Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар ҳақиқат, бо дастгирии Сарвари мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат бештар ҷалб гардида, саҳми занон дар рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, пешрафти иқтисодиёт ва арсаи кишоварзии давлат торафт афзуда истодааст.
Ба хотири ҷалби бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва умури идоракунӣ бо пешниҳоди Пешвои миллат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул карда мешавад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон низ ба масъалаи дастгирии занону бонувони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, шумораи занон дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон наздик ба 35 фоиз расид. Шумораи бонувони вакил дар маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ба 343 нафар (36,4%) ва маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба 1037 нафар баробар шуд.
Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргари вилояти Хатлон 9 ҳазору 833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки нисбати як соли пеш 2 ҳазору 617 нафар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 2 нафар занон ба ҳайси раисони шаҳру ноҳияҳо, 24 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва 87 нафар занон ба ҳайси мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳ, сардорон, муовинони сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 нафар занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 49 нафар занон муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 24 нафар занон дар вазифаи котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият доранд.
Дар вилояти Хатлон аз 387 нафар олимони дорои дараҷаҳои илмӣ 78 нафарашон занонанд, аз ҷумла 3 нафар доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд.
Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 17541 нафаранд, ки аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо семинару мизҳои мудаввар доир карда шуда, аз соли 2011-ум инҷониб 241 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 6 миллиону 370 ҳазор сомонӣ сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хурду миёнаро ба роҳ монданд.
Инчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020" дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ба 21 нафар занон пешбинӣ гардида, ҳамасола ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, 21 грант таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2016 ва 2020 ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба 105 нафар занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷумла бо пешниҳоди лоиҳаи "Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ","Либосҳои миллии тоҷикии атлас ва попурӣ дар муди ҳозира", "Таъсиси сехи адрасбофӣ", "Курси омӯзиши дӯзандагӣ", "Таъсиси сехи дӯзандагӣ", "Гулдонбофӣ", “Рушди ҳунарҳои кадбонугӣ" ва "Моҳипарварӣ", «Рушди соҳаи чорводорӣ» ва «Парандапарварӣ», “Ташкили гармхонаҳо” ва ғайраҳо дастрас гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1902 нафар бо ҷойи кор ва 2576 нафар ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ дар самтҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Дар вилояти Хатлон соҳибкорзанони муваффақ, ба монанди Мавлуда Сафарова, Басгул Валиева, Шарора Ҳакимова, аз шаҳри Кӯлоб, Ҳусния Шоинова, аз шаҳри Бохтар, Гулбарг Боқиева, аз ноҳияи Муъминобод, Тозагул Самадова, аз ноҳияи Кӯшониён, Инобат Раҷабова, аз ноҳияи Вахш, Саодат Сайдалиева, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Қундузой Усмонова, аз ноҳияи Панҷ, Шаҳло Бурҳонова, аз ноҳияи Шаҳритус, Муқаддас Султонова, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки даҳҳо ҷойҳои корӣ ташкил намуда, дар пешрафту ободии диёрамон саҳми муносиб мегузоранд.
Ҷиҳати аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ дар соли 2020 ба шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят 17938 нафар занону духтарон муроҷиат намуда, 12379 нафар ба ҷойи кор таъмин ва 859 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шуданд, инчунин 4819 нафар ба касбомӯзӣ фиристода шуданд. Тавассути квота 1316 нафар бо кор таъмин гардидаанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ ба хотири фаровонии дастархони хеш, оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби бонувони фаъол миёни аҳолӣ корбарӣ сурат гирифтааст.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, бонувони Хатлонзамин минбаъд низ бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат дар корҳои ободонию созандагӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодии мамлакат, таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта, дар амалисозии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки аз Паёмашон бармеояд, фаъолона иштирок хоҳанд кард.
Раъно Раҳимзода,
сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.