Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сомон Маҳмадбеков барандаи нишони тиллои Бозиҳои Осиёӣ


Сомон Маҳмадбеков барандаи нишони тиллои Бозиҳои Осиёӣ



Сомон Маҳмадбеков, варзишгари умедбахши тоҷик зери вазни то 81 кг тавонист дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ оид ба гӯштини ҷудо соҳиби нишони тилло гардид.


Дар бозии финалӣ Сомон Маҳмадбеков бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ли Ҷунван бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, соҳиби нишони тилло шуд.


Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз, дар даври ниманиҳоӣ бо як ҷасорату матонати ба худ хос бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт.


Сомон Маҳмадбеков аввалин ҷудокор дар таърихи ҷудои меҳан шуд, ки соҳиби нишони тиллои Бозиҳои Осиёӣ шуд.

Мавриди зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков аз ҷаноби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи 150 000 сомонӣ ва аз ҷониби шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хонаи сеҳуҷрага туҳфа карда мешавад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода