Хуросон. Бар асари сел се хона пурра хароб шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 733
Дирӯз, 20 июн, тахминан соати 14:30, дар натиҷаи боришоти боронҳои зиёд дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон, аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбоӣ, дараи Оқсу сел омада, ба иқтисодиёти ноҳия ва шаҳрвандон зарари моддию молиявӣ расонид.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят М. Муйдинов хабар дод, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, 3 хонаи истиқоматии шаҳрвандон Холов Қурбонмаҳмад, Амиров Фарҳод ва Амиров Пардаалӣ пурра бо ашёҳои рӯзгор хароб гашта, ба заминҳои наздиҳавлигии зиёда аз 30 шаҳрванд обу гил даромада, сел иншооти ёрирасонро вайрон намуд.
- Инчунин симтӯрҳо, хатҳои барқ, роҳи мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашӣ зарар дидаанд, - афзуд манбаъ. - Дар бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон иборат аз 20 нафар ва сохторҳои қудратии ноҳияи Хуросон иштирок намуданд.
Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, шумораи аниқи хонаҳои истиқоматии харобгашта ва маблағи зарарро муайян карда истодаанд.
«Хатлон»