Ман умри худро ба матбуот бахшидам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 506
Интихоби касби рӯзноманигорӣ барои ман тасодуфӣ набуд. Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ ба рӯзномаҳои даврӣ ва ду нашрия барои мактаббачагон-рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” хабару мақолаҳо менавиштам. Кормандони ин нашрияҳо мактуб навишта, оид ба хубу хонданбоб омода намудани маводҳо маслиҳатҳои муфид медоданд. Таваҷҷуҳ ва дастгирии онҳо маро рӯҳбаланду қалбамро ба рӯзноманигорӣ гарм мекард.
Ҳамин тавр, ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯши матбуоти тоҷик ворид шудам. Дар рӯзномаи “Ҳақиқати Колхозобод”-и собиқ ноҳияи Колхозобод (ҳозира “Навиди Балх”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба фаъолияти эҷодӣ сар кардам. Бахтам хандид. Аҳли қалами рӯзнома инсонҳои хоксору донандаи касби худ буданд. Таҷрибаи рӯзгор ва малакаи касбии онҳоро меомӯхтам.
Бо ман як саргузашти аҷибе рӯй дод ва онро то ба ҳол ба касе ва дар ҷое нақл накардаам. Дар як кабинет се нафар - ман, Эшмуҳаммад Донахонов (нависандаи муваффақи ӯзбектабори Тоҷикистон ва Абдусаттор Аҳмадалиев, рӯзноманигори сермаҳсуси шуъбаи ӯзбекӣ (рӯҳашон шод бод!) менишастем. Онҳо аз муҳаррир супориш гирифта, аз пайи иҷрои он рафтанд. Дар кабинет танҳо мондам. Мизи ман дар кунҷи кабинет, паси дар, ҷойгир буд. Агар кас то вориди кабинет нашавад, маро намедид.
Соати корӣ ба охир расид. Дар идора ман ва ҷонишини муҳаррир устод Абдуалим Муродов (равонашон шод бошад) монда будем. Интизор будам, ки устод кай корҳояшро ба сомон мерасонаду ман ҳам ҳамроҳаш меравам. Соатҳои 19 устод дари кабинети моро кушода, сар халонд. Ба гумонам, маро надида, дарро пӯшид. Корамро идома додам. Шаб расиду торикӣ фаромад. Дарро кушоданӣ шудам, он аз берун қуфл задагӣ. Дарк кардам, дар идора ба ҷуз ман каси дигар нест.
Дар ноомадии кор дар кабинети мо ҳатто дастгоҳи телефон ҳам набуд. Чанд маротиба дарро бо мушт кӯфтам, касе ба додам нарасид. Одами навкор будам, намедонистам чӣ кор кунам. Таваккал ба Худо гуфта, то субҳ дар кабинет мондам. Пагоҳии барвақт фаррош омада, дари идора ва кабинетҳоро кушод. Ӯ низ дари кабинети моро кушода, маро надид, ки корро аз кабинети муҳаррир оғоз кард. Аз ин истифода намуда, ноаён аз идора баромада, ба хона омадам. Дар хона баҳона пеш овардам, ки дар идора навбатдор будам...
Муҳаррири онвақтаи рӯзнома Набиҷон Бегматов буданд. Он кас як хислати содагӣ доштанд. Ҳар гоҳе, ки котиби аввали райком Сироҷиддин Исоев занг зада, ӯро наздаш даъват мекард, муҳаррир гӯшаки телефонро ба сари худ зада: “Шуд акнун, шуд акнун, тамом, тамом, ягон гап шудагӣ, беҳуда котиб маро ҷеғ намезанад, чӣ кор кунам-а?”-гӯён ҷойи нишастан намеёфтанд, ин тараф он тараф рафта, пайи ҳам сигор мечокиданд. Пеш аз рафтан кормандонро таъкид мекарданд, ки касе ба ҷое наравад. Устод Бегматов баъди суҳбат бо Исоев хушҳол ба идора омада, гӯё ҳеҷ гап нашудааст, ба ҳазлу шӯхӣ мегузаштанд. -Набиҷон, тинҷӣ будааст, котиби якум ҷеғ задат?,-мепурсид устод Муродов. -Ҳеҷ гап не, сардорро ҷеғ мезанандда!-ҳолату ташвиши чанде пештар доштааш фаромӯш карда, посух медод Бегматов.
...Бегматов бо ҳукми тақдир ба шаҳри Душанбе кӯчиду ба ҷояш Амиршо Мунавваров муҳаррир таъйин шуд. Устоди сухан Амиршо Мунавваров дар такмили касбаш нақши калонро бозид. Маро ба кӯтоҳнависӣ, яъне соданависӣ ҳидоят мекард. “Ҷумлаи мураккаб хонандаро дилгир мекунад, ӯ дар хондани он “роҳгум” мезанаду чизе намефаҳмад. Аз ин рӯ, ҷумлаҳоят бояд кӯтоҳу сода бошанд, дар онҳо бештар мақолу зарбулмасали мардумӣ истифода намо.
Зеро мақолу зарбулмасал шираи мавод асту он “бомаза”-ю хонданбоб мешавад ва хонанда аз мутолиаашон лаззат мебарад”,-мегуфт устод. Ҳамин тавр ҳам мекардам ва бо гузашти вақт қалам каминаро ба мақсад расонд. Акнун дӯстону рафиқон, онҳое, ки маро мешинохтанд, инчунин кормандони райком (комитети ҳизби коммунист) ва қаҳрамононам “муаллим”,-гӯён ба камина муроҷиат мекарданд ва ному насабамро аҳён-аҳён ба забон мегирифтанд.
...Дар вилояти навташкили Қӯрғонтеппа (Хатлони ҳозира) рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» («Хатлон»), таъсис ёфт. Ману ҳамкорам Бӯрибой Парпоқов ба рӯзномаи “Хатлон” ба кор даъват шудем. Дар шуъбаи “Сохтмони советӣ” ҳамроҳи собиқадори матбуоти тоҷик Файзалӣ Чориев (рӯҳашон шод бод!) фаъолият мекардам.
Рӯзҳои нахустин кор дар рӯзнома бароям вазнин буд. Рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба мебаромад. Рӯзу шаб кор мекардем. Шабҳо бедорхобӣ мекашидем. Агар соате аз кор фориғ монем, зуд сар болои мизи корӣ монда, гӯё хоб мекардем. Ба чопи рӯзнома соатҳои 4-5-и шаб иҷозат дода, боз саҳарии барвақт аз матбаа ба идора мерафтем.
Баъди як соли корӣ ба гурӯҳи кормандони рӯзнома хона ҷудо намуданд. Ман низ дар ин рӯйхат будам. Акнун азоби бехонагӣ аз байн рафт...
Ба аёдати модари пирам, бо баҳонаи серкорӣ, кам мерафтам. Бечора модар сабру тоқат накарда, худ ба хабаргирии писар меомад. Як сатили пуропури зардолу (баҳорон), нони гарму халтаи ҷурғот, 5-6 ҳамели писта, ним коса зиёдтар мағзи писта савғо меовард. Вақти авҷи суҳбат, дар омади гап, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфт: “Ман намефаҳмам, туро ба дунё оварда, бо азоб калон кардам, хӯронидаму пӯшонидам, аммо имрӯз ба хабаргирии ман намеравӣ”. Газета (идораи рӯзнома дар назар аст) хонаи дуюми ман аст, мегӯӣ. Ин газета ба ту чӣ додааст-а?”
-Пеш аз ҳама, “Хатлон” мактаби ҳаёти ман аст ва одаму одамгарӣ, обрӯ, номи неку нони ҳалол, ҳақнависию ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ, дониши мукаммалу таҷрибаи рӯзноманигорӣ, дӯстону бародарона ҳамқалам, оилаи бузургу аҳлу тифоқи қаламкашон, ошноӣ бо шахсиятҳои номдору касбу кори гуногунро додааст. Аз интихоби ин касб ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам. Зеро тӯли солҳои корӣ тавассути рӯзномаи “Хатлон” гоҳе агроном будаму гоҳе пахтакору механизатор, гоҳе чорводору боғпарвар, ҳам омӯзгору табиб, санъаткору китобдор, варзишгару бинокор, ҳуқуқшиносу милиса ва ғайра. Аз ҳаёту рӯзгор ва касбу кори онҳо мақолаҳо навишта, аз шуғли онҳо ба хонанда қисса мекардам ва худ дар “дег”-и касбашон меҷӯшидам. Рӯйдодҳои навинро ба мардум мерасонам. Ин ҳама ҷавобест ба посухи шумо, модарҷон.
-Ин корҳоят хуб аст. Дар оянда низ ба мардум хизмату некӣ бикун. Агар аз уҳдаи он набароӣ, ақаллан бадӣ нарасон. Ба касбат хиёнат макун! Дуои ман ҳамин аст,-гӯён модар даст ба дуо бардошт...
Рӯзноманигорӣ сӯхтану сохтан аст. Ҳамқадами замон шуда, ба воситаи рӯзнома ба хонанда ғизои маънавӣ мерасонад. Бедорхобӣ мекашад, то барои хонанда боз сатре рӯйи коғази сафед оварад.
Ман умри худро ба матбуот бахшида, аз ин заррае пушаймон нестам. Рӯзноманигорӣ, дар назари аввал, касби саҳлу осон намояд ҳам, вале душвору пурмасъулият аст, пайваста омӯхтан, ҷустуҷӯ карданро металабад. Дар хобу бедорӣ, дар роҳу кӯча, дар сафару меҳмонӣ, сари дастархону хӯрокхӯрӣ эҷод мекунад, яъне қолаби матлаберо чун меъмор тарҳрезӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҳар куҷо меравам, бо қаламу коғаз меравам, то кӯлбори хешро аз навиштаҳои нав пур созам...
Рӯзномаи дӯстдоштаи ман “Хатлон” роҳи 90-соларо тай кард. Роҳаш гоҳе ҳамвор буду гоҳе пурпечутоб, ҳам барору ҳам нобарориҳо дошт, вале рисолати худ - хизмат кардан ба халқу ватанро содиқона ба ҷо овард, маҳбуби хонандагон гардид.
Ин боиси ифтихор аст!
С. АТТОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...