Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳайфи умри одамӣ (Фоҷиа)


Ҳайфи умри одамӣ (Фоҷиа)




(Идома аз шумораи №38)

Барқасд, абрҳо акнун аз ҷониби шимол бармегаштанд. Хушку холӣ не, сардиву тарбодро пешандоз карда меоварданд. Зимистон дар остона. Ба замми ин бо пайроҳаҳои кӯҳӣ ягон маротиба он тараф нарафтааст. Гоҳҳо бозоракиҳо равуо мекарданд. Вале то рӯзи бозор хаёлаш, ки дер мешавад. Шаби дароз хобаш наомад. Саҳари барвақт дасту рӯ шусту намоз гузорид. Розияро аз мақсадаш огоҳ кард.

Розия бе он ки чизе гӯяд, Баҳорро гарм пӯшонд, буғча баста, алови бухориро хомӯш кард, як-дурӯза озуқа гирифту ишораи тайёрӣ намуд. Ҳаво боронандагӣ ҳам сахт сард буд. Аз дудмуриҳои хонаҳо дуд фағона мезад ва аз вазнинии ҳавои хунук дур нарафта, болои деҳа туманвор камин гирифта буданд. Се тан ба роҳ баромаданд. Баҳори аз олам бехабар ба хотири он ки ба меҳмонӣ мераванд, хурсандӣ мекард. -Он ҷо ҳамсоли ман духтарча ҳаст? -Мактабашон дур ё наздик? -Чаро то ин дам бо он ҷо нарафта будем? Чанд вақт меистем?- маҳтали ҷавоб нашуда, беист саволборон мекард падарашро. Ана, аз назди мағоза гузаштанд. Ба таги чашм он тараф нигоҳ кард Ҳошим.

Ҳарчанд дари он руст буд, ба назараш намуд, ки ҳоло ҳам ҳамон ҷой Қазоқ механдад. “Ёрдам мекунем,- ҳа!” -мегӯяд тарафи ҷӯраҳояш. Бехабар аз худ қадаммониаш тез шуд. Модару духтар қафо монданд. Агар дар назди мактаб ба хаёли хотираҳояш намеистод, кӣ медонад боз чӣ қадар фосила мешуд байнашон. Дар ин муддат чӣ қадар заҳматҳо кашид дар мактаб, аз рӯзҳои аввали омаданаш мактабиён дӯсташ доштанд. Шавқи ҳамаро бо ташкили байтбараку маҳфилҳои адабӣ, ба шеъру шеърдонӣ бедор карда буд.

Ҳатто муаллимон, ки кори мактабро як навъ рӯзкуркунӣ меҳисобиданд, акнун дар танаффусҳо дар маълимхона байтбарак мекарданд. Хонандагон фориғ аз мактаб, ҳангоми иҷрои “вазифаҳои хонаводагӣ”- саргинчиниву алафҷамъкунӣ, дар саҳро рӯзро бо шеърхониву байтбарак ва қофиясароӣ бегоҳ мекарданд. Ҳатто муаллимонро аз рӯи номҳошон қофия мебастанд. Муаллими мо, Ҳошим, Пупаки тоқиш аз бирешим. Ҳар кӣ дарси ӯ нахонад, Дар гӯшакош қурғошим. Боре хонд ин ҳазлро Ҳошим дар тахтаи кабинет.

Хандид. Ба худ болид, ки ҳарчи набошад, заҳматаш бор меорад, дар роҳи интихоби касбаш. Медиду мешунид сифати худро аз нигоҳу сипосгузории волидон. Дар мактабу деҳа дар оғоз мардум баъзе ибораҳои умуман дар забони гуфтугӯӣ нашунидаву дар китобҳои дарсӣ нохондаашонро аз забони ӯ шунида, ҳайраташон меафзуд.

“Ин муаллимбача аз кадом замон ба мо расида бошад?-мепурсиданд аз якдигар. - Сухане мегӯяд, ки гӯё аз олами дигар омада бошад, бобову аҷдодони мо онро истифода мекарданд ё не? Ба маънии баъзе гуфтаҳои Ҳошим мардуми деҳ дар маъракае, ки даъватӣ буд, сарфаҳм рафтанд.

-Таббохи беҳамтост, акаи Сайраҳмон,- сифат кард Ҳошим ошпази маъракаро. Бори дигар, вақте ки дар муаллимхона Ҳошим дар омада гап: “сафилои қафои бинои мактаб валангор шудааст, ҳашар намуда, аз нав бардорем хуб мешавад”, гуфт, ҳамкорон берун баромада, девори кайҳо ба замин яксоншударо дида, фаҳм карданд, ки гап дар бораи чӣ мерафтааст. Ҳамин гуна калимаву ибораҳои соф тоҷикӣ ва аз гуфтугӯ бозмондаро Ҳошим на аз барои худнамоӣ, балки бо роҳат ва бамавқеъ, ки истифода мекард, мардум дӯсташ доштанд.

Ҳатто, боре имомхатиби деҳ ӯро дар хилват вохӯрду пурсид: “Писарам. Мегӯянд, ки аз сарфу наҳву олами луғат бо хубӣ бохабарӣ, намдонӣ, ки ҳамин деҳаи моро барои чӣ чунин номида бошанд. Охир дар инҷо на кони алмос асту на заргаре? -Домуллои муҳтарам. Бамавқеъ дарёфтааед. Дар назари аввал ҳамин тавр маънӣ мебарояд,- бо тамкин ҷавоб дод Ҳошим. -“Алмостарош” дар луғат ба маънии “ҷавҳари суфта” омадааст.

Дар мавриди номмонӣ шояд ба он хотир бошад, ки мардуми деҳа аз гузашта то ба имрӯз ҳама покизасиришту софдиланд, дар ниҳодашон заррае кибру ғурур, кинаву адоват нест, ҳама назди Худованд суфтаву беолоиш аз гуноҳанд. Ин таъбир назди пири рӯҳонии деҳа ончунин мақбул афтод, ки кам монда буд аз чашмонаш ашк ҷорӣ шавад.

Ин гуфтугӯ байни мардуми деҳа ба зудӣ паҳн шуду мардум бо он ифтихор мекарданд. Дар байни фикрҳои сифати некаш воқеае ба ёдаш расиду худ ба худ хандид Ҳошим. Бо вуҷуди он ки сифати муаллими нав вирди забонҳо шуда буд, боз буданд нафароне, ки ҳасуду нотавонбинӣ мекарданд. Бисёр ҳам мехостанд ноҷо истифода кардани ибораеро ёбанду муттаҳамаш созанд.

Инро дар маҳфиле, ки давом ёфтанашро Ҳошим амри носавоб медонист, фаҳмид. “Акнун хезем ҳам мешавад, пур гап задем”, -гуфта хестанӣ шуд Ҳошим аз маҳфил. Ба гуфтан гуфту дар бало монд. -Муаллимҷон, як дақиқа,-гуфт ҳангоматалабона нафаре. - Аз кай боз гап задан пуру холӣ мешудааст. Ба донишу фаҳмише, ки моро додаанд, даҳон пур мешавад, аз таом, ҷувол ё хирман пур мешавад аз дон, чунки дар мавриди худ истифода мешаванд.

Вале пур нисбат ба сухан гуфтан нисбист ва ҳеҷ гоҳ маънии бисёрро намедиҳад. Ё фикрамон нодуруст-мӣ?! Ҳошим бе он ки ҳамсуҳбаташро шарм доронад, бо табассуми хоси худ, ки чеҳраашро зебандагии дигар мебахшид, ин байти Бедилро, ки дар он “пур” ба ҷойи “бисёр”, “аз ҳад зиёд” омадааст, хонд: Моро зи гарди ин дашт азмест рӯ ба дарё, Пур куҳна шуд таяммум акнун вузӯ ба дарё. -Ман ҳеҷ гоҳ даъвои забондонӣ накардаам.

Он чи ки мегӯям лаҳни соф, “соф”-ро ба таъкид гуфт, чунки ин калимаро низ аз мардуми ин маҳал нашунида буд, тоҷикисту дар забони гуфтугӯии маҳалли мо то ҳанӯз побарҷоянд,- бо мулоимати гуфт Ҳошим ва бо ҳамин ба алангаи оташи деги пуркинаи ҳангоматалабон об рехт... Ин шабу рӯз Ҳошим ҷиҳати гузаронидани Арчаи Солинавӣ, ҳарчанд ҳанӯз хеле барвақт буд, бо хонандагони синфаш омодагӣ медид.

“Ҳеҷ гап не, Розияву Баҳорро он ҷо мемонаму бармегардам, Иди солинавиро аз ҳарсола дида хубтару шавқовартар мегузаронем”,- худ ба худ гуфт ӯ. Розия, ки моҳи ҳамлаш буду боэҳтиёт қадам монда меомад, бо духтарчааш расида омаданду риштаи хаёли Ҳошим низ дар ҳамин ҷо канда шуд. Мактаб дар канори деҳа ҷойгир буд. Каме нишастанду боз ба роҳ баромаданд. Акнун Баҳор пешопеш мерафт. Ҳошиму ҳамсараш аз қафо.

Каҷмайдон, ин сейлонгоҳи баҳорию базми Наврӯзии деҳаро гузаштанд. Баҳор изҳори хастагӣ карду пуштораи падараш шуд. Боз чи қадар роҳ тай заданд, надонистанд. Хаставу лакот шуданд, гурусна ҳам монданд. Аз дур кашари тобистонаи гӯсфандонро диданд, илоҷе карда ба он ҷо расиданд. Дастархон кушода аз гӯшти қайлаву нони бо худ гирифтааш Розия ҳамсафаронро таом дод. Ҳаво каме мулоим шуда буд. “Рӯз ба қиём расидагист” , фикр кард Ҳошим. Нохост ба ёдаш расид, ки аз саҳар боз ба рӯи завҷааш бодиққат нанигаристааст.

Болои хастагӣ, дар чашмонаш маъюсӣ ва дар лабонаш табассуми навмедонаро хонд. Пешонаашро нами арақ зер карда буд. Якбора дилаш таҳ кашид. Охир акнун сеяки роҳро тай намудаанд. Мабодо шаб монанд дар ин кӯҳсор чӣ мекунанд?!-“Не!”- беихтиёр аз даҳонаш баромаду ким-кадом фикри ба сараш омадаро аз худ дур карда, сахт нидо кард Ҳошим. Модару духтар ҳайратзада ба ӯ нигаристанд.

-Рафтем,- ба он ки чизе гӯяд фотиҳа карду “Худоё тараҳҳум кун”,- гуфта аз ҷой хест. Розия буғчаро аз нав баст. -Акнун тезтар роҳ меравем,- фаҳмонд Ҳошим. Қувват, ки гирифта буданд, ҳадалимкон кӯшиш мекарданд тезтар роҳ раванд. Бориши нисфирӯзӣ қатъ гардида, акнун ба барф бадал мегашт. Ҳар қадар рӯйи заминро барф сафед мекард, ҳамон қадар осмони дили Ҳошимро сиёҳӣ зер мекард. “Ба ҳар ҳол ҳавои барфӣ гармтар аст аз шуриши шамолу бориши бошиддати борони сард”,-худро тасалло дод Ҳошим.

Боз ҳамон қадар роҳ рафтанд, дарахтони аз канори роҳ на чандон дуру тоқ-тоқаи дулонаҳо акнун дар пардаи барфпораҳо анбӯҳ метобиданд. Осмон ҳам либоси чакани худро ба намоиш намегузошт. На аз моҳи мунир дарак буду на аз ягон ситораи тақдир.

(Идома дорад)

Исматуллои Гули ОЛИМ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода