Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲУШДОР. Аз ифротгароӣ бояд дурӣ ҷуст!


ҲУШДОР. Аз ифротгароӣ бояд дурӣ ҷуст!


Шиддатёбии авзои сиёсии ҷаҳон ва муборизаҳои идеологиву мазҳабӣ ҳар як фарди солимақлу соҳибандешаро  водор менамояд, ки баҳри ҳифзи амнияту субот ва оромии ҷомеаи хеш бетараф набошад. Аз он ҷумла, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони имрӯз, ки кулли сокинони сайёраро ба парешонӣ ва ҳарос овардааст, терроризму ифротгароии динӣ мебошад.

Террористону ифротгароён, ки ҳадафашон барҳам задани осоиши мардум ва аз байн бурдани низом дар ҷомеа мебошад, пайваста талош менамоянд, ки бо зиёд намудани аъзоёни гурӯҳҳои хеш ба амалӣ кардани мақсадҳои нодурусту ботилашон дастёб шаванд. Онҳо бо мағзшӯиву фиреби бархе аз ҷавонони нохудогоҳу  бетаҷриба  баҳри тавсеаву фаъолиятҳои гурӯҳҳои хеш торафт талош менамоянд. 

Ин зуҳуроти номатлуб, ки зиёну зарари ба бор овардааш бар кулли сайёра хоҳад расид, моро бар он меорад, ки баҳри пешгирии он аз паҳншавӣ, махсусан миёни ҷавонон талош намоем. Ин ҳам дар ҳолате, ки шабакаи ҷаҳонии интернет дастраси ҳамагон асту фаъолияти чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳро ба маротиб осон менамояд. 

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни яке аз нишастҳояшон иброз намуда буданд: “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро  бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”. 

Айни ҳол, ки ин зуҳуроти номатлуб чун вабои аср паҳн гардидааст, дар баробари хисороти молие, ки бар ҳаёти сокинони сайёра дар натиҷаи таркишу харобкориҳои мусаллаҳона ворид месозад, инчунин ба ҳолати равонии аҳли башар низ бетаъсир намемонад. Ҷойи таассуф аст, ки аксари намояндагони гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ, дар амалҳои харобкоронаву даҳшатангези худ аз номи Ислом ҳарф мезананд ва зери ниқоби дин амал мекунанд. Ҳол он ки ҳеҷ таълимоти диние тарафдори қатлу куштор ва аз байн бурдани осоиши мардум нест. Худ маълумоти нокифояи динӣ доранду бо ин мафкураи хурд ва оҷизашон масъалаҳоро қазоват мекунанд. 

Бо назардошти чунин вазъияти мураккаб ва хатарафзои ҷомеа моро мебояд, ки дастаҷамъона барои аз байн бурдани фаъолияти ин гурӯҳҳо кӯшиш намуда, роҳҳои гаравидани ҷавононро ба ин фирқаҳо  пешгирӣ намоем. Бояд бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ баҳри решакан кардани амалҳову андешаҳои носолим  ва даҳшатафкан дар ҷомеа талош кунем. Ба ҷавонон арзиши Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷамъиятиро бояд фаҳмонд, то дучори гумроҳӣ нагарданд ва бо ифтихори баланд аз ватану ватандорӣ баҳри ободии боз ҳам бештари кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ба онҳо бояд фаҳмонид, ки ободии имрӯзу фардои ҳар кишваре аз амалкарди афроди он вобаста аст. 

Дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ  ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди тероризм ва экстремизм ва гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тақвият диҳем. Бо зиракии сиёсӣ бояд дарк намуд, ки паси пардаи ин зуҳуроти даҳшатбор чӣ нақшаҳои бузурги абарқудратҳо амалӣ мегардад. Ба ҳамин тариқ вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои рӯзафзуни он ба насли башарият ва умуман сайёраи замин ҳар як инсони соҳибақлро водор мекунад, ки оид ба масъалаи худиву худшиносӣ андеша намояд  ва дар пойдории суботу амнияти ватану сарзамини хеш ба бетарафӣ роҳ надиҳад. Дар ин роҳи пурмоҷаро ва душвор ҳамоне метавонад боризона гоми устувор бардорад, ки дарвоқеъ эҳсоси баланди худогоҳӣ ва худшиносии миллиро доро бошад. Боз ҳам таъкид бояд сохт ва ба ҷомеа бояд фаҳмонид, ки нафарони зери ливои “ҷиҳод”-амалкунанда дар асл ба моҳияти ин мафҳум сарфаҳм намераванд. Чун аслан вожаи ҷиҳод маънои ҷаҳду талош ва кӯшишро дошта, беҳтарини он хизмат ба падару модар ва таъмини амнияти ҷомеаи хеш аст. 

Одами худошинос ҳеҷ гоҳ ба амалҳое чун қатлу куштор, харобкориву азият додани мардум ва ҳаросафканӣ даст намезанад ва ободиву оромии ҷомеаро осоиши худ меҳисобад. Имрӯз терроризму экстремизм дар шаклҳо ва либосҳои гуногун зоҳир мешавад, ки нахуст барои мубориза бо онҳо шинохташон бисёр зарур мебошад. Танҳо дар ин сурат роҳу шеваҳои мубориза бо он самараи дилхоҳ медиҳад. Сарвари давлат ба роҳнамоии шаҳрвандони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин маврид барҳақ иброз дошта буданд: “ Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари ниҳоят зиёд дорад”.

Бо ҳамин мехоҳем ин ҷо иктифо кунем, ки заковату ҳушёрии сиёсиро дар ҳеҷ мавриде набояд аз даст дод, то аз нақшаҳои харобиовари гуруҳҳои террористиву экстремистӣ воқиф гардему атрофиёнамонро низ аз онҳо дур нигоҳ дорем. 

Н. Мирзозода,
Б. Гадозода,
Д. Саидзода,
М. Аҳмадзода,
судяҳои Суди вилояти Хатлон 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода