Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН . Бозӣ байни “Равшан” ва “Истиқлол” кай доир мегардад?


СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН . Бозӣ байни “Равшан” ва “Истиқлол” кай доир мегардад?




Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 11 майи соли оянда баргузор мешавад.

Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории ин дидор варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода интихоб шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар варзишгоҳи таъмиршудаи шаҳри Турсунзода, ки дар он таҷҳизоти равшанидиҳӣ насб мегардад, гузаронида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе чемпиони мамлакат ва дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медали нуқраи Лигаи олӣ дар соли 2023 мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода