НАМОИШ-ФУРӮШИ КИТОБ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: ---, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 17 апрел дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун “Солҳои рушди фарҳанги китобхонӣ” ташкил карда шуд.
Ин иқдоми маърифатӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “Ирфон” роҳандозӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аҳли илму адаб, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳри Бохтар фаъолона иштирок намуданд.
Дар намоиш-фурӯш садҳо номгӯйи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва соҳавӣ пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонида шуд. Ташкилкунандагон кӯшиш намуданд, ки барои харидорон шароити мусоид фароҳам оварда, нархи китобҳоро дастрас намоянд.
![]()
Чунин иқдомҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа, рушди завқи китобхонии насли наврас ва ҷалби бештари ҷомеа ба мутолиаи китоб мусоидат менамоянд. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки китоб ҳамчун сарчашмаи дониш дар ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Сабринаи Сайвалӣ
“Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...