Пойдории оила ба кӣ вобаста аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 875
Масъалаи пошхӯрии оилаҳо дар ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи падару модарон, кумитаҳои маҳалла, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти суд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ боқӣ мемонад.
Мушкилоти барҳам задани муносибатҳои оилавии зану шавҳар на танҳо бахтбаргаштагии онҳо, балки аз меҳри модару падар маҳрум шудани кӯдакон, тарбияи онҳо дар оилаи носолим, аз тақдири фарзандони оилаашон вайроншуда дар хиҷолату ғам мондани падару модарони ҳар ду ҷониб, қаҳрӣ шудани хешовандони қудошуда ва оқибатҳои дигари нохушояндро ба бор меоварад. Шояд масъалаи муросо карда тавонистани ду ҷавон, ки бо муҳити тарбия, сатҳи иқтисодӣ, аз ҳама муҳимаш, муносибат байни аҳли оила тафовут доранд, кори саҳл набошад. Дар урфият мегӯянд, ки фарзанд шудани арӯс ё домодро ба оилаҳои нав вақт нишон медиҳад.
Дар суҳбат бо мудири шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар Ҳуронбӣ Мирсайзода маълум шуд, ки яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо ин ҳамдигарнофаҳмӣ, мувофиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар мебошад.
-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин омил 75 фоизи бекор гардидани сабти никоҳи шаҳрвандиро ташкил медиҳад,-қайд кард ӯ. - Ташвишовар аст, ки 8 фоизи оилаҳои ҷудошуда баъд аз зиндагии чандсолаи якҷоя, новобаста ба будани кӯдакон ба чунин қарор омадаанд. Дар натиҷа, фарзандони ноболиғ дар тарбияи модарон мондаанд.
Омилҳои пошхӯрии оилаҳо гуногунанд, аммо дахолати волидон, пинҳонӣ оиладор шудани мард, бефарзандӣ, хиёнат ба ҳамдигар, муҳоҷирати мард ё зан ба кишварҳои дигар, никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди кӯдакони маъюб дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ мушоҳида мешаванд.
Корманди шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Абдусаттор Ҳакимзода сабабҳои пошхӯрии оилаҳоро дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, надонистани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. Ба андешаи ӯ, мушкилоти дигаре, ки ба пойдории оилаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст, ин гирифтани шаҳрвандии кишварҳои дигар ва бекор кардани ақди никоҳ тибқи қарори суд мебошад. Ин масъала низ ба дарк накардани масъулият барои оила, ҳуқуқҳои худ вобаста аст. Мутаассифона, сатҳи бекор гардидани ақди никоҳи зану шавҳар дар Кӯлобу Ёвон ва Кӯшониён зиёд мебошад. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, суҳбат бо навхонадорон, машваратҳои ҳуқуқӣ доир ба вазифаву ҳуқуқҳои зану шавҳар, масъулияти онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон роҳандозӣ шуда бошанд ҳам, боз ҳам дар ин самт корҳоро ҷоннок кардан лозим меояд.
Мусаллам аст, ки сабти ақди никоҳ дар чаҳорчӯбаи қонун ва ҳуқуқи ташкили оила сурат мегирад. Ба ҷо овардани оини исломии хутбаи никоҳ танҳо баъд аз қонунӣ ба қайд гирифтани он иҷозат дода мешавад. Дини мубини ислом ба масъалаи талоқ, яъне ҷудо шудани зану шавҳар муқарроти худро дорад. Пайғамбарамон Муҳаммад (с) фармудаанд: “Хубии шумо бо аҳли оилаи худ рафтори хуб кардан аст”. Китоби донишманд Ҳоҷӣ Муродҷон Собитзода “Маслиҳатҳо ба арӯсу домод». Одобнома афкори уламои динро доир ба оиладорӣ, тавсия ва панд ба ҷавонон барои хушбахтии оилавиро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, чунин муроҷиати судманд ба навхонадорон имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст: «Ҷигарбандҳои хушсаодати ман! Ҳардуи шумо, ки аз имрӯз сар карда, аз таҳти дил иморати оилаи томро барпо мекунед, пойдевори онро бо бунёди муҳаббат мустаҳкам намоед.
Деворҳои онро бо хиштҳои садоқату вафо суфта созед. Бо хулқу атвори зебо ва бо санъати ҳусну муоширати худ иморати рӯзгоратонро зебу зиннат диҳед. Бо ин шумо дар оғӯши ҳаёти бобаракат ва осоишта гул-гул шукуфта, бофароғат умр ба сар мебаред. Бахт ёратон бошад, азизонам».
Дар ҳақиқат, дар ин раҳнамоӣ масъалаи одоб, муносибат асосист, чунки инсон ба воситаи муоширати хуб, гузашт кардан ба хотири ҳифзи оила, садоқату меҳрубонӣ метавонад бахти худро ёбад.
Ходимони дин дар маҳаллаҳо барои ҳалли муноқишаҳои оилавӣ, оштӣ додани ҳамсарон саҳм мегузоранд, чунки мардум ба сухану маслиҳати онҳо гӯш медиҳанд.
Ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки наздикони ду ҷониб ба ҷойи мусоидат кардан ба оштии зану шавҳар баҳсу муноқишаро тезонда, сабаби пошхӯрии оила мегарданд. Масъалаи муносибати хушдоману келин, занони ҳевар, хоҳарарӯсон, вазъияти орому иттифоқи оиларо вайрон карда, ба рафтори ҷавонон таъсири бад мерасонад. Муҳити равонии номувофиқ бовариву эҳтиромро аз байн мебарад.
Мазмунан, қонунгузории Тоҷикистон низ ҳифзи иҷтимоии зан ва кӯдакони ӯро баъд аз пошхӯрии оила, пардохти нафақа, маскун шудан дар манзили шавҳарро ба эътибор гирифтааст. Дар мавриди сабабҳои ҷудошавии оилаҳо бо собиқадори меҳнат, зани соҳибтаҷрибаву шинохтаи Бохтар Зебонисо Сатторова суҳбат доштем.
Муаллима як ҳикояи пандомӯзеро мисол оварданд: “Ду зан хостанд, ки аз ҷабри хушдоману шавҳар халос шаванд. Ҳарду ба назди фолбине рафтанд, то илоҷи корро ёбанд. Фолбин ба ҳар ду таштоб дода, маслиҳат додааст, ки ба ғайр аз ин, муносибаташонро ба хушдоман ва шавҳар тағйир диҳанд, то ки онҳо аз нияти аслӣ огоҳ нашаванд. Пас аз муддате муносибати хушдоману келин ва зану шавҳар чунон хуб шудааст, ки ҳарду дугонаҳо аз кори кардаашон пушаймон шудаанд. Боз ба назди фолбин рафта, бекор кардани таъсири таштобро илтиҷо кардаанд. Вай дар ҷавоб гуфтааст, ки таштоб алафи табобатие буд ва худи шумо бо дигар кардани муносибатҳоятон ба ҳамдигарфаҳмӣ расидаед”.
Дар воқеъ аз ҳар як инсон вобаста аст, ки бунёди оилаи худро чӣ гуна сомон медиҳад. Оила бояд муқаддас бошад. Омӯхтани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ беҳбудӣ мехоҳад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани фанни “Маърифати оиладорӣ” кори хуб аст, аммо онро кӣ таълим медиҳад ва манфиати он чӣ гуна аст, масъалаи дигар аст. Ибрати шахсии омӯзгор ҳам бояд муҳим бошад, ки худ соҳиби оилаи солим ва аз таҷрибааш ба шогирдон чизе гуфта тавонад.
Мавзуи пошхӯрии оилаҳо доманадор аст. Омилҳои он низ вобаста ба ахлоқи ҷомеа тағйир меёбанд. Умумият дар он аст, ки хонавайронӣ ё ҷудо шудани зану шавҳар мушкилотест, ки барои коҳиш додани он одамони бисёр кӯшиш мекунанд. Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи оила, “Беҳтарин оила”, суҳбатҳои “Хона ба хона”, вохӯриҳо бо оилаҳои намунавӣ, ташкили озмунҳо барои омодагӣ ба ҳаёти оилавӣ, машваратҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ба он нигаронида шудаанд, ки оилаҳо хушбахт ва пойдор монанд. Ҳалли ин масъала бетараф набудани ҳар як аъзои оиларо тақозо мекунад. Намоиши ғурури шахсӣ, боло донистани мавқеи худ наметавонад муносибати дигаронро дилсӯзонаву боэҳтиром намояд. Зарбулмасали халқии “Қарсак аз ду даст садо медиҳад” ба ҳамин маънист. Оиладор шудан, умед бастан ба хушбахтӣ, тавлиди фарзандон ва дар муҳити ҳамдигарфаҳмию меҳру муҳаббат идома додани зиндагӣ мазмуни ҳаёти ҳар як одам аст. Барои ин чӣ бояд кард?
Пас, биёед, андеша кунем ва роҳи ҳалли мушкилотро дарёбем.
Дилором МАҲКАМОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00