Китобхона хонаи ороми қалб аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 329
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия ба номи М.И Ломоносови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ чорабинии идона миёни хонандагон баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ китобдори муассисаи мазкур Сайёра Абдураҳимова ва Нозима Абдуқодирова дарси китобдории муфид ва шавқовар миёни синфҳои 5-6 баргузор гардид.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ якчанд озмунҳо “Китобҳои дӯстдоштаи ман”, “Қаҳрамонҳои дӯстдоштаи ман”, бозиҳо, виктаринаҳо, саҳнаҳои тарбиявӣ, саволу ҷавоб аз китобҳои мутолианамудаи хонандагон ва шеърҳо бахшида ба китоб ва китбхона миёни хонандагони синфҳои 1 то 7 сурат гирифт, ки хонандагон иштироки фаъолона намуданд. Кӯдакон бо шавқи беандоза дар ин ҳамоиш ширкат варзида қадру манзалати китоб, муносибат бо китоб, чи гуна рафтор кардан дар китобхонаро ба ҳамсолони худ тариқи саҳнаҳои тарбиявӣ нишон доданд.
Сайёра Абдураҳимова китобдори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия ба номи М.И Ломоносови шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки чанд муддат пеш аз тарафи Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи мо китобҳои ройгон тақдим шуд, ки мо як гӯшаи калони китобҳо бо забони тоҷикиро ташкил намудем. Албатта пеш аз ин ҳам дар китобхона китобҳои тоҷикӣ вуҷуд дошт аммо сафи онҳоро зиёд намудем. Хонандагони муассисаи мо ба китобхӣ завқи баланд доранд, аммо мо талош дорем, то ҳарчӣ китобҳои пурмазмун ва шароити хубро барои онҳо фароҳам оварем, то онҳо аз хазинаи маърифат яъне китоб баҳраи бештаре гиранд.
Лозим ба зикр аст, ки субҳи рӯз дар мактаб иқдоми “Китоб хонандаи худро меҷӯяд” баргузор гардид, ки беҳтаринҳо соҳиби китоб гариданд. Бояд гуфт, ки ин гуна иқдомҳо барои бедор намудани завқи китобхонии муҳасилин муассир хоҳад буд.
Рӯзи байналмилалии китобхонаи мактабӣ ба ҳифзи анъанаҳои аҷиби китобхонӣ ва дар замири кӯдакон бедор крдани ҳисси муҳаббат ба китоб муосидат мекунад. Дар анҷоми чорабини азмунҳои зикргардида ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса қадрдонӣ гаштаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00