Кашфиёти илмӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 234
Кайҳон
Тадқиқоти кайҳонии Ҷопон (JAXA) ният доранд, ки технологияи муҳофизати Заминро аз таъсири астероидҳо бо истифода аз зонди «Ҳаябуса-2» машқ кунанд. Дар ин бора рӯзномаи “Йомиури” хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки моҳи июли соли 2026 зонд метавонад аз назди астероиди 2001CC21 бо диаметри тақрибан 700 метр бо суръати 5 километр дар як сония парвоз кунад. Дастгоҳ бо астероид бархӯрд намекунад, аммо кормандони JAXA роҳи парвози “Ҳаябуса-2”-ро тавре танзим мекунанд, ки ҳангоми гузаштан ба объекти кайҳонӣ дар масофаи то 10 километр наздик шавад.
Ҳамин тариқ, олимон ният доранд, ки малакаҳои пилотӣ дар назди астероидро машқ кунанд. Ин донишро дар оянда дар шароите ба кор бурдан мумкин аст, ки зондҳо ба объектҳои кайҳонӣ нигаронида шуда, аз афтидани онҳо ба Замин пешгирӣ карда шаванд.
Зоология
Олимони Донишгоҳи Орхус дар Дания гуфтанд, ки сабаби нестшавии ҳайвоноти азим дар рӯйи замин ба фаъолияти инсон вобаста аст.
Дар рафти тадқиқот олимон таҳлили генетикии васеъ гузарониданд. Мутахассисон ДНК-и 139 намуди зиндаи ширхӯрони калонро омӯхтанд. Натиҷа нишон дод, ки тақрибан 50 ҳазор сол пеш, шумораи ҳамаи намудҳои ҷонварон якбора коҳиш ёфтааст. Таҳқиқот эволютсияи ҳайвоноти калонро дар тӯли 750 ҳазор соли охир ошкор кард. Дар давоми 700 ҳазор сол шумораи намудҳо устувор боқӣ монд. Аммо 50 ҳазор сол пеш тағйироти назаррас ба амал омаданд - шумораи ҳайвонот рӯ ба камшавӣ ниҳода, нест шуда ва баъдан ҳеҷ гоҳ барқарор нашуданд.
Олимон қайд мекунанд, ки дар давоми 800 ҳазор соли охир иқлими Замин тағйироти назаррасеро паси сар кардааст.
Давраи яхбандӣ ва давраҳои гармшавӣ тақрибан дар 100 ҳазор сол якдигарро иваз мекарданд. Аммо, тағирёбии иқлим, бар хилофи назарияи маъмул, ба саршумори ҳайвонот таъсир нарасониданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки нобудшавии ҷонварон 50 ҳазор сол пеш омили дигар, яъне пайдоиши Homo sapiens будааст, менависад Nature Communications. Тадқиқоти дигар нишон дод, ки тақрибан ду миллион намуди наботот ва ҳайвонот дар ҳоли ҳозир зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.
Таърих
Пажуҳишгарони донишгоҳи Гетеборг дандонҳои викингҳои Шветсияро омӯхта, муайян карданд, ки дар асрҳои Х-XII онҳо системаи мукаммали нигоҳубини дандонпизишкӣ доштанд, хабар медиҳад argumenti.ru.
Дар маҷмӯъ, олимон 3293 дандони 171 викингҳоро тафтиш карданд. Қариб нисфи дандонҳо ҳадди ақалл як осеби кариесӣ доштанд. Дар баробари ин сӯрохиҳои баъзе дандонҳо пур (пломба) шуданд. Муҳаққиқон инчунин дар дандонҳо изи абрешим ва ё шохчаҳоеро пайдо карданд, ки аз истифодаи мунтазами дандонкобакҳо шаҳодат медиҳанд. Илова бар ин, дандонҳои пеши яке аз онҳо бодиққат суфта гардидаву канда шудаанд.
Т. Толибзода, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00