Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар хизмати аскарӣ намуна бош, писарам!


Дар хизмати аскарӣ намуна бош, писарам!



Салом, писари далеру шуҷоъ, ватандӯст ва бо нангу номусам Ҷаҳонгир! Инак, нуҳ моҳ мешавад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд хизмати низомиро адо карда истодаӣ. Ҳарчанд аз мо дурӣ, вале аз ин дилам пуру хотирам осуда аст. Зеро ту дар ҳудуди Ватани азизамон-Тоҷикистон дар ҳалқаи ҳамхизматон ва тарбияи командирони ғамхору меҳрубон қарор дорӣ.

Дар ёд дорӣ, писарам, вақте ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардӣ, ба ману падарат изҳор доштӣ, ки аввал ба хизмати аскарӣ рафта, қарзи шаҳрвандиро адо менамоӣ, сипас ба хизмати волидон мепардозӣ. Рости гап, ҳамон лаҳзаҳо монеъ шудам, аз ин қарорат баргардӣ. Зеро баъзе падару модарон мегуфтанд, ки ҳоло хизмат дар сафи Артиши миллӣ осон нест.

Қисмҳои низомӣ шароити хуби хизматро надоранд, камчинии ғизо ҷой дорад, ҷойи хоби аскарбачаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Сарбозоне, ки хизматашон анҷом меёбад ва ё соли дуюми хизматашон аст, наваскаронро шиканҷа медиҳанд. Мани сода ба ин ҳангомаҳои занмодарони фарзанди эркадошта бовар кардам. Охир ту-писарҷон, бемории нафастангӣ доштӣ, барои ҳамин ба гапи онҳо бовар кардам. Охир ман модарам, маро бифаҳм. Вале ту қароратро тағйир надодӣ, мардонавор ба хизмати аскарӣ рафтӣ.

Инак, бо гузашти ним сол барои хизмати хуб, интизоми қавии низомӣ ба ту рухсатии кӯтоҳмуддат доданд. Туро аз наздик бо чашмонам дида, хурсанд шудам. Дар ин муддат куллан тағйир ёфтаӣ. Тани лоғарат, ба қавле гӯшт гирифтааст, аз бемориат низ осоре намондаю шакли марди ҳақиқию нерумандро гирифтаӣ.

Аз хизмати кунуниат, шароити хубу обутоби ҷисмонию сиёсӣ гирифтаат, дарси мардонагӣ гузаштанат, дар канори командирони сахтгиру меҳрубон, дӯстони зиёди аз ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ пайдокардаат, ҳамхизматони ҷонию содиқат, мустақилият омӯхтанат ҳарф мезадию сарам аз ифтихор ба осмон мерасид.

Акнун дар маҳфилҳои занон нишаста, аз наҳзаниҳои модарони фарзандонашон дар хизмати аскарибуда намегурезам. Бо сари баланд мегӯям, ки Ҷаҳонгири ман низ сарбози Ватан аст. Дар ин лаҳзаҳо ба онҳо мегӯям, ки падари раҳматиам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буду душманро то лонааш-Берлин пеш кард. Бо ордену медалҳои зиёд ба Тоҷикистон баргашт ва то охири умр ба халқу диёр хизмат намуд. 11 фарзандро дар роҳи ҳақиқату ватандӯстӣ тарбия намуд. Бародаронам низ дар даврони шуравӣ хизмати аскариро дар шаҳрҳои гуногуни давлати Россия адо карданд. Шавҳарам бошад, хизмати низомиро дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гузарондааст.

Имрӯз, фарзанди азизам Ҷаҳонгир анъанаҳои бобою падар ва наздиконамонро идома дода, номи моро баланд бардоштааст. Ман модарам. Истифода аз ин мақоми баланд аз модарони шарифи Ватан хоҳиш менамоям, ки фарзандонро аз хизмати аскарӣ нагурезонанд, бо баҳонаи мардикорӣ ба Россия нафирис-танд. Ин тарафгириҳо бар зарари фарзанд мешавад. Агар имрӯз онҳо аз хизмати аскарӣ саркашӣ кунанд, фардо дар сари пириатон аз нигоҳубини шумо канораҷӯйӣ мекунанд.

Аз нақлҳои писарам акнун хуб медонам, ки дар қисмҳои низомӣ бо иқдомҳои шоистаи Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хуби хизматӣ барои аскарбачаҳо фароҳам оварда шудааст.

Пас, биёед, фарзандонамро ба ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи истиқлолу сулҳу ваҳдат фиристем. Боварӣ дорам, ҳамин тавр ҳам мешавад.

Писарҷонам Ҷаҳонгир! Дар хотимаи номаи худ дуои онро мекунам, ки ба Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосо софдилонаю содиқона хизмат намоӣ.

Бо дуои нек, модарат Сурайё Гадоева, шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода