Сарчашмаи зиндагии шоиста
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 920
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳқиқи масъалаҳои назариявии он барои мусбат амалӣ намудани он басо муҳим ва асосӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар асоси принсипҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ талош намуда истодааст.
Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол қабл, яъне соли 2000 Эъломияи ҳазорсоларо дар радифи 192 кишвари олам ба тасвиб расонид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ ва ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин Эъломия ворид гардид. Самтҳои фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар Эъломияи ҳазорсола инъикос ёфтаанд,бо афзалиятҳо ва ҳадафҳои миллии Тоҷикистон ҳамоҳанг мебошанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар барномаи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодӣ-Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2030 қаблул гардид, ки баҳри ба низом даровардани раванди рушди кишвар мусоидат менамояд. Стратегияи мазкур бо назардошти дурнамои дарозмуҳлат ва мутобиқ ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола таҳия гардидааст. Инчунин, айни замон стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавриди амал ва татбиқ қарор дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст, ки дар ояндаи наздик нишондиҳандаҳои муайянкунандаи амният ва бехатарии иқтисодии мамлакати азизамон - Тоҷикистонро беҳтар намуда, дар маҷмуъ ба ҳар фарди ҷомеа шароити зисту зиндагонии мувофиқ ва сазоворро фароҳам созад.
Баҳодур Имомализода,
омӯзгори факултети гумрук ва таҳлили
иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...