ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 148
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.
Дар воқеъ, миллату давлат ва забон бо ҳам сахт алоқаманд буда, устувориву мавҷудияти онҳо аз ҳамдигар сахт вобастагӣ доранд. Ҳамин аст, ки ҷиҳати таҳкими забони тоҷикӣ давлату ҳукмат ва соҳибони он пайваста тадбирҳои судмандро амали менамоянд. Забони тоҷикӣ дар масири таърих бо вуҷуди мушкиливу монеа ва таъсиррасониҳо асолати худро нигоҳ дошта, барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат хизматҳои бебаҳову мондагор намудааст. Забони тоҷикӣ чун рукни асосии миллату давлат эътироф шуда, дар шинохти асолати миллӣ, рушди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва таркиби илму дониш замина мегузорад. Забон муҳимтарин омили ҳастӣ, бақои миллат, шиносномаи ҳар халқ ва муҳимтарин муқаддасот маҳсуб меёбад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун пояи ҳастии миллату давлат, василаи муоширату мубодилаи афкор миёни одамон, барқарору пайвандгари робитаҳои дӯстиву бародарии халқҳо шинохта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати шарафманди тоҷик ва Пешвои миллат пуштибони асосии забони тоҷикӣ мебошанд. Тараққиёту инкишоф ва камоли давлату миллат ба пойдории забон вобаста аст. Ҳамин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи ҳамдигаранд. Муносибати мо ба забон бояд ҷиддӣ, босаводона ва оқилона бошад. Мо ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Забони модарӣ симо ва пайкари миллат аст. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад”.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Забони тоҷикӣ аз лиҳози шеваи баён соддаву равон буда, дорои таркибҳои зиёди луғавӣ мебошад. Забони тоҷикӣ миёни дигар забонҳои дунё мавқею манзалати баланд касб намудааст, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст. Бояд гуфт, ки дар ин росто нақши олимону донишмандони соҳаи забоншиносӣ, омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма хеле назаррас мебошад.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ кард.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди гузариш ба сохти нави давлатдорӣ мақому эътибори забони тоҷикӣ ба он ҳадде афзуд, ки дар давоми асрҳои гузашта ба ин андоза инкишоф наёфта буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик маҳз ба воситаи забони тоҷикӣ ба даст омаданд, ки ин аз бузургиву шаҳомати забони давлатӣ дарак медиҳад. Дар кишвар тамоми симпозиуму конфронс ва ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд бо забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки аз шуҳрати ҷаҳони касб намудани забони модарӣ дарак медиҳад.
Исмоил ШАФИЕВ,
мутахассиси Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...