Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Панҷаи ҳасрат


Панҷаи ҳасрат



Дар яке аз рӯзҳои зебои фасли баҳорон, аниқтараш моҳи майи соли 1945, санаи хатми ҷанги хонумонсӯз-9 май – Рӯзи Ғалаба дар деҳаи Ширатола, садои навзоди некқадаме пайғом аз шодиву сурур овард. Волидон ба ин тифли некқадам Озода ном ниҳоданд.

Озода модари ман бо ҳастии худ ба чашмҳо нур, ба қалбҳои решу ҷигарҳои аз захми ҷанг доғгашта сурур овард.

Дар асл модарамозодарӯзгор, озодагуфтор, озодарафтор, озодасимову озодапероҳан буд. Номаш башорат аз ҳаёти хуш, саодати рӯзгорон ва бозгӯкунандаи ин ҳама хислатҳо буд. Аз ҳастии модари афсонагӯву қиссапардозам маҳфили хешу пайвандон ва дӯстон нуру зиё мегирифт. Кошонаҳояшон чароғон мегашт. Чаҳ-чаҳи кабки кӯҳистон, булбули чаманистон пеши хушгуфтории модари кушодачеҳраву садафдандомам, ки мисли ровӣ касро мафтун менамуд, ҳеҷ буд.

Ба ақли кӯдакиам гумон мекардам модари ман намиранда аст. Ӯро офаридгори рӯи замин мепиндоштам. Ва ба дугонаҳоям гоҳо дар баҳс мешудам, ки модаронамон Худоянд, вагарна чӣ тавр метавонистанд моро ба дунё оваранд.

Рӯбучини хона, либос шустану дарзмол намудан, нону хӯрок пухтан, косаву табақ шустан, ба гову молему хошок додан, қабулу гусели меҳмонон, аз субҳ то шом лаҳзае бе истироҳат дунболи мо-9 нафар фарзандон андармон гаштан, лаҳзаи таб кардан ё бемор гардидани яке аз мо дар сари болинамон мижа таҳ накарда бемордорӣ намуданашро аз корҳои муқаррариаш медонистам. Бо ақлу зеҳн ва дарку фаҳмиши кӯдакиам ӯро ба анҷоми ин корҳо вазифадор мепиндоштаму дунболи ҷастухези бачагӣ будам. Дунёро бо ҳама буду нобудаш пушти по задаву аз иқболи баланди хеш, аз модари ҳамадону хушсимоям миёни занони деҳ, ифтихору сарфарозӣ доштам, он айём. Мо фарзандон аз шираи ҷонаш неруманд гашта, нахли умрамон сабзидаву боровар шуд.

Ба зодрӯзи модарам рӯзҳо ба шумор мондаанд. Дилам таҳ мезанад, аз он, ки дигар модарам дами дар ба пешвозам намебарояд, «духтари роҳдурам омад» намегӯяд, ин лаҳзаҳо буғз гулӯгирам мекунад. Хомӯшу беовоз мегирям. Ба ёди рӯзҳои беғами кӯдакӣ, овони наврасию ҷавонӣ, ки худро аз даву ғеҷу мушкилоти зиндагӣ хаста ба оғӯшаш меандохтам, қалбам ба фарёд меояд.

Шабонгаҳ дар бистари хоб бо ангуштон якояк меҳисобам, пиру барно деҳагонамро, ки ба синну соли ман беш аз 270 нафар ба дорулбақо пайвастаанд, бо шумори модарам. Бо ин вуҷуд ҳаёт дар деҳа ҷӯш мезанад. Вале, баъди марги модарам на танҳо хонаву дар, боғу роғи падар, ҳатто маҳаллаву деҳа ба назарам холӣ монд.

Роҳе, ки аз байни деҳа мегузарад, шоҳиди ин гуфтаҳост. Ин роҳ чӣ қадар азизон-шаҳмардони ғуррамаргу арӯсони номурод, пирони рӯзгордидаву ҷавонони аз сад гул як гули боғи умедашон нашукуфтаро ба сӯйи гӯристон бурдааст. Он рӯзи сиёҳу наҳс 1 августи соли 2015 модари пурармон, шохаи райҳони маро низ савори аспи чӯбин сари китфон ба гуристон бурданд.

9 сол, 108 моҳ, 3294 рӯз, 79056 соат мешавад, ки бемодарам, беҳамнафасам, рӯзшуморӣ дорам ман. Лаҳзаҳои видоъ бо модар, очамойгӯиҳои хоҳарон синаи фалак мешикофт. Оҳ! Чӣ қадар гарон аст, марги шахси наздики инсон.

Мардум тобути модарамро вазнин-вазнин ба водии хомӯшон, ба сӯи гӯристон бурданд. Вазнину гарон буд бори он тобут. Тобути ғаму дард, ғуссаву ҳасрат, орзуву армон, фарзандони зору ҳайронмонда, модари чордаҳсола бемору бистарии ман…

Арзиши модарам аз ҳама чизи дунё болост. Ба бемодариам ҳеҷ наметавонам муросо кунам. 

Як баҳор шабнам, як дашт шақоиқ, як осмон ситора, қалби саршори муҳаббатамро ҳадя ба номи Озодамодарам мекунам.

Адолат Сайфуллозода,
сармуҳаррири рӯзномаи
«Тахти Қубод»-и н. Қубодиён

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода