Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ба деҳот бо назари хайр бояд нигарист


Ба деҳот бо назари хайр бояд нигарист



Деҳоти имрӯзаи мо дар заминаи роҳандозии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат куллан тағйир меёбад, сатҳ ва дараҷаи зиндагии аҳолии он дигаргун гардида истодааст. Инро мо дар мисоли дилхоҳ деҳот ва минтақаҳои кишвари азизамон мушоҳида менамоем. Тадбирҳои роҳандозии Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ки тайи ду даҳсолаи охир амалӣ мегарданд, собит менамояд, ки бунёди як қатор инфрасохторҳои иҷтимоӣ дар деҳот, ба мисоли мактаб, бунгоҳи саломатӣ, марказҳои савдо, муассисаҳои фарҳангӣ, гулгашту боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои варзишӣ ва амсоли он дигар иншоотҳои маишӣ пайваста равнақ мегиранд, ки дар маҷмӯъ барои баҳамназдикшавии шаҳру деҳот мусоидат менамоянд.

Вале новобаста аз ин, эҳсос мегардад, ки деҳот ва аҳолии он ба сифати истеҳсолкунандагони маводи озуқа пайваста бо душворию мушкилот рӯ ба рӯ буда, дастгирии дастаҷамъии моддию маънавии аҳли ҷомеаро нигарон мебошанд. Деҳоте, ки дар он беҳтарин намунаи эҷоди халқӣ ва мероси фарҳангии аҷдодони мо маҳфуз буда, сокинони он аз ҷумлаи донандагон ва меросбарони эҷоди халқӣ ва даҳониаш мебошанд. Деҳоте, ки бо истодагарӣ ва «ақибмонии ҷанбаи модияш» тавонист намунаи мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумиро, новобаста аз гардишҳои сиёсии давру замон ҳифз намуда, то ба замони мо орад.

Деҳоте, ки сокинони он дар дил раҳму шафқат, меҳрубонӣ, ҳурмату иззати якдигар, меҳмоннавозӣ ва дар лаб табассуму ханда дошта, интизори меҳмонанд. Деҳоте, ки дорои дарвозаҳои оҳанин ва сагҳои баста набуда, ҳамеша дарҳояшон боз аст ва саҳаргоҳон назди ҳавлӣ ва хонаҳояшон тозаю озода мебошанд. Деҳоте, ки имрӯз моро дар рӯзҳои ид ба хотири рӯҳу арвоҳи гузаштагонамон ва аёдати падару модар, устодон ва хешу ақрабоямон ба диёраш мехонад. Деҳоте, ки сокинонаш аз ҳоли якдигар бохабаранд, бо ҳам дӯстӣ ва тифоқиро идома медиҳанд.

Насли ҷавонаш ба иззати ҳурмат ба калонсолон салом медиҳанд. Дар шодию хурсандии якдигар, маъракаю рӯзҳои мусибат ҳамқарини якдигаранд. Тариқи ҳашар ба якдигар то ба имрӯз мадад мерасонанд. Деҳоте, ки дороияшон саҳаргоҳон дар сари пода ба ҳама маълум аст. Ҳама моли якдигарро медонад ва ҳифз менамояд. Деҳоте, ки дорои ҳавои тоза, табиати зебо ва обҳои мусаффо мебошад. Деҳоте, ки имрӯз барои равнақи соҳаи туризм мусоидат менамояд. Деҳоте, ки метавонад сайри он дар дили шахс оромиш ва осоиш бахшад. Деҳоте, ки дар мавсими гармӣ барои шаҳрнишинон ва фарзандони онҳо ҷойи паноҳ ва истироҳат аст. Деҳоте, ки деҳқононаш ғалла кишт менамоянд ва анбори моро пур менамоянд.

Маҳсулоти истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва чорводории он ҳама «Деҳқонбозор»-ҳои шаҳрҳои моро ғанӣ мегардонад. Деҳоте, ки дар зарурат барои аксари аҳолӣ ҷойҳои корӣ ва воситаи рӯзгузаронӣ мегардад. Деҳоте, ки аксари роҳҳои он таъмирталабанд ва қисме аз хонадони он ба сифати намуна аз осори гузашта то ба имрӯз побарҷоянд. Деҳоте, ки дар лаҳзаи вопасин васият мекунем, моро дар қабристонаш дафн намоянд. Ба ин монанд метавон як қатор зарфиятҳои дигари деҳот ва деҳқононро мисол овард, ки вобастагии шаҳрнишинонро аз ин макон нишон медиҳанд.

Вобаста ба ин метавон хулоса бардошт, ки д а р в о қ е ъ мо ба деҳот пайвандем ва он макони нахустини мост, ки дар он растаем, вале бо гузашти айём аз он дур гаштаем. Вақти он расидааст, ки мо ба назари дигар ба ин макон нигарем. Пайгирӣ аз ташаббус ва хайрхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки пайваста барои ободии диёри азизамонро анҷом медиҳанд. Минбаъд мушкилоти деҳотро мушкилоти хеш донем ва аз ҳоли он бохабар бошем. Барои пешрафт ва ободонии он талош варзем. Дар давраҳои душвори кори саҳро дастгири деҳқон бошем.

Маҳсулоти мавриди истифодаи кори деҳқониро бо нархи дастрас ба ӯ пешкаш намоем, ки тавонад кори саҳроиашро тезтар ва хубтар анҷом диҳад. Аз роҳи амали хайр техника ва воситаи дигари ёрирасонро дар давраи кишт ва мавсими ҳосилғундорӣ барои мадади кори деҳқон сафарбар намоем. Лозим бошад, барои мадади кори деҳқон дар мавсими ҷамъоварии пахта ва дигар зироатҳо аз қувваи дастаҷамъии ҷавонон, хонандагон, дигар кормандон метавон истифода кард. Дар вақтҳои фориғ аз кори саҳро, лаҳзаи дамгирӣ ба деҳқон имкон бояд дод, ки ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва фароғат машғул бошад. Ба омӯзиши рӯзномаю маҷалла, гӯш кардани радио, тамошои телевизион, дигар расонаҳо имкон дошта бошад.

Бо истифода аз бахшҳои кори соҳаи кишоварзӣ ва идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳиявӣ – ҷамоатӣ, инчунин муассисаҳои фарҳангии ноҳиявию деҳотӣ дар байни сокинони деҳот омӯзиши мактаби таҷрибаи пешқадам ва дигар чорабиниҳои тарғиботӣ ва фароғатиро ба роҳ монд, ки метавонад барои баланд бардоштани маданияти коркарди замин, афзун намудани ҳосилнокӣ, азбар намудани маҳорат ва таҷрибаи бунёди боғҳои интенсивӣ, равнақи соҳаи чорводорӣ, парвариши парандапарварӣ ва дар маҷмӯъ барои ташаккули фарҳанги мардуми деҳот мусоидат намояд.

Дастаҳои ҳунарии муассисаҳои фарҳангӣ бо мақсади фароғати аҳолии деҳот намоишномаҳои хурди театрӣ ва консертӣ ташкил намуда, барои болида намудани рӯҳи деҳқонон пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин, дар маҷмӯъ, имконият фароҳам меоварад деҳот нақш ва мақоми шоистаро пайдо намояд. Рӯзгор ва зиндагии аҳли деҳот боло равад. Мушкилот ва проблемаи он кам гардад. Аз ҷониби дигар, аҳли деҳот имконият пайдо менамояд дар амалӣ гардонидани ҳадафи асосии стратегии таъмини амнияти озуқавории кишвар боз ҳам бештар саҳм гузорад.

Назарзода Пиралӣ Сафар,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода