ХИТОБ БА ЗАНИ ТОҶИК!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 186
[spoiler][/spoiler]
Пардаро аз рӯ, зани тоҷик, гир!
Рӯ макун дар доми торикӣ асир,
Мон дурахшон, дар ҷабинат нури Ҳақ,
Нури поки он Худованди кабир!
Дар ҷабинат нур-нури зиндагист,
Рӯшноӣ ҷавҳари пояндагист.
Як нафас озод будан давлат аст,
Мояи наҳсу касофат бандагист.
Ту ба рағми ҷаҳл дониш пеша кун,
Тоза аз ҷаҳли ҷаҳон андеша кун.
Зиндагӣ чун бешае дорад хатар,
Баъди сад андеша сайри беша кун.
Аз сиёҳӣ, то тавонӣ, дур бош,
Тарки шаб кун, ҳамнавои нур бош.
Баҳраҳо бар аз сафедӣ чун саҳар,
Рӯ ба хуршед овару масрур бош.
Бо сиёҳӣ мешавад ҳолат табоҳ,
Бар ниҳодат роҳ ёбад ранҷу оҳ.
Дон, сиёҳӣ парчами шайтон бувад,
Бо сиёҳӣ мешавад кас рӯсиёҳ.
Рӯй кун аз зулмати чодар бурун,
Рӯ мабар бар кавдану сеҳру фусун.
Ҷаҳлу зулматро таҳи по зан, натарс,
Ҷовидона сарнагун кун, сарнагун.
Даври гардун гашта пур аз шӯру шар,
Мерасад аз чор сӯ бонги хатар.
Мисли Данко қалби худ машъал бикун,
То раҳи фардо расон насли башар.
Пардаро аз рӯ, зани тоҷик, гир!
Ин насиҳатро зи ҷону дил пазир.
Ту чу моҳӣ, чодарат абри сиёҳ,
Менакун пинҳон рухи поку мунир
Рудобаи
Мукаррам
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00