Тарғибгари либосҳои миллӣ бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 618
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқу миллат мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар як кишвар аст. Мутаассифона, имрӯз масъалаи фарҳанги либоспӯшии мо ба яке аз мавзуъҳои баҳснок табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон либосҳои миллӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан дар сатҳи баланд, бо нақшу нигори миллӣ омода мешавад. Аммо аз чи сабаб бошад, ки ҷавондухтарон либосҳои миллиро кам ба бар кардаву ба либосҳои бегона бештар таваҷҷуҳ доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ба занон муроҷиат карда, таъкид намудаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла рӯймолбандии бибиҳову модарони худамон нигоҳ кунем, магар нуқсоне дорад? Чӣ айбе он ҷо ба назар мерасад, ки боиси ор бошад?"
Дилноза Идиева, донишҷӯи курси якуми факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав чунин мегӯяд: «Банда тарғибгари либосҳои миллӣ ҳастам ва бо фарҳангу тамаддуни тоҷик ифтихор дорам. Мехоҳам, ки либоси миллӣ дар ҳама мавсим дар тани духтарону занони мо бошад. Сарвари давлати тоҷикон чаканро ҳамчун рамзи қадимтарини фарҳанги халқи тоҷик ба ҷаҳон муаррифӣ намуданд».
Дилноза гуфт, ки либосҳои аврупоӣ ба фарҳанг ва ҳуввияти миллати мо мувофиқ нест. Агар худи мо либосҳоро ба намояндагони давлатҳои дигар муаррифӣ накунем, пас, кӣ ин корро мекунад? Кӣ фарҳангу тамаддуни моро муаррифӣ месозад? Албатта, худи мо!
Масъалаи дигаре, ки имрӯз мардуми тоҷик ва махсусан занони мо ба он кам аҳамият медиҳанд, ин интихоби нодурусти либос аз рӯйи матоъ мебошад. Дар ҳама мавсим аз либосу матоъҳои бегона истифода мекунанду ба либосҳои миллӣ ва матоъҳои босифати худӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Мафтуна Шоева тӯли чандин сол аст, ки дар бозор ба ҳайси фурӯшанда фаъолият дорад. Ӯ дар ин хусус чунин андеша дорад: «Занону бонувон дар ҳар мавсим аз ҳар гуна либосҳои бегона истифода мебаранд. Талаботи занону бонувон нисбат ба либосҳои миллӣ бештар дар фасли баҳор аст. Онҳо ба мо ҳар гуна матоъҳои нақшу нигори миллидошта, аз қабили чакан, атлас, адрас фармоиш медиҳанд. Либосҳои миллиро аз шаҳри бостонии Хуҷанд дастрас менамоем. Мо вазъи иқтисодии харидоронро низ ба назар гирифта, матоъҳои босифат ва нархи дастрасдоштаро ба фурӯш мегузорем. Хуб мешуд, ки онҳо аз либосҳои миллӣ харидорӣ намоянд ва тақлид ба либоси бегона накунанд».
Воқеан ҳам либоси шинаму зебо инсонро зеботар, ҷаҳони зоҳирии ӯро рангинтар, дилкаш ва ҳатто мафтункунанда менамояд. Дарбаробари ин, бояд хотиррасон намоем, ки инсон, аз ҷумла занҳо, қабл аз ҳама, бояд олами ботинии худро ғаниву зебо созанд.
Раиси бонувони факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав Ҳафиза Абдураҳимова зимни суҳбат чунин ибрози андеша кард: «Фикр мекунам, ки занону бонувони тоҷикро бештар аз либосе, ки ба бар мекунанд, мешиносанд. Либосҳои маъмулии мо ин атласу адрас, чакан ва попурӣ (попов) мебошанд, ки зебогии зани тоҷикро дучанд мегардонад. Ҳатто меҳмононе, ки ба Тоҷикистон меоянд, пеш аз ҳама, аз фарҳангу тамаддун ва аз либосҳои миллии мо дидан менамоянд».
- Пешниҳод мекунам, ки агар дар тамоми корхонаву ташкилотҳо пӯшидани либоси ягонаи миллӣ роҳандозӣ карда шавад, хуб мебуд. Бонувони мо набояд аз либоси миллии худ ор намоянд. Ҳарчанд ҷавон набошам ҳам, аммо мехоҳам дар ҳама мавсим либоси миллӣ ба бар намоям. Аз фарҳанги тоҷикона ифтихор дорам, - афзуд Ҳафиза Абдураҳимова.
Бале, либоси миллӣ инъикосгари фарҳанг ва тафаккури миллӣ мебошад. Моро месазад, ки баҳри ҳифзи ин арзиши волои миллӣ ҳиссагузор бошем.
Мутриба АҲТАМЗОДА,
коромӯзи «Хатлон »
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...