Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Эмомалӣ Раҳмон мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт


Эмомалӣ Раҳмон мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт


Аз таърихи инсоният, таҷрибаи тамаддунҳо, мавҷудияти давлатҳову  миллатҳо  баръало  маълум  аст,  ки  фарҳангу тамаддуни  оламгир,  давлатҳои  муқтадиру  мутараққӣ, миллатҳои бонуфуз бар асоси илму маърифат, равшангароиву таҳаммулпазирӣ, рисолатшиносиву ҳусни тафоҳуми синфҳои мухталифи иҷтимоӣ ташаккул ёфтаву пойдор мондаанд.

Зимнан,  омили  аслии  ҳама шикастҳои  таърихӣ,  пошхӯрии давлатҳову  маҳвшавии  фарҳангу тамаддунҳо  маҳз  хурофот,  фориғболӣ дар  умури  давлатдориву  сиёсӣ,  бегонашавии бунёди фарҳангиву арзишҳои миллӣ, ба ибораи дигар - ҷаҳолат будааст. Чунончи Пешвои муаззами миллат пайваста  таъкид  медоранд,  хурофот ҷаҳолат  аст  ва  ҷаҳолат  барои  миллат танҳо  бадбахтӣ  меорад.  Зеро  ҷаҳони муосир ба ҳадде мураккаб ва пуртазод гардидааст,  ки  пешгӯӣ  ва  ояндабинии он  на  танҳо  афроди  ҷудогона,  балки марказҳои  бузурги  илмии  оламро  ба саргумӣ  кашида,  ояндаи  башариятро дар  умум  зери  суол  қарор  додааст. 

Низоъҳои  байналмилаливу  минтақавӣ, ки  дар  пасманзари  муборизаҳои  иттилоотиву мафкуравӣ вусъат гирифтаанд, дар ҳошияи афзоиши тамоюлҳое мисли  «озодигароии  бесарҳад»,  интиқоли иҷбории  арзишҳо,  миллатгароӣ,  таассуби  динӣ,  ифротгароӣ,  терроризм  ва монанди инҳо вазъи мавҷударо мураккабтар мегардонанд.

Ҷаҳонишавӣ  аз  ҷумлаи  падида  ё ҳодисаи  мураккаби  иҷтимоӣ-сиёсиест, ки  то  ҳанӯз  дар  шаклу  навъҳои  мухталиф  бо  суръати  барқосо  бидуни  ягон қонунияти  даркшаванда  рушду  нумӯ менамояд. Амвоҷи пурталотуми он чун уқёнуси  саркаши  дар  натиҷаи  тундбод  ба  ғазабомада  бидуни  тааммул сарҳадҳои давлатҳоро убур намуда, на танҳо ба фарҳангу тамаддун, балки ба хонаи  ҳар  як  нафар  чун  «меҳмони  нохонда» сар мехалонад. Чунончи  муҳаққиқон  арзёбӣ  менамоянд,  зарурати  роҳандозии  саъю талоши  ваҳдатгароии  ҷомеаи  мо  дар даврони кунунӣ ба маротиб меафзояд. Зеро  шиддати  муқовимату  рақобати кишварҳо барои дастёбӣ ба захираҳои энергетикию  ашёи  хоми  кишварҳои  рӯ ба инкишоф афзоиш дорад.

Ба  таъкиди  Пешвои  миллат,  ояндаи Тоҷикистон  маҳз  аз  сатҳи  маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш  ва  касбу  ҳунар  бояд   дар  маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

Руҷуи  пайваставу  мудовими Пешвои  муаззами  миллат,  Сарвари  фарҳангсолори  давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба   масоили  маърифатафзоии  миллат,  рушди  илму  маориф,  тақвияти  забондониву  ихтироот, бозгӯйи  хиради  азалӣ,  шоистагиҳои сарварӣ,  фазилатҳои  фарзонагии  ин фарзанди  ҷонфидову  дардошнои  миллат  аст,  ки  ҳамвора  давлати  ҷавону умедбахш,  омоли  татбиқшудаи  гузаштаи некном, ягона хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон  -  Тоҷикистони  соҳибистиқлолро дар  баҳри   пурамвоҷу   серталотуми сиёсати  ҷаҳонӣ  раҳбарӣ  менамояд. 

Зимнан, баҳри ҳалли на танҳо масоилу мушкилоти имрӯзаи давлат даст ба кор аст,  балки  бар  асоси  ғояҳои  сулҳҷӯию ваҳдатгароӣ,  худшиносиву  ватандӯстӣ, эҳёи  хотираи  таърихӣ,  муаррифии шоистаи  арзишҳои  миллӣ,  пешбарии ташаббусҳои  ҷаҳонӣ  мактаби  беназиру пурганҷи сиёсии хешро дар намоди Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  бунёд намудааст.

Фаъолияти Сарвари Тоҷикистон дурустии ин аслро бори дигар собит кард, ки шахсият дар авзои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ 
нақши ниҳоят бузург дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро асос гузошта, мактаб ва усули роҳбарии мабно бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори  роҳбарӣ,  қудрати  волои  суханварӣ,  фурӯтаниву   хоксорӣ  ва олиҳимматии ҷавонмардонаро дар амал нишон дод. Бо беҳтарин сифатҳои  давлатдорӣ  -  азамати  худшиносӣ  ва  хештаншиносии миллӣ,  кордонӣ,  ғаюриву  далерӣ,  бурдборӣ  ва  нексириштӣ  дар минтақа ва арсаи олам ному манзалати қадимии миллати тоҷикро барқарор намуд. Мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт. 

Қобили зикр аст, ки мо - халқи тоҷик, ки дар саргаҳи тамаддуну маърифатгароӣ қарор доштем, шикастҳои таърихии мо аз адами зиракиву бедорӣ ва бегонапарастиву шитобкорӣ маншаъ гирифтаанд, ба вуқуъ омадааст. Агарчи баъд аз давлати Сомониён то касби истиқлоли навбатии давлатӣ, мо- тоҷикон давлате ба он сон муқтадиру мутамарказ, бонуфузу фарҳангпарвар надоштем, аммо маҳз ганҷинаҳои маърифатӣ, забону адабиёти оламгир, таълифоти илмиву ақлпарвар, чеҳраҳои фарҳангии бонуфуз миллати моро аз адамафканиҳои таърих эмин нигоҳ доштаанд. Яъне маҳз илму маърифат, дороиҳои фарҳангӣ, ганҷинаҳои маънавӣ сипари мил-лат ва заминаи эҳёи давлатдории навини миллии мо будааст.

Бо касби истиқлоли сиёсӣ, аз ин сарзамини фарзонахезу маърифатпарвар  дар  шахсияти  Эмомалӣ  Раҳмон  чеҳраи  беназири 
таърихӣ,  лидери  деринтизори  сиёсӣ,  фарзанди  фарзонаи  миллат Пешвои илҳомбахшу сипари боэътимоди миллат зуҳур кард, 
ки  шоҳроҳи  маънавӣ,  сиёсӣ  ва  ҳуқуқии  миллати  соҳибдавлатро таҳия намуда, аз назари сиёсӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конститутсияи халқӣ аз бунёди давлати мустақил мужда дод.

Ӯ  на  танҳо  роҳбар,  балки  Пешвои  маънавӣ,  сиёсӣ,  ҳуқуқӣ ва  ахлоқии  халқ  низ  буд,  ки  ҳанӯз  дар  айёми  хотимаи  ҷанги шаҳрвандии  кишвар  тавассути  Парлумон  масъалаи  таъсиси  гурӯҳи  кориро  ҷиҳати  коркарди  асосҳои  ғоявии  Истиқлоли 
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намуд.

Дар  доираи  сиёсати  маърифатпарварӣ,  тадбирҳои маърифатафзоӣ  ба  муносибати  ҷашни  30-солагии  Конститутсияи  давлат,  ҷиҳати  баланд  бардоштани  маърифати  ҳуқуқии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки  давлат  ва  ниҳодҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  дар  самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. 

Дар  мулоқоти  таърихии  Пешвои  муаззами  миллат  бо  фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар робита 
ба  чолишҳои  ҷаҳони  муосир,  хавфу  хатари  рӯзафзуни  ғояҳои тундгарои  экстремистиву  террористӣ,  нуфузи  ҷаҳолат  бар  маърифат, афзоиши баъзе тамоюлҳои хурофотиву зиёдаравии динӣ-эътиқодии  мардум,  ки  аз  асосҳои  илмиву  тафаккури  солим  орӣ мебошанд,  масъалагузориҳои  муҳим,  стратегӣ,  ғоявӣ-идеологӣ сурат  гирифта,  мақомоти  дахлдори  давлатӣ,  сохторҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  хусусан  ходимони  дин  вазифадор  карда  шуданд, ки  ҷиҳати  боло  бурдани  сатҳи  маърифатнокии  аҳолии  кишвар, аз  ҷумла  дарки  амиқу  бечунучарои  муқаррароти  моддаи  якуми  Конститутсия,  ки  тибқи  он  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан, доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд.

Албатта, ин масъулият, пеш аз ҳама, аз дарки дуруст, аз диди ҳуқуқӣ саҳеҳи мафҳумҳои демократия, ҳуқуқбунёд, дунявият маншаъ  гирифта,  аз  ҳар  як  узви  ҷомеи  шаҳрвандии  кишвар  иҷрои дурусти уҳдадориҳои шаҳрвандию вазифавиро тақозо менамояд. 

Аминем, ки вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишу вохӯриҳо, семинару конфронсҳо, бознигарӣ ва такмили барномаву  китобҳои  таълимии  муассисаҳои  таълимӣ  аз   фанни асосҳои  давлат  ва  ҳуқуқ,  таълими  ҳатмии  фанни  ҳуқуқи  инсон барои  ҳамаи  ихтисосҳои  макотиби  олӣ,  афзудани  барномаҳои радиоиву телевизионӣ оид ба маърифати ҳуқуқӣ, таъмини истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, озмунҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва  дигар  тадбирҳо,  ки  аз  ҷумла  дар  нақша-чорабиниҳои  марбут ба  “Соли  маърифати  ҳуқуқӣ”  пешбинӣ  шудаанд,  марҳила  ба марҳила зангораҳои мафкуравӣ, оинҳои хурофотӣ, зиёдаравиҳои эътиқодиро  аз  ҷомеаи  фарҳангии  мо  маҳв  сохта,  маърифати аҳолӣ рӯзафзун ва пойдории давлат таъмин мемонад.

Дилшод РАҲМОН,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода