Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти оилаи ман
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 173
Пас аз ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат дар баробари таъмини сулҳу субот, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли комил, ҳамзамон дар ҳаёти сокинони кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.
Ба ҷойи сарсухан
Оилаи ман дар яке аз матнотиқи дурдасти мамлакат - ноҳияи Муъминобод рӯзгор ба сар бурда, тибқи ривояти падарам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мамлакати тозаистиқлоли моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, лаҳзаҳои душвореро аз сар гузаронидаанд. Аммо ҳама ташвишҳои хонадон пас аз ба сари ҳокимият омадани Пешвои муаззами миллат дар як мудати кутоҳ аз байн рафт ва зиндагӣ зина ба зина беҳтар гардид. Имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи меҳан зери сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат кору зиндагӣ намуда истодаем.
Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб таваҷуҳи хос доранд
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ падарам Бобохон Исоев таҳсили илм кардаву аз ҳамон лаҳза то ба имрӯз ба ҳайси бародари шафқат дар беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод кору фаъолият дорад. “Набудани таҷҳизот дар муассисаҳои тандурустӣ, дастрасӣ надоштан ба маводи доруворӣ, камбуди барқ, набудани мутахассис дар солҳои аввали корӣ баръало эҳсос мегардид. Агар аз як ҷониб вазъияти ноороми ҳамон рӯзҳо боиси ташвишу нигаронии хонадон буд, аз ҷониби дигар набудани озуқаворӣ аҳли хонаводаро азият медод”, - мегӯяд падарам.
Тибқи гуфтаҳои падарам, пас аз оне, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, зери сиёсати ӯ дар Ҳукумати мамлакат барномаю лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гардид. Натиҷа ин аст, ки имрӯз дар беҳтарин шароит ва дастрасӣ бо муосиртарин таҷҳизот баҳри беморон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи маориф
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати меҳварии худ маорифро дар мадди аввал гузоштаанд. Далели ин гуфтаҳо суханони эшон дар Паёми охирини ироанамудаи хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки қайд дошта буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.
Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат омӯзиши илм дар оилаи мо барои духтару писар фарз аст. Хоҳари калонӣ - Ҷононаи Бобохон нахустфарзанди оила пас аз хатми мактаби миёна соли 2012 ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил, вобаста ба имконияти молиявии оила ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб супорид. Пас аз соли аввали таҳсил дар колеҷи мазкур, барояш имконият даст дод, то 18 октябри соли 2013 дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон бо мардуми шаҳри Кӯлоб, ки пас аз ифтитоҳи Маҷмааи варзишиии шаҳри Кӯлоб доир гардид, иштирок ва суханронӣ намояд.
“Ҳамон рӯз нафарони зиёде барои суханронӣ кардан дар назди Президенти мамлакат ҷамъ омада буданд. Ман ҳам дар қатори дигар баромадкунандагон барои суханронӣ омодагӣ дида будам. Бароям бисёр ҳаяҷоновар буд. То он рӯз боре ҳам Пешвои миллатро аз наздик надида будам. Пас аз ду нафар ба назди баландгӯяк омадам ва худро муаррифӣ карда, ба Сарвари маҳбубу раиятпарвари миллат барои дастгириҳои пайвастаашон нисбати насли наврасу ҷавон, таъмини фазои муносиб барои омӯзиши илму ҳунар изҳори миннатдорӣ намуда, қудуми муборакашонро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфтам. Пас аз анҷоми суханронӣ, хостам ба ҷои нишасти хеш баргардам, аммо ҳамин лаҳза Сарвари давлат “духтарҷон” гуфта хитобам кард. Вақте баргаштам, суол карданд, ки “Барои чӣ шумо дар донишгоҳ нею дар коллеҷ таҳсил доред?” “Муҳтарам Ҷаноби олӣ, ҳатман пас аз хатми коллеҷ таҳсилро дар донишгоҳ идома хоҳам дод”, - посух додам ман”,-мегӯяд Ҷонона.
Сарвари давлат ба масъулин дастур доданд, ки барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ мусоидат намоянд. Пас аз ин, бо кӯмаки Пешвои миллат ҳамон сол идомаи таҳсилро дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) идома дода, аз рӯйи ихтисоси забон ва дабиёти тоҷик онро бо муваффақият хатм намуда, оиладор гардид ва ҳоло дар баробари тарбияи фарзандон, ҳамчунин ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод ба насли наврас дарс мегӯяд.
Ҷонона он мулоқотро дар ҳаёташ фаромӯшнашаванда медонад, зеро тавонист пас аз вохӯрӣ бо Пешвои миллат соҳиби маълумоти олӣ гардад. Имрӯз дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои сазоворро ишғол кардаанд. Ҷиҳати омода кардани толибилмон ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” солҳои 2021-2023 бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.
Бо иқдоми Пешвои миллат рӯзноманигор шудам...
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳсили фарзанди калонии хонадон Ҷонона саҳм гузошт, ҳамчунин пас аз ташкили Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ман - Ҷумахон Бобохонзода муаллифи ин сатрҳо, дар соли аввали ташкили ин марказ - соли 2014 тавонистам ба таври ройгон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба ихтисоси рӯзноманигорӣ дохил шуда, онро бо муваффақият аз рӯи дараҷаи бакалавр ва магистратура хатм намоям.
Бародарам Муҳаммадсаид низ тавонист тариқи Маркази милии тестӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба таври ройгон аз рӯйи ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ дохил гардад ва онро соли 2020 бо дипломи аъло (сурх) хатм намуд. Соли 2019 дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқ” иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва бо диплом сарфароз гардид. Соли 2022 зинаи магистратураро аз рӯи ихтисоси забони англисӣ хатм карда, ҳоло ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ ба толибилмони ноҳияи Рӯдакӣ дарс мегӯяд.
Соли равон хоҳарам - Марҷона пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна, тавонист тариқи Маркази миллии тестӣ ба коллеҷи тиббиии шаҳри Кӯлоб ба таври ройгон дохил шавад, ки ин ҳама аз иқдому ташабусҳои Пешвои муаззами миллат ва шароити фароҳамгардида бароямон даст дод.
Дастгирии дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ҷиҳати ҳавасмандии насли наврасу ҷавон роҳандозӣ намудаанд, ин ташкили Стипендияи президентӣ мебошад, ки аз ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат оилаи мо бархӯрдор гардидааст. Хоҳарам - Саъбагул соли таҳсили 2022-2023 гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Муъминобод гардид, ки бароямон мояи ифтихору сарафрозист.
Ба ҷойи хулоса
Ин ҳама дастгириҳо ҷузъе аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба оилаи ман мебошад ва мо ҳаргиз ин дастгирӣ ва иқдомҳои эшонро фаромӯш нахоҳем кард ва то вақте ки ҷон дар бадан ҳаст, канори Сарвари давлат баҳри ободию пешрафт ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду талош менамоем.
Ҷумахон БОБОХОНЗОДА,
рӯзноманигор, сокини ноҳияи Муъминобод
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00