ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 624
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гузаронидани сиёсати хориҷии мамлакат фаъолияти тамоман тоза буд. Зеро дар замони Шӯравӣ сарварони ҷумҳурӣ бо ин масъала умуман кордор набуданд. Он замон ин масъулияти ҳукумати Иттифоқ ба ҳисоб мерафт. Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар ин самт низ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Аммо ин қадамҳо дар ҳолате гузошта мешуд, ки дар аввали замони истиқлолият вазъи ҷумҳурӣ, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ, хело душвор буд. Мавҷудияти худи ҷумҳурии тоза соҳибистиқлолро хатари нестшавӣ таҳдид мекард. Бо ҳамин сабабҳо тамоми фаъолияти давлатӣ барои муҳофизати соҳибистиқлолӣ ва ягонагии давлати ҷавони тоҷикон нигаронида шуда буд.
30 сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбари Иҷлосияи 48-уми СММ (ООН) баромад карда, аз хусуси вазъи ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан зарурияти гуфтушуниди байни тоҷикон сухан гуфта, дар ҳалли ин масъала, барои кумак ташкилотҳои байналхалқии ҷаҳонро даъват намуд. Маҳз чунин даъватҳои инсонпарварона буд, ки бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои хотима бахшидан ба ҷанги бемаънии байни тоҷикон кумак расонанд. Гуфтушунидҳои солҳои 1994-1996 байни тоҷикон, ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, на танҳо майли сулҳ доштани тарафҳоро нишон дод, балки дар ҳамин самт бештар устувор будани Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро исбот намуд. Яке аз далели ин гуфтаҳо 11 декабри соли 1996 сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хостдеҳи давлати Афғонистон, барои гуфтушуниди бевосита бо сарвари мухолифини тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамон лаҳза дар хоки Афғонистон низ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт.
Баъди имзои сулҳи байни тоҷикон (27-уми июни соли 1997) обурӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам зиёд гардид. Чӣ давлатҳои хориҷӣ ва чӣ ташкилотҳои байналхалқӣ ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон зиёда мароқ зоҳир намуданд. Маҳз чунин муваффақиятҳо ба Президенти Ҷумҳурии мо Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки 30 сентябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Асанблияи Генералии СММ раисӣ намояд. Ҳамон вақт ӯ диққати ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзмараи ҷаҳон, ба монанди мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо даъват намуд.
Дар солҳои душвори 90-уми асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо худро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ карда тавонист ва худ на танҳо аввалин мактаби душвори сиёсиро гузашт, балки худро, бо ноил гардидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчун давлати ҷавони соҳибтаҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод. Ин ҳама аз тарафи дигар обурӯ ва эътибори Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналхалқӣ зиёд мекард.
Соли 2009 бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 1310 – солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, пешвои мазҳаби аҳли суннат -Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам маълуму машҳур аст, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардид. 5-6-сентябри он сол дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи “Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” барпо гардид. Дар кори он беш аз 500 нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ аз 50 кишвари олам иштирок намуданд.
18-21 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми созмони конфронси исломӣ (СКИ) барпо гардид, ки дар кори он намояндагони 57 давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфӯз иштирок намуданд. Ҳузури чунин миқдор намояндагон аз давлатҳои исломӣ, худ гувоҳи дар ин мамлакатҳо эътибор доштани давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар рӯзҳои имзои сулҳи байни тоҷикон (27-уми июни соли 1997), аллакай 18-уми июли соли 1997 қариб 600 нафар намояндагони аҳзоби сиёсӣ, илму фарҳанг, фаъолони меҳнат ва ғайраҳо дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Мақсади асосии ин ҳаракат, аз ҷумла «Муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат» ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафт. Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон якдилона сарвари ин ҳаракат интихоб гардид.
Бо оғози асри ХХI дар ҷодаи ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани ҳамаи он дастовардҳое, ки дар боло таъкид гардид, аз ҷумлаи вазифаҳои асоситарин ба ҳисоб мерафтанд. Яке аз чорабиниҳое, ки баҳри мустаҳкам нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ андешида мешуд, ин дар Парламенти касбии мамлакат нигоҳ доштани ҳолат ё худ низоми бисёрандешаӣ, дар асоси иштироки намояндагони ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Чунин ҳолат аллакай дар Парламенти аввали касбӣ (соли 1999) ба вуҷуд омада буд. Дар он Парламент намояндагони се ҳизби сиёсӣ: ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон, ҳизби комунистии Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон шомил буданд.
Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсатӣ “Дарҳои боз” 2002 меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат чунинанд: Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқӣ яке аз созмонҳои бонуфӯзтарини дунё – созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.
То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегирад.
Ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасию изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Ташаббусҳои зерин дар маҷмӯъ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намудаанд:
соли байналмилалии оби тоза, соли 2003;
даҳсолаи амалиёти байналмилалии об барои ҳаёт солҳои 2005-2015;
соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013;
даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор 2018-2028.
Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро МАҷмаи Умумии СММ ҷонибдорӣ намуд. Ҳамзамон ин пешниҳоди Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт.
Бобоҷон Муҳаммадзода,
омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...