Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Имкониятҳои муфид барои рушди соҳибкорӣ


Имкониятҳои муфид барои рушди соҳибкорӣ



Мардуми Узбекистону Тоҷикистонро риштаҳои азалии дӯстӣ ва бародарӣ доимо бо ҳам мепайванданд.

Дар давоми қарнҳо ин ду халқи бузурги бо ҳам қарину бародар дар роҳи зиндагӣ ҳамнафасу ҳаммаслак умр ба сар мебаранд. Дар шодиву сурур, дар ғаму андуҳ ба ҳамдигар дардошноанд. Онҳо бо ду забон ҳарф зананд ҳам, якдигарро мефаҳманд, ба маънӣ, як халқи бузурганд.

Бо ташаббусу иродаи сиёсии оқилона ва одилонаи сарони ду кишвар муносибатҳои мамолики ҳамсоя дар сатҳи нави ҳамкории судманд ва баробарҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Тайи чанд соли охир муносибатҳои дӯстонаи халқи узбеку тоҷик боло рафт. Бахусус, ривоҷёбии равобити бозаргонӣ-иқтисодӣ далели вусъатёбӣ ва тараққии ин ду кишвар аст. Ин гуна муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории азалӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Масалан, соҳибкори тоҷикистонӣ Суҳроб Рӯзиев фаъолияти тиҷории худро дар Узбекистон ба роҳ монд. Соли 2018 баробари оғоз намудани ҶДММ “Сомон-Турон” Ҳукумати Узбекистон барои дастгирӣ, рушди тиҷорати соҳибкор тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам овард.

Ҳоло ӯ дар асоси технологияҳои замонавии кишварҳои Чину Туркия аз ҷуворимакка хрезантема (хрустяшка) ва дигар намуди хӯрокаҳои лазиз истеҳсол мекунад. Корхонаи мазкур дорои қуввати истеҳсоли 80 ҳазор халтача чипс, 20 ҳазор халтача хрустияшка, 60 ҳазор халтача ҷувориро дорад. Имкониятҳое, кибарои дастгирӣ ва пешрафти фаъолияти кории соҳибкор аз тарафи ҳукумат дода шудааст, хеле бисёранд. Инчунин, мисли соҳибкор Суҳроб Рӯзиев чандин соҳибкорони дигари Тоҷикистони дӯст фаъолияти тиҷории худро дар Узбекистон пеш мебаранд.

Аксари соҳибкорони хориҷӣ бар ин ақидаанд, ки кишвари Узбекистон калиди имкониятҳо барои муваффақияти тиҷорӣ мебошад.

Ҷамшед Насриддинов,
вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон,
махсус барои “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода