Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Алломаи Машриқзамин


Алломаи Машриқзамин



Абурайҳони Берунӣ ситораест дурахшон, ки нураш аз дуриҳои фалак дурахшон аст. Нобиғаи нобиғаҳо, ки заковаташ дар тӯли 1000 сол зиндаву ҷовид монд.

Берунӣ соли 973 дар шаҳри Кот, ки аз тобеони Хоразм буд, дар оилаи ба назар намоёне ба дунё омадааст. Дар Хоразм доираи илмие амал менамуд, ки чунин доираи илмии Хоразмиён Берунии ҷавонро, ки атои табиат буд, минбаъда мояи ифтихори башарият буданашро пай бурдаанд, ғамхорӣ зоҳир менамоянду ба камолот мерасонанд.

Пеш аз ҳама соҳиби истеъдоди фавқулода будани Абурайҳонро устоди ғамхораш Абунасри Мансур ибни Арроқ фаҳмида, кӯшиш менамояд, ки Беруниро аз кашфиётҳои илмии Юнони Қадиму донишмандони калдониёну паҳлавиён ҳаматарафа баҳраманд гардонад. Бинобар аз худ намудани асосҳои илми машриқзамин Берунӣ саъй менамояд, ки забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, ибрӣ ва паҳлавиро омӯзад.

Пас аз омӯхтани ин забонҳо, боигарии маънавии онҳоро аз худ намуда, ба донишманде табдил ёфт, ки доир ба илмҳои ситорашиносӣ, геодезия, таърих асарҳои мукаммале эҷод намуд. Худи Абурайҳони Берунӣ зодаи сарзамини Хоразм ва тарбиятгирандаи сулолаест, ки гузаштагони онро олим чунин баён мекунад: ба ворид шудани Сиёвуш писари Кайковус ва салтанати Кайхусрав ва хонадони ӯ дар Хоразм таърих гузоштанд.

Ва ин воқеа наваду ду сол пас аз сохтани Хоразм буд. Илова бар ин, олим борҳо ба Сосониёну Суғдиён мансуб будани Хоразмиёнро гӯшрас менамояд. А. Берунӣ тафриқаҳои байни миллатҳоро маҳкум менамояд. Ӯ қайд менамояд, ки ба инсонҳо сипосгузарониро на бо тариқи қудрат, сарват, ҳукумат, ҷасорат, балки ба воситаи муҳаббат талқингарӣ кард.

Берунӣ офарида шудани “Авесто”-ро яке аз муваффақиятҳои наҷиби инсоният мешуморад. Ӯ менависад: “Авесто”- ро дар Хазонаи Доро бинни Доро, подшоҳи Эрон, нусхае буд тиллокорӣ шуда, ки дар дувоздаҳ ҷилди гов навишта шуда буд. Олим на танҳо масъалаҳои илми ҳайат, ҳолатҳои сайёраҳо, ихтилофҳои тақвимҳои гуногун, вобастагии ҷирмҳои тақвимҳои гуногун, вобастагии ҷирмҳои кайҳонӣ мувофиқи таълимоти илми ҳайату табиатшиносӣ дуруст муайян мекунад, балки як қатор мулоҳизаҳоеро нисбат ба илмҳои фалсафа, забоншиносӣ, биология ифода менамояд, ки онҳо имрӯз моҳияти илмии худро гум накардаанд. Ақидаи ӯ дар бораи миллатҳо ва зиддиятҳо:

“Тағйироти қиёфаранги пӯсти бадан, ахлоқ, хулқу хуй на танҳо ба насаб вобаста аст, балки ба мавқеи зист, об, ҳаво ва ғайра зич алоқаманд мебошад”,- имрӯз хам намояндагони нажодпарастону кастаофаронро ба ташвиш намеандозад?! Ё худ ақидаи нисбат ба пайдоиши забонҳо изҳор кардаи ин донишманди закӣ ба пояи таълимоти динӣ, ки калому нутро офаридаву атои ваҳдатӣ вуҷуд мешумориданд, табар намезад?!

Дар ин бора ӯ менависад: “Сабаби забонҳои гуногун доштани одамон, ки онҳо дар давраи аввал ба гуруҳҳо тақсим шуда, аз ҳам ҷудо гардидаанд ва мувофиқи зарурат ба ҳар як гурӯҳи халқ лозим олмад, ки бо ин ё он калимае ба ҳамдигар муроҷиат намоянд. Бо мурури замон ин калимаву ибораҳо зиёд шуда, такрор гардида, ба хотири одамон нақш бастанд”. Умри инсон мувофиқи қазову қадар муайян карда мешавад. Вале барои Берунӣ дар ин масъала ҳукми қазову қадар вуҷуд надорад.

Вай дар бораи умри инсон, дарозию кӯтоҳии он ақидаи илмии худро дорад, ки он чунин ифода гардидааст: “Дарозии умрҳо гоҳ мешавад, ки ба як макони хос ихтисос меёбад ва дар мамлакати дигар ин тавр нахоҳад буд, монанди мардуми Фарғона ва Ямома, ки аҳли ин диёр аз ҳама ҷойи ҷаҳон умрашон дарозтар аст”.

Олими бузург пардаи торики ҷаҳолатро даронда, роҳи кашфи ҳақиқати қонунҳои табиатро васеъ мекушояд. Бояд қайд кард, ки Берунӣ на танҳо аҷоибот ва баъзе воқеаҳои таърихиро диққатҷалбкунанда ва мароқовар нақл менамояд, балки масъалаҳои душвори илмиро низ кӯшиш менамояд, ки фасеҳ ва муъҷаз баён кунад. Умуман, А. Берунӣ атои беҳамтои табиат буда, минбаъд мояи ифтихори башарият гардиданашро пай бурда, нисбаташ ғамхорӣ зоҳир менамоянду ба камолот мерасонанд.

Хайруллои Ғиёсзода, ноҳияи Дӯстӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода