Аз Тахти Сангин то осорхонаи Британияи Кабир
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 471
Мудири осорхонаи ноҳияи Қубодиён Гулнисо Саломзода дар такя ба осори бостоншиносон пайдоиши таърихии Тахти Сангинро ба асрҳои IV-и то мелод ва III-и мелодӣ рабт дод.
Ӯ илова кард, ки номи аслии ёдгорӣ Тахти Сангин нест. Бо ин ном дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихии бостоншиносон дарҷ нагардидааст. Ҳангоми гузаронидани кофтуковҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору сутунҳои он аз санг сохта шудааст ва бинобар ин, олимони соҳаи бостоншиносӣ онро Тахти Сангин номидаанд, азбаски ёдгории мазкур ба Тахти Ҷамшед (Персеполис), пойтахти давлати Ҳахоманишиён (Порсибостон) шабоҳат дошт, ба он пайравӣ карда, номгузорӣ намудаанд.
Нигоҳе ба та зкираҳо Ноҳияи Қубодиён таърихи хеле қадима дорад. Номи ин манзар гувоҳӣ медиҳад, ки сокинони инҷо аз аҷдоди асосгузори сулолаи “Каёниён”, шоҳи он Кайқубод мебошанд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Кайқубод - маънии лафзии он одил ва барҳақ аст». Дар дигар сарчашмаҳо низ чунин омадаанд, ки “Қубод” ба маънии маҳбуб ва “Кайқубод” ба маънии шахси маҳбуб, сарвари гиромӣ дарҷ гардидааст.
Дар солҳои 50-уми асри XX аз тарафи бостоншиноси машҳури шӯравӣ М.М.Дяконов доир ба Тахти Сангин маълумоти бениҳоят муҳим дарёфт шуд. Бино ба ҳисоботи ӯ, харобаҳои Қалъаи Утрат, ки дар харитаи ҷуғрофии асри XIX-и милодӣ дарҷ шудааст, ин ёдгории Тахти Сангин мебошад. Минбаъд низ бостоншиносон аз дарёфти калиди «Хазинаи Амударё» даст намекашиданд. Яке аз орзуҳои онҳо пайдо намудани шаҳраки давраи Ҳахоманишиё буд ва ин водор сохт, ки соли 1956 яке аз бостоншиносони машҳури шӯравӣ А.М.Манделштам ба Қубодиён ояд ва ин тавр ҳам шуд. Вай як чоҳи таҳқиқи шурф канд, вале ӯ ба 20 сантиметр хатогӣ роҳ дод ва аз нодиртарин кашфиёти замон бенасиб гардид.
Пас, дар солҳои минбаъд, яъне солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ бостоншиносони шӯравӣ, академик Б. А. Литвинский ва доктори илмҳои таърих И. Р. Пичикян дар кашфиёти ниҳонии Тахти Сангин нақши аз ҳама муҳимро бозиданд. Кашфиётҳои бостоншиносон ба бисёр муаммоҳои давлати Ҳахоманишиён ва аҳди Юнону Бохтар рӯшании хубе андохтаанд. Аввалҳои соли 1976-ум дар ковишҳои археологӣ ба бостоншиносон муяссар гардид, ки ба миқдори ашёҳо даст зада, онҳоро ҳайратангез кунад.
Дар ин сол, яъне соли 1976-ум 34 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён бостоншиносон ба ҷустуҷӯ ё ба ибораи дигар таҳқиқи ёдгории қадимаи «Окс» оғоз карданд. Тӯли солҳои 1976-1989 таҳти роҳбарии академик Б. А. Литвинский ва сардори отряди археологии Тахти Сангин, доктори илмҳои таърих И. Р. Пичикян экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ асосан ба анҷом расид. Кашфиёт чунин натиҷа дод, ки ёдгори ибодатгоҳи муҳташам кашф шуд, ки дар он зиёда аз 500 номгӯйи ашё дарёфт шуда, тибқи гуфтаҳои муҳаққиқон, ин бозёфтҳои таърихӣ ба асрҳои IV то милод ва III-и милодӣ рост меояд.
Ин ёдгорӣ дар осорхонаи Британияи Кабиршаҳри Лондон маҳфуз буда, ашёи ҷавоҳирӣ, гавҳаркӯб ва тиллоие мебошад, ки сайёҳон ва олимонро ба ҳайрат меоварад. «Хазинаи Амударё», як пораи таърихи фаромӯшгаштаи аҳди қадимаи тоҷикон буда, аз ҳазорсолаҳои дур ба мо паём овардааст»,- барҳақ менигорад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар навиштаҳо маълум гардид, ки ин ганҷина аз тарафи сокинон, кишоварзон ва ҳатто шояд моҳидорони Қубодиён соли 1877 пайдо гардидааст. Онҳо тасодуфан ин ёдгориро дар мавзее дарёфтанд, ки оби Панҷу Вахш ҳамроҳ мешаванд. Дар бисёр кашокашҳои тӯлонӣ, аз ҷумла хариду фурӯш ва доду ситадҳо дар асри XIX, муборизаи байни мусулмонону буддоиҳо бар зидди мустамликадорони англис, ин маснуот бо ном «Хазинаи Амударё» бо нархи хеле арзон ба дасти яке аз афсарони баландрутбаи англис А.Каннингем ва пас аз он ба ихтиёри ходими осорхонаи Англия А.У.Френкс ва баъдан ба директори роҳи оҳани Ҳиндустон А.Грант меафтад.
Ба ҳама ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, ин одамон донандагони осори антиқӣ буданд ва ба санъату таърихии он назари амиқ доштанд. Соли 1896 полковник А.Каннингем хазинаро ба осорхона васият мекунад.
Нигоҳубини ин хазинаи арзишмандро корманди осорхонаи Британияи Кабир А.У Френкс ба уҳда мегирад, ва пайи ҷустуҷӯйи боқимондаи ин хазина мегардад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки ҳамаи ашёи «Хазинаи Амударё»-ро ҷамъ карда, онҳоро таҳти рақами №53, ки унвони «Эрони бостон»-ро гирифт, ба маърази тамошо гузорад.
Наҳтулло Давлатов, ходими илмии осорхонаи оммавии таъриху кишваршиносии «Авесто» дар вилояти Хатлон, мегӯяд, бузургтарин ёдгории ҷаҳонии давраи Бохтар ин Тахти Сангин мебошад. Ин ёдгорӣ то ба замони мо ба харобазор табдил ёфтааст.
Ин ёдгории беназир аз он далолат медиҳад, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадима дорад. Қабули Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 бори дигар исботи он аст, ки ҷаҳониён ба ёдгориҳои нодири Тоҷикистон, хусусан, вилояти Хатлон таваҷҷуҳ доранд ва мехоҳанд барои аз наздик дидан ташриф оранд.
Рустам Акрамбоев,
донишҷӯи ДД Б ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...