З. Қосимова: «Шеър ин зиндагист»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 579
Зебонисо Қосимова – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, соли 2022 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи эҷоди назму наср иштирок намуда, ғолибиятро ба даст овард. Ӯ бо тахаллуси Интизор шеър менависад. Нахустин маъмӯаи шеърҳояш соли 2020 таҳти унвони “Ҳадиси шукуфтанҳо” ба дасти ҳаводорони шеър расидааст.
Дар баробари роҳбари муассисаи таълимӣ будану ба эҷодкорӣ машғул шуданаш роҳбари ташкитоти ҷамъиятии маъюбон бо номи “Интизор” дар шаҳри Бохтар мебошад. Рӯзномаи “Хатлон” мусоҳибае дошт бо шоира Интизор, ки фишурда онро пешниҳод менамоем.
-Муаллимаи гиромӣ, Шуморо барои ба даст овардани ғолибият дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик мегӯям.
-Раҳмат. Саломат бошед.
- Бардошти Шумо аз баргузории озмун дар ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?
- Воқеан, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як сабқати бузурге буд, байни эҷодкорони кишвар. Маҳз ба воситаи баргузор кардани ин озмун мо тавонистем, чеҳраҳое ки паси парда буданд ва соҳибистеъдодҳоро шиносему муаррифӣ кунем. Ман ҳамчун иштирокчии озмун як ҷаҳон таассуроти нек бардоштам.
Вақте ба Китобхонаи миллии Тоҷикиситон дохил мешавӣ, он чеҳраҳоро мебинӣ, он талошу рақобат ва баҳсу мунозираҳо, заҳмати иштирокдоронро мебинӣ, шахс ба зиндагӣ дилгарму мафтун мегардад. Баъди баргузории озмун мефаҳмӣ, ки чӣ қадар мардуми тоҷик китобдӯсту китобхон буд, ҳаст ва мемонад.
Ишқи мардум нисбат ба китоб ва омӯхтан чӣ қадар зиёд аст, як ҳиссиёте фаро мегирад, ки гуфтанаш душвор аст. Ба хулосае омадам, ки мо-тоҷикон метавонем, ки бо он илму дониш, фарҳангу тамаддуни худ, адабиёт ва санъате дорем, миллатро боз ҳам пояндаву устувор нигоҳ дорем.
- Аз кай Шумо ба шеърнависӣ оғоз кардед?
- Дар ҳақиқат, шеър ин зиндагист. Эҷод кардани шеърро аз давраи хонандаи мактаб буданам ва дар даврони донишҷӯйӣ ҳангоми дар маҳфили адабии шоир Хайрандеш иштирок намуданам оғоз карда будам. Чигунае ки мегӯянд, на ҳама назм шеър шуда метавонад.
Дар тӯли солҳо, то давраи шиносоӣ бо устодон шеърҳои шогирдонаи худро ҷамъоварӣ намудем, ба устодон нишон дода, бо маслиҳату машварати онҳо то ба ин ҷодаҳо расидем.
- Интизор аз чӣ илҳом мегирад?
- Аз рангу ҷилои зиндагӣ, аз табиати зебои диёр, аз ободиву пешрафти Ватан, аз кору пайкори фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу дӯстӣ, тинҷиву оромӣ илҳом мегирем. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки пешрафту тараққиёт, зиндагии шоистаи мардум, сулҳу дӯстиро дар шеърҳои худ тараннум намоем.
-Соли дуюм аст, ки дар ин озмун иштирок мекунед, чӣ фарқият буд дар ин ду сол?
- Ҳарчанд дар соли якум сазовори ҷой нагардидам, аммо як сухан ва баҳои устод Камол Насрулло бароям кофӣ буд, ки болои худ ва шеърҳоям кор кунаму дар соли дуюм ғолиб гардам. Вақте дар бахши назм рақобатро мебинӣ, шоҳиди он мешавӣ, ки мо чӣ қадар эҷодкорону шоирони нав дорем. Ҳамаи инро дида бовар мекунӣ, ки адабиёти минбаъдаи тоҷик замина барои рушду нумуъ дорад. Яъне адабиёт давомдиҳандагони худро аллакай дорад.
-Аввалин шунаванда ё хонандаи шеърҳои Интизор кист?
-Аввалин шунавандаи шеърҳои ман писарам аст.
-Шумо гуфтед, ки дар баробари эҷодкор будан, модар, омӯзгору роҳбар ҳастед. Оё Интизори байни онҳо фарқ дорад?
- Ман фикр мекунам, ки шоир будану шеър навиштан касб нест. Ин як шавқу ҳавас аст.
Шояд истеъдод ҳам бошад. Аммо, роҳбар будан ин тамоман дигар аст, он масъулияту талаботи дигарро талаб мекунад. Роҳбари муассисаи таълимӣ будан барои ман шараф аст. Албатта, модар будан барои ман шараф, номус, ҳам масъулият асту касби дӯстдошта. Шоира будан барои ман душвор аст. Дар дилхоҳ ҳолат илҳом метавонад меҳмони ту шавад.
Илҳом интизор намешавад, ки ту кай либоси шоирагӣ мепӯшиву шеър эҷод мекунӣ. Илҳом метавонад, ҳам дар вақти роҳбарӣ, ҳам дар вақти модарӣ ва ҳам дар вақти омӯзгорӣ ояд.
-Чаро Интизор?
-Вақте ки ба худ тахаллуси Интизорро интихоб кардам, ба ман саволҳои бисёр медоданд, ки чаро Интизор? Киро интизорӣ? Роҳи киро интизорӣ? Ва монанди инҳо. Интизории ман як сабаб дошт. Ман як фарзанди маъюби 18- сола дорам. Танҳо як чизро интизорӣ мекашам, ки ӯ шифо ёбад. Ана ҳамин сабаб шуд, ки ман ба худ тахаллуси Интизорро интихоб намоям.
-Дар соли 2023 чӣ нақшаҳо доред?
-Нақшаву ниятҳо бисёранд. Ният дорам, ки эҷодиёти худро, ки дар доираи ин озмун пешниҳод намуда будам, гирд оварда, дар шакли маҷмӯае нашр кунам.
-Комёбиҳо таманно дорам. Ташаккур барои суҳбат.
Суҳбаторо
Толиб Толибзода, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00