ЛИМӮ ВА ФОИДАИ ОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 2 540
Ватани лимӯ кишвари Осиё буда, дар шакли худрӯй инкишоф меёбад. Дар асри X арабҳо онро аз Осиё ба Фаластин ва аз он ҷо салибдорон ба Италия меоранд. Дар Тоҷикистон, соҳои қаблӣ танҳо дар ноҳияҳои Вахшу Ҷайҳун парвариш карда мешуд. Хусусиятҳои хуби шифобахшии он аз даврони қадим ба мардум маълум аст. Меваи лимӯ дар тиб васеъ истифода бурда мешавад ва онро барои бисёр намуди бемориҳо истифода мебаранд. Самари он дорои тамъҳои гуногун: турш, ширин ва майхӯш (туршу ширин) мебошад.
Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ ва сероб аст, лимӯро ҳамавақт дар бозорҳо дастрас кардан мумкин аст.
Хусусиятҳои шифобахшии он:
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк мебошад.
Лимӯ даҳонро хушбӯй, меъдаро қавӣ ва ба диққи нафас фоида дорад, равғане, ки аз пӯсти лимӯ ва донаҳо ҷудо карда мешавад, онро барои бемории фалаҷ ва заифии бадан тавсия медиҳанд. Ошомидани лимӯ дарди сар ва чарх задани сар, ки сабабаш аз гармӣ бошад, даво мебахшад, хуморро таскин, варами гармии ҳалқро таҳлил медиҳад, тапидани дил, фишори баланди хун ва ҷӯшиши сафроро паст мегардонад. Қайи сафровӣ, беҳузур шудани дил, ҳазм наёфта ба қафо баргаштани таъомро ба ислоҳ меоварад ва моддаҳои гармиро аз ҷигар ба меъда кашида берун мекунад, меъда ва ҷигари гарммиҷозро қувват мебахшад.
Бояд огоҳ намуд, ки агар худи лимӯро бо мудовимат бихӯранд, хобро мегурезонад, бинобар ҳамин, бояд, ки инро бо шакар ё қанди сафед бихӯранд. Чун лимӯро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар ба такрор бимоланд, дарди сарро, ки сабабаш гармӣ бошад, таскин медиҳад ва агар буридаи онро ба бадан бимоланд, доначаҳои дар пӯст пайдо шударо (алергия) ва хушк шудани пӯсти баданро шифо мебахшад ва агар онро ба рухсора бимоланд, пок ва чиркҳояшро нест мекунад. Хӯрдани лимӯ заҳрҳои ҷонварон ва заҳри давоҳои қаттолро аз бадан дафъ мекунад, лимӯро дар аксар ҳолат ба ҷойи сирко истеъмол менамоянд ва барои дафъ намудани бемориҳои сафровӣ беҳтар аз лимӯ ва шароби он даво нест.
Мизоҷи шаробаш дар дараҷаи якум сард ва дар тариву хушкӣ муътадил аст.
Беҳтарин шароби соддаи лимӯ он аст, ки аз оби лимӯи навъи расида молида соф гардонида бошад, бо шакар ё қанди сафед ё бо асал тартиб дода, яъне ҷӯшонида бошад, ки туршии хуштамъ дошта бошад ва аз сохтани он як сол нагузашта бошад, дар давогӣ истеъмол кардан равост.
Барои ҷӯшиши даҳон, бастагии забон, соф кардани овоз, пок намудани узвҳои даруни сина аз моддаҳои бегона, рафъ намудани сулфаи гарм, дилтаппак, ки аз моддаҳои гарм бошад, шикастани шиддати сафро, дафъи фишор ва ҷӯшиши хун, табҳои сафровӣ ва мураккабу даврӣ, кандан ва дафъ кардани ахлоти сухта (балғам) даво мебахшад.
Чун ин шаробро пеш аз давоҳои ислоҳовар бинӯшанд, баданро барои қабул кардани давои ислоҳовар тайёр мегардонад. Ҳар он шахсе,ки ҳамеша инро биёшомад, саломатиашро нигоҳ медорад ва барои тамоми бемориҳои кӯдакона давои хуб аст. Агар донаи лимӯро аз пӯсташ ҷудо карда бихӯранд заҳрҳои баданро нест мекунад, аз 3,5 то 7 грамми донаи лимӯро аз пӯст ҷудо карда бо оби гарм бихоянд, кундии дандонҳоро, ки аз расидани туршӣ ба ҳам расида бошад, ислоҳ мекунад. Чун лимӯро ба тамом хушк намоянд ва ба вазни он дар шакар соида бихӯранд барои манъи ба сар баромадани бухорот, кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан давои муфид аст. Лимӯи намакхӯрдаро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, бӯйи даҳон ва оруғро нест мегардонад.
Гирдоваранда Шамъигул Солиҳова
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30