Фарбеҳӣ беморист?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 599
Гулрӯ Нуралиева (номи шартӣ) 32 сол дошта, аз бемории фарбеҳӣ азият мекашад. Ӯ 98 килограмм вазн дошта, фарбеҳӣ ӯро мубталои бемории диабети қанд гардонидааст. Гулрӯ ҳар ҳафта ба беморхонаи эндокринологии вилояти Хатлон барои ташхису табобат муроҷиат мекунад. Ба гуфтаи худи ӯ, пеш аз табобат 105 килограмм вазн доштааст.
-Аз доштани вазни зиёдатии бадан хеле танқисӣ мекашам ва пайваста ба бемориҳои дигар гирифтор мешавам. Ҳаракат кардану роҳ рафтан бе кумаки дигарон бароям мушкилии зиёдеро ба бор меорад, - шикоят мекунад Гулрӯ Нуралиева.
Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфнок на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар сайёра мубаддал гардида, тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Зеро оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад.
Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарббандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёри индекси бадан қабулгардида арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилои Cозмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ вафот мекунанд.
Сабабҳои бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он
Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб сабабҳои гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ гуногунанд.
-Омили аз ҳама маъмултарини дучор гардидан ба бемории фарбеҳӣ, ин пурхӯрӣ мебошад, - иброз намуд дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” Алишер Бурташев, мутахассиси маркази эндокринологии вилояти Хатлон.
Дар идома илова намуд, ки аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ, сабаби дуюмаш камҳаракатӣ мебошад. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхӯрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мебошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд. Гурӯҳи аҳолие, ки камҳаракатанд, ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Яъне бадан миқдори зиёди чарбро захира мекунад ва ҳангоме ки захира ба кор бурда намешавад, инсон гирифтори бемории фарбеҳӣ мегардад.
Ба ақидаи ин коршинос, одатҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд. Инҳо тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гузашта аз ин, бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ ҳаст. Агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад.
Дар идома мавсуф изҳор дошт, ки оқибатҳои дигари бемории фарбеҳӣ инҳоянд: гурӯҳи аҳолие, ки ба ин беморӣ гирифторанд, онҳо нисбат ба гурӯҳи аҳолие, ки ба бемории мазкур гирифтор нестанд, осебпазир ва ҳассос мешаванд. Хатари гирифторшавии онҳо ба бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, диққи нафас, дил, саратон ва ғайра. Ғайр аз ин нафароне, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд, умри онҳо кӯтоҳтар аст.
-Сабаби дигари гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ ин истифодаи доруҳое ки дар таркиби онҳо гармонҳо мавҷуд аст. Моддаҳои дорои гармон иштиҳои одамро зиёд намуда, дар натиҷа бемории фарбеҳӣ ба вуҷуд меояд, - иброз медорад эндокринолог Алишер Бурташев.
Фарбеҳӣ дар Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст.
Бино ба оморҳои мавҷуда бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3%-ро ташкил менамояд. Дар байни мактаббачагон бошад, 4,7%-ро дар бар мегирад. Дар ҳудуди вилояти Хатлон бошад, 180300 нафар мубталои бемори фарбеҳӣ мебошанд. Паҳншавии бемории фарбеҳӣ нисбат ба мардҳо миёни занҳо як фоиз зиёд аст.
Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкилоту сохторҳои гуногун, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои гуногунро рӯи даст гирифтааст. Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ баҳри таҳияи “Барномаи пешгирии бемории фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дод. Пас аз ҳамоҳанг намудани он бо вазорату идораҳои дахлдор барномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо баҳри коҳиш додани бемории фарбеҳӣ пешбинӣ шуда буд. Аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад бемории мазкурро ба камшавӣ оварда расонад.
Алишер Бурташев мутахассиси соҳаи эндокринологӣ иброз дошт, ки қабули барномаи мазкур ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ ё паст кардани сатҳи бемории мазкур мусоидат намуда соҳаҳои дахлдорро баҳри пешгирии ин беморӣ вазифадор менамояд. Ӯ гуфт: «Бояд дар мактабҳо аз тарафи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ба омода намудани омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ аҳамият дода шавад. Чунки яке аз сабабҳои бемории мазкур камҳаракатӣ мебошад. Ба барномаи мактабӣ ворид намудани вақти муайян барои баррасӣ кардани зарари вазни зиёду бемории фарбеҳӣ дар оянда зарур мебошад. Мактаббача бояд донад, ки шахсони гирифтори бемории фарбеҳӣ ба чӣ гуна хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз тарафи дигар, ҳамин масъалагузорӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тааллуқ дорад. Нисбати ин масъала бояд дар миёни ҷавонон мунтазам чорабиниҳо гузаронида шаванд. Зеро натиҷаи корҳои илмӣ-таҷрибавӣ нишон медиҳад, ки агар гурӯҳи ҷавонон ба бемории фарбеҳӣ шинос набошанд, дар миёни онҳо вазни зиёду бемории фарбеҳӣ ҷой дошта бошад, онҳо бояд аниқ донанд, ки баъд аз ба камол расидан ва дар раванди кору фаъолият ин беморӣ ҳам ба саломатӣ ва ба сифати кори онҳо таъсири манфӣ мерасонад».
Вобаста ба бемории фарбеҳӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷойи маҳсулот
хӯроквории таркибашон чарбдор бояд маҳсулоте, ки аз орди навъи дуюму сеюм тайёр карда мешавад, истеъмол намоем. Бояд бештар таваҷҷуҳ ба истеъмоли меваю сабзавот ва кабудиҳо дода шавад. Чунки дар таркиби онҳо неру вуҷуд надорад ва онҳо аз нахҳои ғизоӣ боянд. Дар баробари ин, меваю сабзавоте, ки шириннокиашон зиёд аст, даст кашидан лозим.
Инчунин, истифодаи зиёди намак, истифодаи таъмдиҳандаҳо дар ғизо, истеъмоли ғизоҳои тезтайёр, истеъмоли нӯшокиҳои ширини газнокро низ бояд кам кард. Ҳамчунин, ба баланд намудани масъуният ва фаъолияти ҷисмонӣ бояд аҳамият доду зиёдтар роҳ гашт. Тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад.
Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмӯъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад. Истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр инсонро ба бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, вазни зиёдатӣ, баландшавии фишори хун ва зиёд шудани холестерин дар организм гирифтор мекунад. То имрӯз навад дар сади шаҳрвандони ИМА аз сабаби зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои тезтайёр ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд.
Ба ҷойи хулоса
Дар урфият мегӯянд, ки пешгирӣ беҳ аз табобат. Ҳар инсон табиби худ аст. Бояд аз тавсияҳои мутахассисон истифода намуда, пеши роҳи ин бемориро гирифт. Зеро бемории фарбеҳӣ на танҳо ба худи шахси гирифтор, балки ба ҷомеа низ зарари манфӣ мерасонад.
Дар баробари ин, зиёд шудани фисади аҳолии мубталои бемории фарбеҳӣ, сатҳи иқтисодии оила, сатҳи иқтисодии соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмӯъ, солимии ҷомеаро халадор мекунад.
Фарида БАРОТОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00