туғрияй” - мушкиле нест.
13) “И устод газила бдай” - ин устод сахтгир будааст.
14) “Ай чочала чиндиянт” - ту қадре надорӣ.
5) “Ма хдма ай мусурка наёфтам” - ман ҳам ба худ касе ҳастам.
16) “Батаник”- шахсе, ки дар ҷустуҷӯи илм аст.
17) “Ҳавоӣ шид” - аз ҳад гузаронид.
18) “Ҷараста мебарорм” - Ман ба ту нишон медиҳам.
19) “Коро турбай” - корҳоям нагз нест.
20) “Ай куҳ ба тағора хамидаӣ” - тасаввуротат кам аст.
21) “Дар ишқш лшпидай” - ба вай бисёр ошиқ шудааст.
22) “Гушот меҷунба” - ба ту хело писанд меояд.
23) “Причёсткаш - оча мада зан бте” - ороиши мӯяш бисёр зебо аст.
24) “Тотарҷон” - бародар.
25) “Афта бин” - ба рангу намудаш нигар.
26) “Чени биҷилай” - ҳаҷми хурд дорад.
27) “Хта малима наги” - нахӯди пеши кошуқ нашав.
28) “Ма бе т ҳъ” - ман бе ту наметавонам.
29) “Хит кадӣ” - ба ту фаҳмо шуд.
30) “Доска бром” - ба назди тахтаи синф бароям.
31) “Сози киҷон?” - аҳаволат нағз, ҷӯраҷон?
32) “Моҳичаи ма” - зебояки ман.
33) “Ранги шреки” - ту ишками калон дорӣ.
34) “Э ҷинҷони” - эй сиёҳак.
35) “Туга пушидай” - либоси шинам ба бар кардааст.
36) “Ранги пода нарен” – чанг накарда роҳ равед.
Пас, мебояд мо-ҷавонон чунин калимаҳоро дар муоширати худ истифода накунем ва аз калимаҳои сирф тоҷикӣ дар гуфтори худ истифода намоем. Зеро забони мо таркиби луғавии бой дорад. Забони мо забони назм аст. Забонест, ки ба ҷаҳониён ҳамчун забони манзум муаррифӣ гашта. Агар ҷавонони мо дар муоширати худ аз ашъори шоирон истифода баранд, фикр мекунам, ки беҳтарин амал хоҳад шуд.
Рамазон ХОЛОВ,
коромӯзи «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.